Дидгоҳ

Чӣ тавр аз шарри бешуъурҳо халос шавем?

Бешуъур касест, ки дигаронро пайваста таҳқир мекунад, ҳаққу ҳуқуқашонро нодида мегирад ва ба онҳо мегӯяд: “Шумо ҳеч чиз нестед!”. Ӯ коре мекунад, ки эҳсос кунед вуҷудатон ҳеч арзише надорад. Ҳатто болотар аз ин кор, лаззат ҳам мебарад. Хатари моҷаро онҷост, ки дар мувоҷеҳа бо ин одамҳо, худамон ҳам ба ҳамоқати онҳо мубтало шавем. Аммо чӣ гуна метавон бархӯрди бешуъурҳоро хунсо кард? Оё роҳе барои мубориза бо одамҳои бешуъур вуҷуд дорад? Руберт Сотун (Robert Sutton) — равоншиноси Донишгоҳи Эстенфурд (Stanford University), дар китоби ҷадидаш роҳкорҳое барои раҳоӣ аз шарри бешуъурҳо пешниҳод мекунад. Аз назари ӯ, мубориза бо бешуъурӣ маҳорате аст, ки омӯхтанаш афродро дар зиндагӣ ёрӣ хоҳад кард…

Ба қалами Шон Илинг (Sean Illing) дар нашрияи Vox

Ҷаҳон пур аз одамҳои бешуъур аст. Ҳарҷо зиндагӣ кунед, ҳар шуғле дошта бошед, эҳтимоли зиёд перомуни шуморо одамҳои бешуъур фаро гирифтаанд. Пурсиш ин аст, ки дар бораи ин масъала чӣ кор бояд кард?

Руберт Сотун (Robert Sutton), устоди равоншиносӣ дар Донишгоҳи Эстенфурд (Stanford University), қадам пеш гузоштааст, то ба ин пурсиши ҳамешагӣ посух диҳад. Ӯ як китоби ҷадид навиштааст бо унвони “Роҳнамои бақо дар баробари одамҳои бешуъур” (The Asshole Survival Guide), ки асосан ҳамон чизе аст, ки аз унвони он ба назар мерасад: роҳнамо барои бақо дар мувоҷеҳа бо одамҳои бешуъур дар зиндагии худатон.

Руберт Сотун (Robert Sutton), устоди равоншиносӣ дар Донишгоҳи Эстенфурд (Stanford University)

Дар соли 2010, Руберт Сотун китоби “Вуруди бешуъурҳо мамнӯъ” (The No Asshole Rule)-ро мунташир кард, ки бар рӯёрӯӣ бо одамҳои бешуъур дар сатҳи созмонӣ мутамаркиз буд. Дар китоби ҷадид, ӯ тарҳе барои рӯёрӯӣ бо одамҳои бешуъур дар сатҳи байни афрод ироа медиҳад. Агар шумо раиси бешуъур, дӯсти бешуъур, ё ҳамкори бешуъур доред, шояд ин китоб махсуси шумо бошад.

Сотун мегӯяд, бақо дар баробари одамҳои бешуъур маҳорат аст, на илм, яъне ҳар касе мумкин аст дар он хуб ё бад бошад. Китоби ӯ дар бораи пешрафт дар ин маҳорат аст.

Ман ахиран бо ӯ мулоқот кардам, то дар бораи роҳкорҳояш дар бархӯрд бо одамҳои бешуъур сӯҳбат кунам, манзури ӯ аз ин ҳарф чист, ки мо бояд дар қиболи одамҳои бешуъур дар зиндагии худамон масъулиятпазир бошем, ва чаро ӯ мегӯяд, ки худогоҳӣ калиди ташхиси ин ҳақиқат аст, ки шояд одами бешуъур дар зиндагии шумо худатон бошед.

Ӯ ба ман мегӯяд: “Шумо бояд худатонро бишносед, дар бораи худатон содиқ бошед, ва ба одамҳои перомуни худатон такя кунед, то ба шумо бигӯянд, ки чӣ мавқеъ одаме бешуъур ҳастед. Ва ҳангоме ки онҳо ба андозаи кофӣ меҳрубон ҳастанд, ки инро ба шумо бигӯянд, гӯш кунед.”

Гуфтугӯи комили мо, ки барои равшан шудани матлаб андаке вироиш шудааст, дар зер омадааст.

