Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (412)

Худу андохтани хасм дар рӯйи амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ва андохтани амирулмӯъминин Алӣ шамшер аз даст (4)

* * *

Эй Алӣ, ки ҷумла ақлу дидаӣ,

Шаммае вогӯ аз он чӣ дидаӣ.

Эй Алӣ! Ту ки саросар ақлу бинишӣ, ҷилвае аз мушоҳадоту мукошафоти худро барои мо баён кун.

Шамма: чизи андак.

Теғи ҳилмат ҷони моро чок кард,

Оби илмат хоки моро пок кард.

Шамшери шикебоӣ ва виқорат ҷони моро чок кард ва фидои ту намуд. Ва оби ҳаёти донишат вуҷуди моро аз палидиҳои куфру нодонӣ шустушӯ дод ва тоҳир намуд.

Теғи ҳилм: бурдборӣ ва ҳилме, ки ҳамчун шамшери тез коро ва буранда аст. Оби илм: илме, ки ҳамчун об ҳаётбахш аст.

Бозгӯ, донам, ки ин асрори Ҳуст,

З-он ки бешамшер куштан кори Ӯст.

Он ҳақоиқро бароям бигӯ, ки инҳо ҳама аз асрори он Худое аст, ки бидуни олату абзор мекушад. (Яъне феъли ту ҳамон феъли Ҳақ аст, ки бидуни шамшеру илалу асбоб мекушад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1065)

Сонеъи беолату беҷориҳа,

Воҳиби ин ҳадяҳои робиҳа.

Он Худое, ки бидуни абзору васила меофаринад ва армуғонҳои судманд ба офаридагони худ ато мекунад.

Ҷориҳа: узви бадани инсон хусусан даст. Воҳиб: бахшанда, диҳанда. Робиҳа: дорои суд.

Садҳазорон мечашонад ҳушро,

Ки хабар набвад ду чашму гӯшро.

Ин сонеъ садҳо ҳазор аз анвоъи маориф ба ҳуши дарунии мо мечашонад, дар ҳоле ки чашму гӯш кучактарин огоҳӣ аз он пайдо намекунанд.

Бозгӯ, эй бози арши хушшикор,

То чӣ дидӣ ин замон аз Кирдгор?

Эй бози баландпарвози олами афлок, ки сайдҳои маънавӣ ва маърифатӣ мекунӣ! Инак, аз ҷониби Парвардигор чӣ дидӣ? Бароям бигӯ.

Чашми ту идроки ғайб омӯхта,

Чашмҳои ҳозирон бардӯхта.

Эй Алӣ! Чашми ҳақбини ту асрори олами ғайбро дида ва омӯхта, вале чашмҳои оддӣ наметавонанд он ҳақоиқу асрорро мушоҳида кунанд ва ба кунҳи он пай бибаранд. (Он чи ки чашми он ҳазрат мебинад, дигарон наметавонанд мушоҳида кунанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1066))

Он яке моҳе ҳамебинад аён

В-он яке торик мебинад ҷаҳон.

Ба унвони мисол, яке моҳро ошкоро мебинад ва он дигаре ин ҷаҳонро тираву тор мушоҳида мекунад ва аслан моҳро намебинад.

В-он яке се моҳ мебинад ба ҳам,

Ин се кас биншаста як мавзеъ, наъам.

Ва он дигаре низ се моҳро дар якҷо ҷамъ мебинад, дар ҳоле ки ин се нафар якҷо нишастаанд. (Бинобар ин, дар ин ҷаҳони нисбӣ ихтилоф дар дидгоҳҳо ва дидаҳо бисёр фоҳиш аст ва ин амр бардоштҳои нисбӣ дар пай хоҳад дошт. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1066-67))

Чашми ҳар се бозу гӯши ҳар се тез,

Дар ту овезону аз ман даргурез.

Чунонки чашми ин се нафар одами фарзӣ зоҳиран боз аст ва гӯшашон солиму тез аст. Дар чунин ҳолате кашфи ғайб ба ту овехта ва аз ман гурехтааст. Яъне ту ғайбро дармеёбӣ ва ман чизе аз он дарк намекунам.

Сеҳри айн аст ин, аҷаб лутфи хафист,

Бар ту нақши гургу бар ман Юсуфест.

Ин ҳолат, ки инак ошкор шуда оё афсуни чашм аст ва ё худ аз алтофи хафия аст, ки ақл сабаби онро дарнаёбад. Ин ҳолат, ки ба ту зуҳур кард, нисбат ба ту сурати гург дорад яъне зишту нафратангез аст, чаро ки бими он доштӣ, ки мабодо ба хотири хашму ғазаби шахсӣ, маро бикушӣ ва ин аз мартибаи тавҳид хориҷ буд. Аз ин рӯ куштан дар ин ҳолро зишт донистӣ монанди сурати гург. Лекин ин диранг барои ман зебо буд монанди ҷамоли Юсуф (а), зеро дар ин диранг ман олитарин ҷилваи камоли инсониро дидам ва ҷонамро бадар бурдам ва аз куфру исён раҳидам. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.1067)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.