Рубрика: Ақоиди исломӣ

Агар ҳамаро Худо офарида, худи Худоро чӣ касе офарида?

Сайидюнуси Истаравшанӣ “Агар Худованди Мутаъолро офаридгори ҳама чизу ҳама кас бидонем, пас худи ӯ чӣ гуна ба вуҷуд омада?” Ин суол, суолест, ки бо вуҷуди он, ки пештар (ба назарам, ду сол пеш) дар посух ба пурсише, роҷеъ ба ин мавзӯъ баҳси нисбатан ба тафсиле ороста ва матлабро […]

Суханоне аз Алӣ ибни Абӯтолиб

* Ду кас дар бораи ман (яъне дар бораи ҳазрати Алӣ) гумроҳ шаванд – ва гуноҳ аз ман нест — : дӯсти тундрав ва душмани кундрав. * Сабр ду қисмат аст: шикебоӣ ба ҳангоми бало, ин бисёр некӯст, аммо аз ин беҳтар сабр дар баробари амали ҳаром аст. […]

Хоб ва таъбири он аз назари ислом

Хоб дидан аз ҷумлаи масоилест, ки тақрибан ҳамаи мо онро таҷриба карда ва маъмулан осори бархе аз ин хобҳоро дар зиндагии худ ламс ва мушоҳида мекунем. Хоб дар ислом ҳаракати руҳ ба сӯи олами руҳ шумурда мешавад. Метавон гуфт, руҳи инсон дар хоб озод мешавад ва гузаштаву ояндаро […]

Ақл ва ишқ

Кадом замон барои як инсони диндор оромиш даст медиҳад?! Сайидюнуси Истаравшанӣ Файласуф, абзори ковишаш ақл аст. Ақли инсон фақат дар баъзе масоил (масалан, масоили риёзӣ) муваффақ ба кашфи воқеият (ҳамон тавр ки ҳаст) мешавад, аммо дар масоили дигар, бахусус масоили метафизикӣ, хеле андак аст, ки муваффақ ба дарки […]

Ислом дар чанд ҷумла

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз азизон хост, барояш дини исломро кӯтоҳ ва дар чанд ҷумла хулоса кунам. Ва ҳарчанд бисёр душвор аст кулли исломро дар чанд сатр баён дошт, аммо кӯшиш кардам ин корро барояш анҷом диҳам. Ва шоиста дидам, матлаберо, ки барои ин азиз баён доштам, инҷо ҳам […]

Қазо ва қадари илоҳӣ ба баёне содда

Сайидюнуси Истаравшанӣ Тибқи фармудаи Худо дар Қуръон ҳар коре, ки дар ҷаҳони ҳастӣ рӯй медиҳад, тибқи “қазо ва қадар” буда ҳатто корҳои мо инсонҳо. Дар ин маврид, оятҳои фаровоне дар Қуръон ҳаст. Агар чунин аст, пас муҷозоту подош чӣ маъно дорад? Яъне агар оқои “А” шароб нӯшидааст, тибқи […]

Шайхи Алазҳар: “Ҳар касе, ки иддао мекунад ҷинро аз бадани инсон берун овардааст, ӯ дурӯғгӯст”

Дуктур Аҳмад Аттайиб, шайхи Алазҳар, бо интиқод аз барномаҳое, ки дар шабакаҳои моҳвораӣ бо ширкати афроде, ки иддао мекунанд ҷинро аз бадани инсонҳо берун меовардаанд иҷро мешаванд, таъкид кард: “Ҳар он ки иддао мекунад ҷинро аз бадани инсон берун овардааст, ӯ дурӯғгӯ ва гумроҳкунанда аст.” Ба гузориши Алаҳром, […]

Рози ин ки китобҳои осмонӣ ба исботи вуҷуди Худо напардохта чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Имрӯза, ғолибан аз се китоб ба унвони китобҳои осмонӣ ном мебаранд: Қуръони Карим, Инҷил ва Таврот. Оё медонед, дар ҳеч як аз ин се китоб (ҳарчанд Инҷил ва Таврот аз назари мо, мусалмонон таҳрифшуда аст), ба сурати мустақим ба исботи вуҷуди офаридгор пардохта нашудааст, гарчи метавон […]

Оё метавон Худобовар буд бидуни пойбандӣ ба дину шариат?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Посух ба ин пурсиш, ки: оё метавон Худобовар буд бидуни пойбандӣ ба дину шариат? Посухи ин пурсишро бо баёни чанд нукта баён медорам: 1) Пеш аз пардохтан ба асли масъала, лозим аст худи дин таъриф шавад. Дин, аз нигоҳи адёни иброҳимӣ, ба хусус ислом (феълан коре […]