Шон Илинг: Чӣ гуна аст, ки устоде дар Донишгоҳи Эстенфурд ин ҳама аз вақти худро сарфи андешидан дар бораи одамҳои бешуъур мекунад?

Руберт Сотун: Хуб, ин мавзӯъ то ҳадде мубтанӣ бар навъе мантиқи фикрӣ аст. Ман дар бораи ибрози эҳсосот дар зиндагии созмонӣ таҳқиқоти зиёде анҷом додаам, аз ҷумла ин ки чӣ гуна бояд бо одамҳои бешуъур бархӯрд кард. Ман он мавқеъ аз ин вожа истифода намекардам, аммо ин асосан ҳамон коре буд, ки ман анҷом медодам. Ман ҳатто ба унвони масъули ҷамъоварии қабзи телефон андаке таҳқиқоти қавмшинохтӣ анҷом додам, ки дар ҳини ин кор тамоми тӯли рӯз бо одамҳои бешуъур сару кор доштам. Ҳамчунин бахше аз донишкадае будам, ки қонуни вуруди бешуъурҳо мамнӯъ дошт, ҷиддан мегӯям. Ва мо воқеан ин қонунро иҷро кардем.

Илинг: Бибахшед, чӣ? Сиёсати “вуруди бешуъурҳо мамнӯъ” дар донишкада чӣ гуна чизе аст?

Сотун: Мо ҳангоми тасмимгирӣ барои истихдоми афрод, ошкоро дар бораи ин мавзӯъ сӯҳбат мекардем. Донишгоҳи Эстенфурд маконест бо пархошгарӣ, бинобар ин ин мавзӯъ хеле ҷилави чашм набуд. Аммо агар касе мисли як одами нафаҳм рафтор мекард, мо ба оромӣ аз ӯ дурӣ мекардем ва зиндагиро барои ӯ сахт мекардем. Ақидаи мо он буд, ки дар сурати имкон аз истихдоми одамҳои бешуъур худдорӣ кунем, ва агар одами бешуъуре аз зери дастамон даррафт ва ба донишкада роҳ пайдо кард, ба таври ҷамъӣ бо ӯ бархӯрд кунем.

Илинг: Қабл аз он ки дар бораи “бақо дар баробари одамҳои бешуъур” сӯҳбат кунем, мо ба таърифи муносиб аз одами бешуъур ниёз дорем. Шумо метавонед ҳамчунин таърифе ироа кунед?

Сотун: Таърифҳои бисёре вуҷуд дорад, аммо ман онро чунин таъриф мекунам: одами бешуъур касест, ки боис мешавад эҳсос кунем таҳқир шудаем, нотавон ҳастем, мавриди беэҳтиромӣ қарор гирифтаем, ва ё саркӯб шудаем. Ба забони дигар, касе, ки боис мешавад эҳсос кунед вуҷудатон ҳеч арзише надорад.

Илинг: Бинобар ин, одами бешуъур касе аст, ки ба дигарон аҳаммият намедиҳад?

Сотун: Ман байни бешуъурҳои қасамхӯрда ва бешуъурҳои муваққат тамоюз мениҳам, зеро ҳамагии мо таҳти шароити нодуруст метавонем бешуъурҳои муваққат бошем. Ман дар бораи касе сӯҳбат мекунам, ки пайваста инчунин аст, ки пайваста бо дигарон чунин бархӯрд мекунад. Ман фикр мекунам мавзӯъ печидатар аз он аст, ки ба содагӣ бигӯем, ки одами бешуъур касе аст, ки ба дигарон аҳаммият намедиҳад. Дар воқеъ, бархе аз онҳо воқеан ба дигарон аҳаммият медиҳанд, онҳо мехоҳанд, ки шумо эҳсос кунед осеб дидаед ва нороҳат бошед, онҳо аз ин амр лаззат мебаранд.

Илинг: Чӣ теъдод аз афроде, ки дар пайи роҳкорҳои “бақо дар баробари бешуъурҳо” ҳастанд, аз дарки ин амр оҷиз ҳастанд, ки худашон бахше аз гурӯҳи одамҳои бешуъур ҳастанд?

