Архив автора

Кимиёи саодат

Бетарафҳо

“Дар ҷаҳоне, ки бетарафҳо суқут мекунанд, дуруст нест, ки ҳеч шахсият ва раҳбаре, чӣ раҳбари динӣ бошад ё сиёсӣ, чӣ фарҳангӣ бошад ё иҷтимоӣ бе тараф ва бе тафовут бимонад… Зеро дунё, чӣ хуб бошад ё бад, дунёи мавзеъ ва мавқеъ аст. Аммо касоне ки дорои мавзеъ ва […]

Вақте нухбаҳо таслими “воқеият” мешаванд

Ҳар ҷомеае иборат аст аз аксарияти тӯда ва ақаллияти нухбаҳо. Ғолибан чунин будааст, ки тӯдаҳо зуд таслими “воқеиятҳо” (ҳар воқеияте, чӣ бад бошад ва чӣ хуб) бишаванд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳукком — вақте бихоҳанд, як “воқеият”-ро бар мардум ва ҷомеа таҳмил бикунанд – ҳаргиз аз ноҳияи тӯдаҳо […]

Ислом ва Эрон

“Ман мӯътақидам, ки дар торихи Эрон ҳеч кас ва ҳеч гурӯҳе, зишттар ва занандатар аз донишмандон ва муҳаққиқони эрондӯсти мо — ки бо таҳқири Ислом ва таҳқири тамаддуни Ислом, пиндоштаанд, ки аз асолати қавми эронӣ дифоъ кардаанд — чунин зарбае муҳлик ба ҳайсият ва асолати ин миллат назада. […]

Ҳалоку ва ҳукумати бе дарди сари вай

Дар “Ахлоқул-ашроф” ҳикояти аҷиберо дар бораи Ҳалокухони муғул ва ин ки чаро ҳукумати вай ва фарзандонаш наздик ба 100 сол бе ҳеч дарди саре идома дошт оварда, ки ҳол ин ҷо ба мазмун онро нақл мекунам. Мегӯяд, Ҳалокухон чун Бағдод, маркази хилофати исломиро тасхир кард дастур дод, то […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 5

Куллиёти хамс Аз ҷумлаи баҳсҳои муқаддамотӣ, ки мантиқдонон онро зикр мекунанд, мабҳаси “куллиёти хамс” аст. Баҳси “куллиёти хамс” дар асл марбут ба фалсафа аст, на мантиқ. Фалосифа дар мабоҳиси моҳият ба тафсил дар ин маврид баҳс мекунанд, вале дар мантиқ назар ба ин ки баҳс дар бораи “ҳудуд” […]

Саъдӣ

Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои мутаъадид аз “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ аз замони рунесонс ба баъд ба забонҳои мухталифи урупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст. Вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба […]

Мусалмонӣ дар як нигоҳ

Тавзеҳ ва баёни мусалмонӣ ва ин ки ба чӣ касе мусалмон мегӯянд ва чӣ эътиқодот ва ақоиде бояд дошта бошад ва аз назари ахлоқ ба чӣ рафторҳое ороста ва аз кадом хислатҳо ба дур бошад, ҳарчанд дар як мақола намегунҷад ва ба тафсиле бештар ниёз дорад, вале аз […]

Қурбоқаҳо

Чанд курбоқа аз ҷангале убур мекарданд, ки ногаҳон ду то аз онҳо ба дохили гудол (чуқурӣ)-и амиқе уфтоданд. Бақияи курбоқаҳо дар канори гудол ҷамъ шуданд ва вақте диданд, ки гудол чӣ қадр амиқ аст, ба ду қурбоқаи дигар гуфтанд: — Дигар чорае нест, шумо ба тақдиратон тан диҳед, […]

Чӣ гуна хурофа дар дину мазҳаб роҳ меёбад?

Як кашиши рӯшанбини масеҳӣ китобе навишта дар мавзӯъи хурофа ва ин ки чӣ гуна хурофаҳо ба дину мазҳаб роҳ меёбад. Вай, дар ин китоби худ достоне нақл карда, ки воқеъан бароям ҷолиб буд. Менависад: “Дар як маъбад гурбае вуҷуд дошт, ки ҳангоми ибодати роҳибҳо музоҳими тамаркузи онҳо мешуд. […]

Зиштиҳо ва бадиҳо

“Агар бипурсанд, ин зиштиҳо ва бадиҳо, ки дар ҷаҳон аст аз кадом хазона нозил шавад, бояд гуфт, онҳо низ аз пеши он ягона меоянд, илло ин ки вақте ба Ӯ мансуб мешавад, шарру фасоду зиштӣ нест ва ҳама салоҳу ҳикмат аст. Аммо одамиён, ки дар олами ҳасту нест […]

Ҳикояти Баҳлул ва Шайх Ҷунайди Бағдодӣ

Овардаанд, ки Шайх Ҷунайди Бағдодӣ (аз урафои машҳури исломӣ) ба азми сайр аз шаҳри Бағдод берун рафт ва муридон аз ақиби ӯ. Шайх аз муридон аҳволи Баҳлулро пурсид. Гуфтанд: ӯ марде девона аст. Гуфт: ӯро талаб кунед, ки маро бо ӯ кор аст. Пас тафаҳҳус карданд ва ӯро […]