Барномаи зиндагӣ

7 ҳикмат аз ҳазрати Алӣ

(1)

اعْقِلُوا الْخَبَرَ إِذَا سَمِعْتُمُوهُ عَقْلَ رِعَايَةٍ لَا عَقْلَ رِوَايَةٍ فَإِنَّ رُوَاةَ الْعِلْمِ كَثِيرٌ وَرُعَاتَهُ قَلِيلٌ

Вақте як ҳадис ба гӯшатон мехӯрад, онро хуб бифаҳмед (ва ба он амал кунед), на ин ки фақат бишнаведу нақлаш намоед; зеро ровиёни илм фаровон аммо амалкунандагони ба он андаканд.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 98)

(2)

عَاتِبْ أَخَاكَ بِالْإِحْسَانِ إِلَيْهِ وَارْدُدْ شَرَّهُ بِالْإِنْعَامِ عَلَيْهِ

Дӯстатро бо эҳсоне, ки дар ҳаққи ӯ мекунӣ сарзаниш кун. Ва шарри ӯро бо бахшиш бозгардон.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 158)

Тавзеҳ: “Дӯсти худро бо некӣ сарзаниш кун” ба ин маъност, ки ба ҷойи сарзаниш, ба ӯ некӣ намо, то шармсор шавад, чун шармсорӣ, аз ҳар сарзанише асараш бештар аст. Ва бадии ӯро бо атову бахшиш ба ӯ бартараф гардон, зеро атову бахшиш мӯҷиби дӯстӣ аст.

(3)

مَنِ اسْتَبَدَّ بِرَأْيِهِ هَلَكَ وَمَنْ شَاوَرَ الرِّجَالَ شَارَكَهَا فِى عُقُولِهَا

«Ҳар кас худраъй шуд, ба ҳалокат расид, ва ҳар кас бо дигарон машварат кард, дар ақлҳои онон шарик шуд.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 161)

(4)

وَقَالَ (عليه السلام) لِابْنِهِ الْحَسَنِ (عليه السلام) يَا بُنَيَّ احْفَظْ عَنِّى أَرْبَعاً وَأَرْبَعاً لَا يَضُرُّكَ مَا عَمِلْتَ مَعَهُنَّ

إِنَّ أَغْنَى الْغِنَى الْعَقْلُ وَأَكْبَرَ الْفَقْرِ الْحُمْقُ وَأَوْحَشَ الْوَحْشَةِ الْعُجْبُ وَأَكْرَمَ الْحَسَبِ حُسْنُ الْخُلُقِ

يَا بُنَيَّ إِيَّاكَ وَمُصَادَقَةَ الْأَحْمَقِ فَإِنَّهُ يُرِيدُ أَنْ يَنْفَعَكَ فَيَضُرَّكَ وَإِيَّاكَ وَمُصَادَقَةَ الْبَخِيلِ فَإِنَّهُ يَقْعُدُ عَنْكَ أَحْوَجَ مَا تَكُونُ إِلَيْهِ وَإِيَّاكَ وَمُصَادَقَةَ الْفَاجِرِ فَإِنَّهُ يَبِيعُكَ بِالتَّافِهِ وَإِيَّاكَ وَمُصَادَقَةَ الْكَذَّابِ فَإِنَّهُ كَالسَّرَابِ يُقَرِّبُ عَلَيْكَ الْبَعِيدَ وَيُبَعِّدُ عَلَيْكَ الْقَرِيبَ

Имом Алӣ (а) ба фарзандаш Имом Ҳасан (а) фармуд:

Писарам! Чаҳор хубӣ ва чаҳор ҳушдор аз ман ба хотир бисупор, ки то ба онҳо амал мекунӣ, зиён намебинӣ:

1) Арзишмандтарин бениёзӣ ақл аст;

2) Бузургтарин фақр бехирадӣ аст;

3) Тарсноктарин танҳоӣ худписандӣ аст;

4) Гиромитарин арзиши хонаводагӣ ахлоқи некӯст;

5) Писарам! Аз дӯстӣ бо аҳмақ бипарҳез, чаро ки ӯ мехоҳад ба ту нафъе расонад, аммо дучори зиёнат мекунад;

6) Аз дӯстӣ бо бахил бипарҳез, зеро он чиро, ки сахт ба он ниёз дорӣ, аз ту дареғ медорад;

7) Аз дӯстӣ бо бадкор бипарҳез, ки бо андак баҳое туро мефурӯшад;

8) Аз дӯстӣ бо дурӯғгӯ бипарҳез, ки ба сароб монад: дурро ба ту наздик, ва наздикро бароят дур менамоёнад.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 38)

(5)

لَا تَرَى الْجَاهِلَ إِلَّا مُفْرِطاً أَوْ مُفَرِّطاً

Нодонро ё тундрав мебинӣ ва ё кундрав.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 70)

(6)

وَقَالَ (عليه السلام): لِسَانُ الْعَاقِلِ وَرَاءَ قَلْبِهِ وَقَلْبُ الْأَحْمَقِ وَرَاءَ لِسَانِهِ

قال الرضى: وهذا من المعانى العجيبة الشريفة، والمراد به أن العاقل لا يطلق لسانه إلا بعد مشاورة الروية و مؤامرة الفكرة، والأحمق تسبق حذفات لسانه وفلتات كلامه مراجعة فكره ومماخضة رأيه فكأن لسان العاقل تابع لقلبه وكأن قلب الأحمق تابع للسانه

Алӣ (а) фармуд: “Забони оқил дар пушти қалби ӯст, ва қалби аҳмақ дар пушти забонаш қарор дорад.”

Разӣ гӯяд: Ин, аз суханоне бисёр арзишманд ва шигифтовар аст, ва мурод ин аст, ки: оқил забонашро бидуни машварат ва фикру санҷиш раҳо намесозад. Аммо аҳмақ ҳар чӣ бар забонаш ояд мегӯяд бидуни фикру диққат. Пас, забони оқил аз қалби ӯ, ва қалби аҳмақ аз забони ӯ фармон мегирад.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 40)

(7)

رَحِمَ اللّهُ اِمْرَأ عَلِمَ مِن أینَ وَفی أینَ وَإلی أینَ

Худо раҳмат кунад касеро, ки бидонад аз куҷост, ва дар куҷост, ва ба куҷо раҳсипор аст!

Мавлоно ин ҳақиқатро ба сурате дигар матраҳ мекунад, мегӯяд:

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,

Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам?..

Мондаам сахт аҷаб к-аз чӣ сабаб сохт маро?

Ё чӣ будаст муроди вай аз ин сохтанам?

Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд?

Ба куҷо меравам охир, нанамойи ватанам?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.