Сотун: Ин пурсиши муҳимме аст. Далели он ки ман одами бешуъурро касе медонам, ки боис мешавад шумо эҳсос кунед таҳқир шудаед, нотавон ҳастед ва ғайра, он аст, ки шумо бояд дар қиболи одамҳои бешуъур дар зиндагии худатон масъулиятпазир бошед. Бархе афрод воқеан он қадр нозук ҳастанд, ки тасаввур мекунанд ҳама онҳоро меранҷонанд, дар ҳоле, ки ҳеч масъалаи шахсие дар кор нест. Масъалаи дигар, ки шумо ҳам ба он ишора кардед, ин аст, ки чун бешуъурӣ бисёр вогирдор аст, агар шахсияти шумо тавре бошад, ки ҳарҷо меравед, мардум воқеан бо шумо мисли шахси беарзиш бархӯрд мекунанд ва бадтар аз дигарон бо шумо бархӯрд мекунанд, эҳтимоли зиёд шумо коре мекунед, ки ин муҷозотро бармеангезад.

Метавонед ин амрро дар робита бо Дунолд Тромп мушоҳида кунед. Ман намехоҳам хеле дар бораи вай сӯҳбат кунам, аммо фикр мекунам ин бахше аз зиндагии вай аст. Агар шумо амалан ба ҳама иҳонат кунед, онҳо низ ҷавоби шуморо бо иҳонат хоҳанд дод.

Илинг: Хуб, ман намехоҳам раисиҷумҳурро бешуъур биномам, аммо мехоҳам бигӯям, ки тамоми шароите, ки шумо дар китоби худ дар бораи бешуъурҳо баршумурдаед, дар бораи ӯ сидқ мекунад.

Сотун: Бале, ман ҳам ӯро бешуъур наменомам, аммо бо арзёбии шумо мувофиқам.

Илинг: Мутмаинтарин роҳ барои ин ки касе ташхис диҳад, ки мисли фарди бешуъур рафтор мекунад, чист? Ман фарз мекунам, ки аксари мо гоҳе бешуъур ҳастем, аммо тарҷеҳ медиҳем чунин набошем.

Сотун: Фарзи шумо комилан дуруст аст. Дар ин бора бархе шавоҳид дар китоб вуҷуд дорад, ки афроди андаке мӯътарифанд, ки бешуъуранд, дар ҳоле, ки бисёре аз афрод мегӯянд, ки тавассути бешуъурҳо саркӯб шудаанд. Дар инҷо ихтилофи азиме вуҷуд дорад. Муҳимтарин чизе, ки ин таҳқиқ дар бораи худогоҳӣ мегӯяд он аст, ки бадтарин касе, ки метавон аз ӯ дар бораи бешуъурии касе пурсиш кард, худи он фард бешуъур бошад, ва беҳтарин касоне, ки метавон аз онҳо дар ин бора пурсиш кард, афроди перомуни вай ҳастанд, ки он фардро ҳаддиақал то ҳадде мешиносанд. Асли бунёдӣ: бешуъурҳо дар зиндагии худ ба касе ниёз доранд, ки ба онҳо бигӯяд бешуъур ҳастанд.

Илинг: Ба назар мерасад бешуъурӣ бо муваффақияти шуғлӣ ҳамхонӣ дорад. Масалан, бешуъури маъруфе мисли Стив Ҷобзро дорем. Чаро чунин аст?

Сотун: Бале, агар шумо дар мавқеияте бошед, ки навъе бозии “ман мебарам, ту мебозӣ” дар созмон бошад, он гоҳ шумо ба ҳеч гуна ҳамкорӣ аз сӯи рақибони худ ниёзе надоред, ва бетаваҷҷӯҳӣ ба дигарон тавре, ки эҳсос кунанд вуҷудашон ҳеч арзише надорад шояд арзишманд бошад.

Аммо ин мавзӯъ бо ду мушкил рӯ ба рӯст. Яке он ки дар бештари мавқеиятҳо, шумо амалан ниёзманди ҳамкорӣ ҳастед. Ва мо таҳқиқоти бисёре дар даст дорем, ки нишон медиҳад афроде, ки диҳанда ҳастанд на гиранда, дар дарозмуддат амалкарди беҳтаре доранд. Агар шумо бозии кӯтоҳмуддате анҷом медиҳед, он гоҳ бале, бешуъур будан мумкин аст имтиёз дошта бошад, аммо ман то ҳадди зиёде мутақоъид шудаам, ки ин роҳбурд дар бештари мавқеиятҳо коркард надорад.

