Дидгоҳ

Табрики дӯстон ва азизон ба Иди саъиди Қурбон

Иди саъиди Қурбони имсол бо ин ид дар солҳои гузашта фарқ мекунад. Ҷаҳониён имсол як меҳмони нохондае доштанд ба номи куруновирус. Вируси хонумонсӯзе, ки дари масоҷиду ибодатгоҳҳо дар бештари кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистонро бар рӯи намозгузорон баст.

Имсол, дар кишвари азизамон, мӯъминон наметавонанд субҳ ба масҷидҳо биштобанд ва ба сурати дастаҷамъӣ намози идашонро барпо бидоранд ва дасти якдигарро бифишоранд; амале, ки дар ислом ба он суфориш шуда.

Имсол, ба хотири ин вирус, ҳамватанонамон наметавонанд ба диду боздиди ҳамдигар бираванд; расме, ки дар ин рӯзи фархунда ба он таъкид шуда.

Имсол, ба далели ин вирус, кӯдакон дигар он чи ба “идгардак” маъруф аст надоранд; расме, ки дар ин рӯзи пурбаракат роиҷ будааст.

Имсол, ба иллати вуҷуди ин вируси номаймун, ҷаҳониён шоҳиди гирдиҳамоии бошукӯҳи уммати исломӣ дар сар то сари ҷаҳон намешаванд; гирдиҳамоии азиме, ки ҳар сол, дар ду иди Фитру Қурбон, шоҳидаш мешуданд.

Маҳрум будан аз ин падидаҳои муборак, барои як мусалмон ранҷовар ҳастанд.

Бинобар ин, инак, ки дар остонаи фарорасии ин иди хуҷаста қарор дорем, дуое ҳам, ки мехоҳам бикунам, бо дуое, ки ба ҳамин муносибат дар солҳои гузашта мекардам, фарқ мекунад, ва аз азизон мехоҳам Омин бигӯянд!

Худоё! Мо бандагони хатокори ту ҳастем ва ту Худои меҳрубону бахшанда ҳастӣ. Дар Қуръони каримат хитоб ба мо, хатокорон фармудаӣ: “Маро бихонед, дуои шуморо иҷбобат мекунам…” (Ғофир: 60) Инак, туро мехонем, дуоямон иҷобат фармой!

Худоё! Дар ин рӯзи фархунда, даст ба даргоҳат баланд мекунем ва аз ту мехоҳем гуноҳонамонро, ки аз мо сар зада бибахшоӣ ва аз мо даргузарӣ; гуноҳоне, ки сабаби нузули анвоъи балоҳо ва нохушояндиҳо бар сарамон гардида.

Худоё! Намедонам аз кадомин гуноҳонамон бигӯям:

Шояд ба падарону модаронамон пархош кардаем.

Шояд бедалел касеро ранҷонидаем.

Ва ё шояд дар ҳоле, ки шиками ҳамсояамон гурусна буда, мо бо шиками сер хобидем.

Ё шояд ранҷи бародарони зиндониамон ва хонаводаҳо ва фарзандонашон фаромӯшамон шуд ва ба фикри онҳо нестем. Шиками ҳамсару фарзандони онҳо гурусна ва шиками мо сер будааст.

Ё шояд ба вазифаамон амал намекунем; вазифаи амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар, ки ба фармудаи паёмбарат, агар ин кор таътил шавад, анвоъи балоҳо бар сари башар фуруд хоҳанд омад.

Ва ё шояд дар баробари ноадолатиҳо ва зулму ситами мавҷуд дар ҷомеа, кулӯх бар лаб ниҳода ва сукут ихтиёр кардаем.

Ё шояд ба ҳадде қасиюлқалбу сангдил гардидаем, ки истиғосаи ситамдидаҳо ва фарёди кӯдакони бепаноҳ ва анвоъи таҷовузҳо, ки ба Қудси шариф мешавад ба гӯшамон мехӯрад, аммо аз ҷой такон намехӯрем ва мижаамон намеҷунбад.

Ва шояд ҳамаи инҳост!

Аммо ҳарчи ҳаст, ба гуноҳони худ эътироф мекунем ва аз ту, ки меҳрубонӣ талаби омурзиш мехоҳем.

Бинобар ин, эй Худои меҳрубон, ин вабо аз сарамон ҳарчи зудтар бардор, то дари хонаат бар рӯямон аз нав боз бишавад ва битавонем ҷумъа бихонем, намозҳои рӯзонаамонро ба ҷамоат барпо бидорем ва аз савоби он маҳрум набошем.

* * *

Иди ҳамаи азизон муборак бошад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Рубрики:Дидгоҳ, Пароканда

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.