Дидгоҳ

Оё ТВС муҷозот мешавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мақомоти Тоҷикистон бори дигар барои мардум аз тариқи садо ва симои расмӣ саҳнаҳои ҷинсӣ ба намоиш гузоштанд. Ин бор ҳам, мисли гузашта, як нафарро — ки иддао мекунанд ӯ “мулло” будааст – нишон доданд, ки машғули равобити ҷинсӣ бо занҳое аст, ки барои “дармон” пеши ӯ омада будаанд.

Чанд мулоҳиза ҳаст, ки лозим дидам дар ин мавзӯъ баён бидорам:

1) Шаҳрванде, ки созандагони ин филм иддао мекунанд ӯ “мулло” аст, қатъан на муллост ва на намояндаи ойини муқаддаси ислом. Ӯ ҳуққабозе беш нест, ки бо суистифода аз содалавҳӣ ва бесаводии мардум ва барои он, ки ҷайбаш пур шавад, машғули якчунин корҳои номаъқул аст. Аз чеҳра ва симо ва суханонаш комилан ҳувайдост, ки ӯ фарсахҳо аз дин дур аст.

2) Нуктаи дигар он, ки: чаро ва ба кадом сабаб дар 10-15 соли ахир якчунин падидае дар ҷомеаи Тоҷикистон ривоҷ пайдо карда? Яъне падидаи “дармони” бемор аз сӯи як мушт ҳуққабоз ва бадтар аз он, муроҷеати мардум ба онҳо?

Сабабаш, ба назари ман, хеле равшан аст. Дар 10-15 соли ахир, ба хотири сиёсатҳои нобихрадонаи ҳукумати Тоҷикистон, бахше аз афроди ҷомеаи мо ба муште хурофӣ, ҷоҳил, ҷинзада ва содалавҳ табдил гардидаанд, ки агар мушкиле домангирашон шавад, ба ҳуққабозҳо барои рафъи мушкили худ муроҷеа мекунанд. Дар ҳеч замоне, ҷомеаи мо то ба ин ҳадд, ки дар 10-15 соли ахир мебинем, хурофотзада ва ҷинзада ва содалавҳ набуда. Ва ин мусибат дар даврони ҳокимияти ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ва аз тарафи дигар, дар ин 10-15 сол, ҳукумати Тоҷикистон тайи як сиёсати ҳадафманд, ҷомеаро аз вуҷуди муллоҳо ва руҳониҳои босавод ва воқеан огоҳ ба ислом поксозӣ кард, яъне сиёсатеро пеш гирифт, ки муллоҳои босавод ё ба зиндон афканда шуданд ва ё ватанро тарк ва ба кишварҳои дигар кӯч карданд ва ё агар дар дохил монданд, лабу даҳони онҳо комилан баста шуд.

Натиҷаи қатъии ин сиёсати нобихрадона ин шуд, ки дар ҷомеа як инсони воқеан огоҳ ба ислом боқӣ намонд, ки ба мардум бифаҳмонад, ин корҳои шумо ва муроҷеати шумо ба муште ҳуққабоз, дуруст хилофи дастуроти исломӣ аст ва ойини ислом фолбинӣ ва ҷодугариро на танҳо манъ, ки куфр мешуморад.

3) Ҳадафи ҳукумат аз ин корҳо маълум аст, аз ҳамин филм низ комилан равшан мешавад. Ва он, рабт додани ҳар ҳодисаи инчунинӣ ба Ҳизби наҳзати исломӣ. Зоҳиран, дигар ҳеч чизе пеши Кумитаи давлатии амнияти ғайримиллӣ боқӣ намонда, ки барои бадном кардани ҲНИТ ва мухолифон, ба он мутвассил ва чанг бизанад, ҷуз кофтану ёфтани муште ҳуққабоз ва шорлотуну арозилу авбош ва тасвирбардорӣ аз саҳнаҳои ҷинсии онҳо ва сипас доду вой сар додан, ки айюҳан-нос! Ин аст “мулло”!

Ва ин, албатта маъно дорад, ва он ин ки: ҳукумат ҳанӯз ҲНИТ ва мулло (мулло яъне намояндаи ислом)-ро як мепиндорад. Бад-ин маъно, ки аз назари мақомот, агар як мулло дар ҷомеа бадном шавад, пас ҲНИТ бадном шуда. Ҳол, ин мулло ҳар кӣ бошад, чи мухолиф ва чи мувофиқ ва чи як бетараф, муҳим он, ки номи муллогӣ дошта бошад. Бинобар ин, агар ҷояш омад, ин ҳукумат ҳозир аст аз равобити ҷинсии муллое ҳам, ки ба мақомот вафодор ва сарсупурда аст, тасвирбардорӣ ва эълом кунад, ин аст “мулло”! Таҷрибаи ин ҳукумат ҳамроҳ бо ин Кумитаи давлатии амнияти ғайримиллиаш дар як даҳаи ахир, нишон медиҳад, ки инҳо барои расидан ба аҳдофи худ, ҳозиранд ба ҳар кори разлу пасте даст биёзанд. Ҳеч чиз аз инҳо баъид нест.