Илинг: Агар бихоҳем мунсиф бошем, бояд бигӯем, ки намунаҳое аз одамҳои бешуъур дар дунёи тиҷорат ҳастанд, ки ба воситаи бешуъурии худашон зарар дидаанд. Масалан, метавон аз Тровис Колоник (Travis Kalanick) мудири собиқи Uber ном бурд.

Сотун: Дуруст аст. Маъмулан бешуъур будан дар дунёи тиҷорат бо ҳазинаҳое ҳамроҳ аст. Барои мисол, ҳангоме ки фарди бешуъур ба мақоми болотар дар ширкат боло меравад, мумкин аст бо берун рондани беҳтарин афрод ва тахриби халлоқиятҳои онҳо ва мавориде аз ин даст, созмони перомуни худро нобуд кунад.

Илинг: Иҷоза диҳед ба мавзӯъи аслии китоб бипардозем, яъне чигунагии бархӯрд бо одамҳои бешуъур. Ба ман бигӯед, ки беҳтарин роҳкори шумо барои хунсосозии як бешуъур чист?

Сотун: Нахуст, ин ба мизони қудрати шумо бастагӣ дорад. Ва дуввум, ба ин ки чӣ қадр вақт доред. Инҳо ду пурсише ҳастанд, ки шумо бояд қабл аз ҳар гуна тасмиме посух диҳед. Бо фарзи ин ки шумо қудрати “Ҳерии касиф” (Dirty Harry: шахсияти аслии филми ҷиноӣ бо ҳамин ном маҳсули 1971)-ро надоред ё мудир нестед ва наметавонед афродеро, ки дӯст надоред ба содагӣ ихроҷ кунед, фикр мекунам аз лиҳози роҳбурдӣ ду корро бояд анҷом диҳед.

Дар ибтидо, шумо бояд шавоҳидеро ҷамъоварӣ кунед. Ҳамчунин бояд як эътилоф ташкил диҳед. Яке аз шиорҳои ман ин аст, ки бояд бешуъурҳои перомуни худатонро бишносед. Мо қаблан дар бораи бешуъурҳои қасамхӯрда дар баробари бешуъурҳои муваққат сӯҳбат кардем, аммо фарқи воқеан муҳимми дигар он аст, ки бархе афрод бешуъурҳои беаломат ҳастанд ва худашон намедонанд, ки одамҳои нафаҳм ҳастанд, аммо шояд нияташон хайр бошад.

Дар ин мавқеият, шумо метавонед гуфтугӯҳои пушти парда дошта бошед, ба оромӣ ба онҳо бифаҳмонед, ки аз ҳадду марзи мушаххас таҷовуз кардаанд. Ин навъе кори содаи қонеъкунанда аст. Аммо агар ӯ яке аз он бешуъурҳои макиавеллисифат аст, ки бо шумо ҳамонанди як ошғол (мусор) бархӯрд мекунад, зеро бар ин бовар аст, ки равиши пешрафт чунин аст, дар ин ҳолат шумо бояд дар сурати имкон сареъан аз онҷо хориҷ шавед.

Илинг: Иҷоза диҳед ин мавзӯъро малмустар намоем. Фарз кунем шумо касе ҳастед, ки бо раиси бешуъур дасту панҷа нарм мекунед. Ошкоро, адами тақоруни қудрат вуҷуд дорад, бинобар ин ба ҳамин содагӣ нест, ки ба ӯ бигӯед бешуъур аст. Ман гумон мекунам ин мавқеияти роиҷе дар байни бисёре аз хонандагони алоқаманд ба ин китоб аст. Тавсияи шумо чист?

Сотун: Пурсиши нахуст ин аст, ки оё шумо метавонед кори худро тарк кунед ё ба бахши дигаре интиқолӣ бигиред? Агар шумо таҳти риёсати бешуъури қасамхӯрда ҳастед, ин бад-он маъност, ки шумо ранҷ мекашед. Ва агар чунин аст, шумо бояд аз онҷо берун биёед, мавзӯъ ба ҳамин содагӣ аст.

