Рубрика: Барномаи зиндагӣ

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши дуввум Дар қисмати пешин, собит кардем, ки “идеулужӣ”-ро чӣ муродифи “ҷаҳонбинӣ” бидонем ва чӣ муродифи “рафторҳо (боядҳо)-и муттакӣ бар як ҷаҳонбинӣ” (яъне як систем ва мактаб), дар ҳар ду сурат, барои “идеулужии миллӣ” наметавон маъное пайдо кард. Зеро “миллият” (тоҷик будан, рус будан, араб будан […]

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (1)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши аввал Се чаҳор рӯз пеш, инҷониб мақолае навишта будам таҳти унвони “Тоҷикистон ва идеулужии миллӣ” ва дидгоҳи худро дар бораи он чи ба унвони “идеулужии миллӣ” матраҳ аст, ба сурати хеле мухтасар ва мӯҷаз арза намудам. Зоҳиран, ин тарҳ барои баъзе азизон мубҳам ва норавшан […]

Барои Тоҷикистон, инсонсозӣ муҳимтар аз хонасозӣ аст

Ба муносибати солрӯзи вафоти ҳазрати Мавлоно Сайидюнуси Истаравшанӣ 17 декабр солрӯзи даргузашти ҳазрати Мавлонои Балхӣ аст. Дар ин навиштор, намехоҳам ба муаррифии Мавлоно бипардозам ва дар бораи шарҳи зиндагии ӯ бинависам. Боварам ин аст, ки бештари тоҷикон бо шарҳи ҳоли ӯ ошноянд. Асосан, дар робита бо Мавлоно, мо […]

Расули Акрам (с) ва ду ҳалқаи ҷамъият

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) вориди масҷид (масҷиди Мадина) шуд, чашмаш ба ду иҷтимоъ афтод, ки аз ду даста ташкил шуда буд, ва ҳар дастае ҳалқае ташкил дода саргарми коре буданд. Як даста машғули ибодату зикр, ва дастаи дигар ба таълиму таъаллум ва ёд додану ёд гирифтан […]

Чанд достони омӯзанда аз зиндагии Паёмбари Акрам (с)

Ба муносибати зодрӯзи фархундаи Паёмбари Акрам (с) Паёмбар ва тақсими кор дар сафар Паёмбари Акрам (с) дар яке аз сафарҳояш дастур дод, то гӯсфандеро барои ғизои корвон омода кунанд. Дар ин миён яке аз корвониён ва ёрони Паёмбар гуфт: забҳи гӯсфанд бо ман. Дигаре гуфт: кандани пӯсти гӯсфанд […]

Рӯшноии чашми ман дар намоз аст

Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ишқу алоқаи бисёр зиёде ба намоз дошт. Ҳаргоҳ андӯҳгин мешуд, ба намоз бармехост. Он ҳазрат соат‏ҳои тӯлонӣ шабзиндадорӣ мекард ва ба намозу муноҷот мепардохт; аз ин рӯ, ба Расули Акрам хитоб шуд: يَا أَيُّهَا الْمُزَّمِّلُ. قُمِ اللَّيْلَ إِلَّا قَلِيلًا. نِصْفَهُ أَوِ انقُصْ […]

Назофат ва покизагӣ дар ислом

Яке аз масоиле, ки ислом аҳаммияте фавқулода барои он қоил аст, масъалаи назофат ва покизагӣ аст, ба ҳадде ки Паёмбари Акрам (с) дар ривояте — ки Тирмизӣ дар Сунани худ нақл кардааст – фармуда: إِنَّ اللَّهَ طَيِّبٌ يُحِبُّ الطَّيِّبَ نَظِيفٌ يُحِبُّ النَّظَافَةَ “Худованд пок аст ва шахси покро […]

Достони мухолифи сиёсӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Тамоми хушбахтӣ ва саодат, дар ишқ аст; дар ишқ ба Худо, дар ишқ ба одамон, дар ишқ ба зан, дар ишқ ба кор… ҳатто дар ишқ ба касе, ки ту бо ӯ мухолифӣ; мухолиф дар андеша ва ё дар сиёсат. Ба ин маъно, ки ангезаи мухолифати […]

Ин кор, гуноҳ аст ё “анҷоми таклифи шаръӣ”?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бештари мо, мусалмонон ба ахлоқи нописанд, ки Қуръон ва ё суннат аз онҳо манъамон карда ошно ҳастем, масалан, медонем, ки ғайбат ҳаром аст, дашном ҳаром аст, суханчинӣ ҳаром аст ва ғайра, вале намедонем, ки оё фалон кор ғайбат ва ё суханчинӣ ба шумор меравад ё на? […]

Дар чунин шароите, маргро ҷуз некбахтӣ ва зиндагӣ бо худкомагонро чизе ҷуз ранҷу хорӣ намебинам!

Хутбаи Имом Ҳусайн пас аз вуруд ба Карбало Ҳангоме ки номаи Убадуллоҳ ибни Зиёд ба дасти Имом Ҳусайн (алайҳис салом) расид, Имом бархостанд ва пас аз ҳамду санои илоҳӣ ин хутбаро хонданд: * * * Ба дурустӣ, ки рӯйдодҳои рӯзгори мо ҳаминест, ки менигаред; шароити рӯзгор дигаргун шуда, […]

Дар маънии ҳуррияти исломия ва сирри ҳодисаи Карбало

Аллома Иқболи Лоҳурӣ Ҳар ки паймон бо «ҳувалмавҷуд» баст, Гарданаш аз банди ҳар маъбуд раст. Мӯъмин аз ишқ асту ишқ аз мӯъмин аст, Ишқро номумкини мо мумкин аст. Ақл саффок асту ӯ саффоктар, Поктар, чолоктар, бебоктар. Ақл дар печоки асбобу илал, Ишқ чавгонбози майдони амал. Ишқ сайд аз […]