Рубрика: Ахлоқи писандида

Гуноҳонро чӣ гуна маҳв кунем?

Ҳамон гуна ки амалҳои нек ва солеҳи инсон ба воситаи бархе гуноҳон табоҳ мешаванд, ҳамин тавр баъзе аз аъмоли нек низ сабаби аз байн рафтани гуноҳон мешаванд. Дар Қуръони Карим ва ривоёт роҳҳои фаровоне, ки мӯҷиби аз байн рафтани гуноҳон ва осори онҳо ва балки табдили онҳо ба […]

Мудоро кардан бо мардум, ниме аз имон аст

Ба баҳонаи солрӯзи исроъ ва меъроҷи Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) Паёмбари бузурги Ислом ҳазрати Муҳаммад (с), ҳам пайғомбари илоҳист ва ҳам ҳоким, ҳам муаллими ахлоқ аст ва ҳам сиёсатмадор, ҳам табиби қалбҳост ва ҳам муршиди ақлҳо, ҳам ба охират таваҷҷӯҳ дорад ва ҳам ба ҷомеа меандешад. Иҷоза […]

Фурӯтанӣ

Яке аз рафторҳо ва ахлоқе, ки Қуръони Карим дар васфи бандагони Худо баён кардааст, тавозӯъ ва фурӯтанӣ аст. Мефармояд: “Бандагони Раҳмон касоне ҳастанд, ки бо тавозуъ рӯйи замин мераванд ва чун нодонон хитобашон кунанд, сухани нарм ва мусолиматҷӯёна гӯянд.” (Сураи Фурқон, ояти 63) Тавозуъ навъе рафтор аст, ки […]

Се хислати мӯъмин

“Се ҳолат ва хислат дар ҳар як аз мӯъминон бошад, дар паноҳи Худованд хоҳад буд ва рӯзи қиёмат дар сояи раҳмати арши илоҳӣ мебошад ва аз сахтиҳои саҳрои маҳшар дар амон аст: Он ки дар коргушоӣ ва кӯмак ба ниёзмандон ва дархосткунандагон дареғ нанамояд; Он ки қабл аз […]

Гуфтори набавӣ

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Се чиз ҳаст, ки ҳар кас дошта бошад имонаш комил аст: Марде, ки дар роҳи Худо аз сарзаниши ҳеҷ накӯҳишгаре наҳаросад; Дар ҳеҷ кори худ риё ва худнамоӣ накунад; Ҳар гоҳ ду чиз бар ӯ арза шавад, ки яке дунёӣ аст ва дигар охиратӣ, […]

Ҳикояти Баҳлул ва Шайх Ҷунайди Бағдодӣ

Овардаанд, ки Шайх Ҷунайди Бағдодӣ (аз урафои машҳури исломӣ) ба азми сайр аз шаҳри Бағдод берун рафт ва муридон аз ақиби ӯ. Шайх аз муридон аҳволи Баҳлулро пурсид. Гуфтанд: ӯ марде девона аст. Гуфт: ӯро талаб кунед, ки маро бо ӯ кор аст. Пас тафаҳҳус карданд ва ӯро […]

Ман ба таклифам амал мекунам

Занбӯри асале дар атрофи оташи барафрӯхтаи намрудиён барои Иброҳим (а) парвоз мекард. Ҳазрати Иброҳим (а) аз ӯ пурсид: занбӯр! Дар атрофи оташ чӣ мекунӣ? Оё наметарсӣ, ки сӯхта шавӣ?! Занбӯр гуфт: эй Иброҳим! Омадаам, то оташро хомӯш кунам! Иброҳим (а) бо ханда гуфт: ту магар намедонӣ, ки оби […]

Ба ҷои тавҷеҳкорӣ, биёем динамонро дуруст кунем

Дидаед, ҳар вақт як ғалат ва як иштибоҳ ва як кори нописанд аз яке аз мо мусалмонон сар бизанад, зуд тавҷеҳаш мекунем ва мегӯем: “Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост…” Бо ин ки ин ҳарф ҳарфи дурусте аст, вале ба ҷои ин тавҷеҳкорӣ оё шоиста ва беҳтар […]

Аз ниёишҳои дуктур Алии Шариатӣ

Худоё! Раҳмате кун, то имон нону ном бароям наёварад, қувватам бахш, то нонамро ва ҳатто номамро дар хатари имонам афканам, то аз онҳое бошам, ки пули дунёро мегиранд ва барои дин кор мекунанд, на аз онон, ки пули динро мегиранд ва барои дунё кор мекунанд! * * * […]

Панҷ асле, ки Зартушт тавсия мекунад…

Аз Зартушт пурсиданд, чӣ тавр тавонистӣ зиндагиатро бар покӣ бино кунӣ? Чаро ин қадр оромӣ? Чӣ чизе сабаб мешавад, ки ҳеч гоҳ хаста нашавӣ? Чӣ гуна аст, ки дучори васваса намешавӣ? Гуфт: баъд аз солҳо мутолеъа ва таҷриба, зиндагии худро бар панҷ асл бино кардам: Донистам, ки ризқи […]