Пурсиши дуввум он аст, ки агар шумо бояд таҳаммул кунед, оё мехоҳед мубориза кунед ё фақат мехоҳед бо ин мавзӯъ канор биёед? Агар мехоҳед мубориза кунед, ба барнома ва гурӯҳи имдодӣ ниёз доред, шумо бояд шавоҳиди худро гирдоварӣ кунед, ва сипас шонси худро имтиҳон кунед. Ба ҳар ҳол, ман ба мардум мегӯям, ки бикӯшанд, то ҳадди имкон камтарин тамосро бо бешуъурҳо дошта бошанд, ва роҳбурдҳое барои анҷоми ин кор дар китоб ироа кардаам.

Яке аз содатарин, ва дар айни ҳол сахттарин корҳое, ки метавонед анҷом диҳед он аст, ки аслан аҳаммият надиҳед. Аҳаммият надодан боди як одами бешуъурро мехобонад. Ҳангоме ки фарди бешуъур бо бадахлоқӣ бо шумо рафтор мекунад, ӯро нодида бигиред. Дар бораи замоне фикр кунед, ки шаб ба хона бармегардед ва ин ки он бешуъур дар онҷо нест ва вуҷудаш аҳаммияте надорад. Ба ин фикр кунед, ки чӣ гуна як соли дигар он бешуъур дар зиндагии шумо нахоҳад буд, аммо боз ҳам ҳамон бешуъуре хоҳад буд, ки ҳамеша будааст.

Илинг: Агар фарди бешуъур дӯст ё ҳамкори шумо бошад, чӣ бояд кард? Оё ин ниёзманди роҳкори дигар аст?

Сотун: Шонси халосӣ аз дасти онҳо бештар аст, зеро қудрати бештаре доред. Аммо роҳи ҳалли содатаре барои бархӯрд бо чунин мавқеияте вуҷуд дорад: сирфан онҳоро нодида бигиред. Ман дар муҳити окодемик ҳастам, яъне шумори зиёде бешуъур вуҷуд дорад, ки наметавонем ихроҷашон кунем, аммо метавонем мутлақан онҳоро нодида бигирем. Мо маҷбур нестем онҳоро ба рухдодҳо ё гирдиҳамоиҳо даъват кунем. Метавонем муаддабона аз онҳо дурӣ кунем ва дар сурати зарурат ба онҳо лабханд бизанем, аммо ба ҷуз ин, сирфан онҳоро нодида мегирем. Ин равиши мо барои бархӯрд бо бешуъурҳо аст.

Аммо мавқеиятҳое вуҷуд дорад, ки шумо барои бақо шояд маҷбур бошед худатон ҳам бешуъур бошед, зеро ҳеч роҳи дигаре надоред, магар ин ки вокуниш нишон диҳед. Ин чизи идеоле нест, аммо агар ин ҳамон коре бошад, ки маҷбур ба анҷомаш ҳастед, бояд ин корро бикунед.

Илинг: Он чи гуфтед, комилан ба пурсиши баъдии ман марбут мешавад: оё аслан дуруст аст, ки бо бешуъурӣ як бешуъурро аз майдон бадар кунем?

Сотун: Ҳатман чунин аст. Ман мекӯшам, то ин амрро аз чашмандози хонанда бингарам. Агар касе таърихчае тӯлонӣ дар озори шумо дорад, ва макиавеллисифат аст, танҳо чизе, ки вай мефаҳмад намоиши қудрат аст. Агар чунин аст, беҳтарин роҳ барои муҳофизат аз худатон ин аст, ки бо ҳар он чи дар ихтиёр доред, муқобила ба мисл кунед.

Бибинед, бархе афрод сазовор ҳастанд, ки бо онҳо бад бархӯрд шавад. Муҳимтар аз он, ниёз доранд, ки бо онҳо бад бархӯрд шавад. Гоҳе бояд бо ҳамон забоне, ки як бешуъур мефаҳмад, бо ӯ сӯҳбат кунед, ва ин бад-он маъност, ки бояд худро ба ин мавзӯъ олуда кунед.