4) Дар мулоҳизаи чаҳорум, мехоҳам яке ду ҷумла хитоб ба Шӯрои уламо ва раисаш Сайидмукаррам Абдулқодирзода ва низ ба муллоҳое, ки ин охирҳо ба сухангӯи ҳукумат табдил шудаанд, арз кунам:

Азизон! Ин ки мавзеъи шумо ба лиҳози сиёсӣ нисбат ба ҲНИТ ва мухолифон чист, коре надорам, ин ихтиёри шумост. Ва ин ҳам, ки ҳомии пару поқурси Раҳмон ва ҳукуматаш ҳастед, ба ин низ коре надорам. Ин ҳам ихтиёри шумост. Аммо билохира мулло ва руҳонӣ, ки ҳастед! Агар заррае дар вуҷуди шумо ғайрати исломӣ боқӣ монда бошад, лоақал бо суханоне нарму мулойим ба ин мақомоти бехираду аблаҳ бигӯед, ки чаро рӯи ҳар найрангбозу ҳуққабозу авбош номи “мулло” мегузорад?!

Шумо, ки медонед, ин ҳуққабоз на “мулло” аст ва на пеши як мулло дарс хонда. Чаро мегузоред ин ҳукумат унвони “мулло”-ро пеши мардум бадном кунад?! Оё шумо дар ин миён масъулияте эҳсос намекунед?! Оё, вақте ҳукумат филме месозад бо ширкати як ҳуққабозу шорлотун ва он гоҳ унвони филмашро “Муллои фосиқ” мегузорад, шумо дар худ чизе эҳсос намекунед?! Ё дигар кор ба ҷое расида, ки дигар бароятон фарқе намекунад, фақат рӯзатон гузарад ва садрнишини маҷолис бошед?!

Бигузор ҳукумат ҳар касро ба номи худаш бихонад. Яъне агар касе зинокор аст, бигӯяд, зинокор. Агар касе фосиқу фоҷир аст, бигӯяд, фосиқ. Агар касе фолбину ҷодугару гармухунук аст, ба ҳамин номҳо бихонад. Аммо чаро рӯи ин авбош номи “мулло”-ро мечаспонад?!

5) Мулоҳизаи панҷум ва ахир: муддате пеш дар хабаргузории “Ховар” мақолае таҳти унвони “Интернет дар мизони қонун”, ки дар он, дидгоҳҳои Маъруф Шонасурдинов — корманди Кумитаи дин ва низ Масъудҷон Халиков — мутахассиси Маркази табъу нашри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарҷ шуда буданд, мунташир шуда буд. Ин мақола дар бораи паёмадҳои қонунии матлабҳое аст, ки аз сӯи афрод дар расонаҳо ва бахусус дар фазои маҷозӣ корида мешаванд. Дар бахше аз ин мақола, дар фасле таҳти унвони “Ҳаёти шахсӣ”, ин ду коршинос мегӯянд:

Баъзан дар интернет, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии он ба назар мерасад, ки дар бораи ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад, маълумот (дар шакли матн, аудио, видео ва аксҳо) паҳн карда мешавад, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар мерасонад. Амали мазкурро моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ) банду баст менамояд. Масоили порнографӣ низ дар робита ба интернет аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарот пешниҳод шудааст, ки онро моддаҳои 241, 241(1), 241(2) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд…”

Ҳол, суоли ман ба ТВС ин аст: Чӣ касе саҳнаҳои ҷинсии ин ҳуққабозу шорлотунро филмбардорӣ карда? Худатон, ё касе дигар филмбардорӣ намуда ва он гоҳ дар ихтиёри шумо қарор додааст?

Агар худи шумо ин саҳнаҳоро филмбардорӣ карда бошед, пас оё ин кори шумо, ба гуфтаи ин ду коршинос, хилофи моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ) нест? Оё шумо иҷоза доштед вориди ҳарими хусусӣ (ҳаёти шахсӣ)-и он фарди фолбину ҳуққабоз шавед?

Ва агар ин кор кори шумо набошад ва балки касе дигар (масалан Кумитаи давлатии амнияти миллӣ) ин филмро дар ихтиёри шумо гузошта бошад, оё шумо ҳозиред масъулияти пахши филмеро, ки хилофи моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ба ӯҳда бигиред? Ва ҳамчунин, оё ҳозиред барои рафъи иттиҳом аз худ, номи ҷиҳатеро, ки ба шумо дастур дода ин кори қабеҳ ва хилофи қонунро пахш намоед эълом кунед?

Ё ин ки амал ба қонунҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон фақат махсуси шаҳрвандони оддӣ буда ва ба мақомот, ва аз ҷумла шумо — кормандони ТВС, рабте надорад?

Агар чунин аст, пас дар ин кишвар муҷриёни қонун худашон ноқизи (вайронкунандаи) қонун будаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.