Рубрика: Без рубрики

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон: “Мардуми мо ба хубӣ ранҷи миллати Фаластинро дарк мекунанд”

Мавлавӣ Мухтор Муфлиҳ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон, имрӯз (ҷумъа, 22 май) ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии Қудс” эълом кард, мо беҳтар аз дигарон дарду ранҷи миллати мазлуми Фаластинро дарк мекунем, зеро Афғонистон ва мардуми ин кишвар солҳо дар ҷанг, куштор ва ҳамалоти теруристҳо қурбонӣ додаанд. Ба гузориши хабаргузории […]

Даргузашти муфтии Ҷумҳурии Ингушетиё дар асари ибтило ба куруно – (Видео)

Шайх Абдурраҳмон Муртазонов, муфтии Ҷумҳурии Ингушетиёи Русия, дар асари ибтило ба вируси куруно даргузашт. Ба гузориши “РИА Новости”, дар рӯзи 10 апрел замоне, ки нишонаҳои бемории COVID-19 дар муфтӣ зоҳир шуд, ӯро ба бемористоне дар маркази Ингушетиё мунтақил карданд, вазъияти вахиме дошт, ӯро ба оксижен (кислород) муттасил карданд. […]

Кабирӣ аз тахриби биноҳои таърихии шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ кард

Ба гузориши сойти Паём, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки асри имрӯз (6 апрел) дар пахши мустақим ба мардум сӯҳбат кард, аз тамоми фаъолону огоҳон даъват намуд, ки аз тахриби биноҳои таърихӣ дар кишвар пешгирӣ кунанд. Ҳамчунин аз боло бурдани қимати интернет дар замоне, ки ҳама кишварҳо […]

Сӯиқасд ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов

Дақоиқе пеш сомонаи Паём гузориш кард, ки соатҳое қабл ба ҷони раиси Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо Илҳомҷон Ёқубов сӯиқасд сурат гирифтааст. Ёқубов аз он ҷон ба саломат бурда, ҳоло дар беморхона қарор дорад. Ҳамла баъди намози бомдод дар шаҳри Каунуси Литвонӣ (Литва), ки Ёқубов онҷо зиндагӣ […]

Bollywood ва мусалмонҳаросӣ дар Ҳинд

Сайидюнуси Истаравшанӣ Охирин ҳузурам дар Тоҷикистон соли 2010 буд, ҳудуди ду ҳафта дар кишвар ҳузур доштам. Чанд рӯз дар зодгоҳам Истаравшан ва чанд рӯз ҳам дар Душанбе. Фазои кишвар дар он замон, комилан “туркӣ” буд. Ҳар ҷо, ки мерафтам, сухан аз сериёлҳои туркӣ ва “қаҳрамононаш” мерафт, ҳатто дар […]

Довудуғлу нахустин рақиби Ардуғон дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ

Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷа ва нахуствазири собиқ ва узви пешини ҳизби ҳокими Адолат ва тавсиъа, дар интихоботи оянда бо Раҷаб Тайиб Ардуғон барои расидан ба мақоми риёсати ҷумҳурии Туркия рақобат мекунад. Ба гузориши пойгоҳи хабарии Turkeyalaan, Мустафо Надим Ямолӣ, муовини раиси Ҳизби Оянда сешанбешаб гуфт: “Довудоуғлу дар […]

Арабистони Саудӣ посухи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомии Омрикоро маҳкум кард

Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ посухи мушакии Эрон ба иқдоми теруристии Омрикоро маҳкум кард. Вазорати хориҷаи Арабистони Саудӣ дар баёнияе ҳамлаи мушакии интиқомии Эрон ба низомиёни теруристи Омрико дар Ироқро маҳкум кард. Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, Риёз дар ин баёния иқдоми мушакии Эронро “нақзи ҳокимияти миллии Ироқ” […]

“Агар бо модарам иттифоқе рух диҳад, масъулияташ ба гардани раиси ноҳияи Зафаробод ва ШКД-и ноҳия аст”

Салим Султонзода, фаъоли тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки дар ҳоли ҳозир дар Фаронса ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад, дар ёддоште, бо ишора ба ин ки КДАМ барояш паёме фиристода, ки Раҳмон дар рӯзҳои наздик ба Урупо сафар дорад ва аз ин рӯ Салим набояд […]

Тамҷид аз пирӯз

Инсонҳо, албатта на ҳамаи инсонҳо, балки бештари онҳо ғолибу пирӯзро дӯст доранд ва аз вай таърифу тамҷид мекунанд. Ин пирӯз ҳар кӣ ва ба ҳар роҳе (ҳарчанд ба ғадру хиёнат) ба пирӯзӣ расида бошад. Аммо дар муқобил, мағлубу шикастхӯрдаро накӯҳишу сарзаниш мекунанд, агарчӣ мағлуб одами хубу росткоре ҳам […]

Эътирози 22 кишвар ба урдугоҳҳои боздошти мусалмонон дар Чин

Давлати Чин ҳанӯз шумори зиёде аз шаҳрвандони мусалмони уйғур дар устони Синкёнгро ба зӯр дар урдугоҳҳое нигаҳ медорад. Ба гузориши хабаргузори Фаронса, 22 кишвар бо ирсоли номае ба масъулони ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, рафтори давлати Чин бо ақаллияти мусалмони уйғури ин кишвар ва дигар ақаллиятҳои Чин дар […]

Достони подшоҳи варшикаста

Рӯзе подшоҳе хазонаро холӣ дид, пас, ба вазири зираки худ дастур дод, ки тарҳе барои будҷаи соли баъд ироа кунад. Вазир пас аз машварат бо “иқтисоддонон”, барои ҷуброни касрии будҷа тарҳе ироа кард, ки шомили се банд буд: 1) Молиёт ду баробар шавад; 2) Ниме аз гову гӯсфандҳо […]