Илинг: Бештари мо намехоҳем бешуъур бошем, аммо гоҳе ҳастем. Барои мисол, ҳангоме ки субҳ аз хоб бедор мешавам, бештар як бешуъур ҳастам. Ман ба ин ё он далел намехоҳам аз хоб бархезам, бинобар ин аз рахти хоб берун меғалтам ва 30 дақиқаи нахусти рӯзро ҳамонанди одами бешуъур ба ин сӯ ва он сӯ мечархам. Ҳар рӯз чунин нест, аммо гоҳе ин иттифоқ рух медиҳад ва шармовар аст. Бинобар ин, фикр мекунам пурсиши ман ин аст, ки мо чӣ гуна метавонем беҳтар пеши роҳи гароишҳои бешуъуронаи худамонро бигирем?

Сотун: Нахуст, чунин ба назар мерасад, ки шумо худогоҳ ҳастед ва ин чизи хубест. Аммо бибинед, мавқеиятҳои хоссе вуҷуд дорад, ки бештари моро ба одамҳои нафаҳм табдил мекунад, ва мо бояд аз ин нукта огоҳ бошем ва бикӯшем, то техникҳое барои ором кардани худамон пайдо кунем. Барои мисол, камбуди хоб яке аз ҳатмитарин роҳҳо барои табдил шудан ба одами бешуъур аст. Агар хаста ҳастед ва аҷала доред, эҳтимолан як бешуъур хоҳед буд. Агар аз мавқеияти қудрати вежа бархӯрдор ҳастед, бо хатари табдил шудан ба фарди бешуъур рӯ ба рӯ ҳастед. Яке аз чизҳое, ки ман омӯхтаам, он аст, ки ихтилофоти зиёд аз лиҳози қудрат, бадтарин ҷанбаи вуҷуди моро ошкор месозад.

Саранҷом, бояд худатонро бишносед, дар бораи худатон содиқ бошед, ва ба одамҳои перомунатон такя кунед, то ба шумо бигӯянд, ки чӣ мавқеъ бешуъур ҳастед. Ва ҳангоме ки онҳо ба андозаи кофӣ меҳрубон ҳастанд, ки инро ба шумо бигӯянд, гӯш кунед.

Илинг: Афлотун дар рисолаи “Ҷумҳур” ин истидлоли маъруфро матраҳ мекунад, ки як диктотур ҳар андоза ҳам қудратманд бошад, саранҷом бо фосид сохтани руҳи худаш ранҷ мекашад. Шумо истидлоли мушобеҳе дар бораи бешуъурҳо матраҳ мекунед, ин ки онҳо мумкин аст дар зиндагӣ пирӯз шаванд, аммо бо ин вуҷуд ба унвони инсон мебозанд.

Сотун: Чӣ ҷолиб, ман ҳаргиз иртиботи дидгоҳи худамро бо дидгоҳи Афлотун нашунида будам. Ин пурсише нест, ки ман интизори шунидани он аз як рӯзноманигорро дошта бошам, аммо ҳадс мезанам, ки ин ҳамон назарияпардози сиёсии собиқ аст, ки сухан мегӯяд. Бояд бигӯям, ки ман ин иртиботро дӯст дорам. Мо медонем, ки бешуъурҳо дорои таъсири мухарриб бар афроди перомуни худ ҳастанд. Барои мисол, мутолеоти тӯлӣ (longitudinal studies: мутолеоте, ки дар онҳо гурӯҳи мавриди мутолеа дар тӯли замон мавриди мутолеа қарор мегирад) вуҷуд дорад, ки тақрибан бавузуҳ нишон медиҳад афроде, ки солиёни дароз таҳти риёсати бешуъурҳо кор мекунанд, саранҷом бештар афсурда хоҳанд буд, бештар музтариб хоҳанд буд, ва аз саломатии камтаре бархӯрдор хоҳанд буд.

Бинобар ин, шавоҳиди қонеъкунандае дар даст аст, ки бешуъурҳо инсонҳои ваҳшатнок ҳастанд, ки ба дигарон зарар мерасонанд. Ман фикр мекунам шевае, ки шумо шабоҳати дидгоҳи маро бо дидгоҳи Афлотун тавсиф кардед, бисёр зеботар аз ҳар он чизе аст, ки ман метавонам бигӯям.

Дар поёни кор, агар шумо як бешуъур бошед, шумо инсони шикастхӯрда ба шумор меравед, зеро ранҷи ғайри заруриро тарвиҷ мекунед. Чӣ чизи дигаре метавон гуфт?

Манбаъ: Vox (Мутарҷим: Алӣ Барзагар)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.