Category: Аҳкоми рӯза

Ҳукми намози ид дар рӯзгори куруно // Оё иқтидо ба имом аз тариқи телевизиюн ҷоиз аст?

Ҳукми барпоии намози ид дар рӯзгори куруноӣ, ки таҷаммӯъот мамнӯъ ҳастанд, чист? Оё ҷоиз аст ба сурати маҷозӣ (аз тариқи телевизиюн) баргузор шавад ва мардум аз хонаҳояшон аз пушти телевизиюн ба имом иқтидо кунанд? 1) Ҳукми намози ид дар хона: Дар ин мавзӯъ, фатвои мазҳабҳои исломӣ фарқ мекунад. […]

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ: “Ҳеч гуна санади илмӣ мабнӣ бар таъсири рӯза дар ибтило ба вируси куруно вуҷуд надорад”

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ эълон кард, ҳеч гуна санади илмӣ мабнӣ бар ин ки рӯза гирифтан дар ибтило ба вируси куруно таъсир мегузоштааст, вуҷуд надорад. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бо наздик шудани моҳи мубораки Рамазон, тавсияҳоеро ба далели ҳамзамон шудани ин моҳ бо бӯҳрони куруно дар саросари ҷаҳон эълом кардааст. […]

Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст

Моҳи мубораки Рамазон ҳам дар остонаи вуруд аст. Худойро сипосгузорам, ки имсол низ тавфиқи дарки ин моҳи муборакро насибам кард; моҳе, ки тибқи фармудаи Паёмбари азимушшаън: “аввалаш раҳмат аст, миёнааш мағфират ва поёнаш раҳоӣ аз оташи дӯзах”, яъне дар даҳ рӯзи аввали ин моҳи пурбаракат раҳмати худовандӣ шомили […]

Назари мутахассисони ҳавзаи пизишкӣ дар бораи рӯза дар шароити куруно

Дуктур Муҳсини Деҳқонӣ, мутахассиси гувориш (пищеварение), дар гуфтугӯ бо хабарнигори Ирно дар посух ба ин суол, ки оё рӯзадорӣ боиси заъиф шудани дастгоҳи эминӣ (иммунная система)-и фарди рӯзадор мешавад ё на, гуфт: “То кунун чунин чизе, ки рӯза боиси коҳиши системи эминии бадан мешавад собит нашудааст, ҳатто бархе […]

Баёнияи Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон дар бораи рӯза доштан дар шароити куруно

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон бо судури баёнияе эълом кард, ки рӯза гирифтан таъсири манфӣ бар системи эминии бадан дар сояи густариши вируси куруно дар ҷаҳон, надорад. Ба гузориши Алқудс ал-арабӣ, дар ин баёния омадааст: “Шароити ҷаҳонро дар сояи густариши вируси куруно расад мекунем ба вежа он ки ҷаҳони […]

Назари устоди Алазҳар дар мавриди рӯзаи моҳи Рамазон ва дафни мурдаҳо дар шароити шуюъи куруно

Шайх Аҳмад Карима, устоди фиқҳи Донишгоҳи Алазҳар, дар суханони худ дар як барномаи телевизиюнӣ гуфт: “Ҳатто рӯза гирифтан дар тамоми умр наметавонад ҷойи рӯзаи моҳи Рамазонро бигирад ва касе ҳам наметавонад бедалел рӯзаи моҳи Рамазонро бихӯрад ва касе, ки ин корро анҷом диҳад, гуноҳи бузурге муртакиб шудааст. Зеро […]

Як таҷруба кунед, таҷрубааш маҷҷонист

Сайидюнуси Истаравшанӣ “Ман дар намозхонае нишаста будам ва дар ҳамон ҳин, ки аз лаззати дуо баҳраманд мешудам, баногаҳ дар андарунам гармое хушоянду аҷиб эҳсос мекардам. То муддатҳои мадид ҳайрон будам, ки ин гармо аз куҷо меояд, то ба таҷриба омӯхтам, ки аз ҷониби Холиқ аст, на махлуқ, ва […]

Аҳкоми рӯза

Аз китоби Фиқҳус-сунна Фазилати рӯза Ақсоми рӯза Фазилати моҳи Рамазон ва фазилати аъмоли хайр дар он моҳ Аз чӣ роҳе фаро расидани моҳи Рамазон маълум мешавад? Бар чӣ касоне рӯзаи Рамазон воҷиб аст? Аркони рӯза Чӣ касоне муҷозанд дар Рамазон рӯза нагиранд, вале қазои он бар онҳо воҷиб аст? […]

Ҳамаи мо дар ин моҳ ниёз ба «таҷдиди ҳаёт» дорем

Сайидюнуси Истаравшанӣ Одамизод мавҷуди аҷибу ғарибе аст. Фаришта нест, аммо метавонад мақоме болотар аз фариштаҳо дошта бошад. Ҳайвон нест, аммо метавонад ҷойгоҳе пойинтар аз пасттар аз чорпоён дошта бошад. Агар Худованд ӯро дар ҷойе ба унвони ҷонишин ва халифаи худ дар рӯйи замин муаррифӣ карда ва аз малоика […]

«Моҳи Рамазон, моҳи озод шудан аст»

Расули Худо (с) дар охирин ҷумъаи моҳи шаъбон хутбае эрод фармуданд, ки: мардум! Шумо озод нестед, дар қафас ҳастед ва намедонед, ки дар қафас ҳастед. Гуноҳонатон шуморо дар қафас зиндонӣ кардааст. Дар моҳи мубораки Рамазон бо истиғфор худро озод кунед… Он ки мегӯяд, ман ҳарчи бихоҳам мекунам, ҳарҷо […]

Чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (14) Чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунанд, ду навъанд: а) Он чи ки рӯзаро ботил мекунад ва фақат қазои он воҷиб аст; б) Он чи ки рӯзаро ботил мекунад ва илова бар қазои он, каффора ва товони он низ воҷиб аст. Инак, баёни чизҳое, […]