Рубрика: Бишнав аз най…

Шарҳи Маснавӣ (381)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (2) * * * Гуфт: дунё лаъбу лавҳ асту шумо Кӯдакету рост фармояд Худо. Худованд фармуд: ин дунё бозича ва саргармӣ аст ва шумо, эй одамиён, кӯдаконед, ва ин калом ҳаққан, ки рост аст. […]

Шарҳи Маснавӣ (380)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (1) * * * Бишнав алфози ҳакими пардаӣ: Сар ҳамон ҷо неҳ, ки бода х(в)ардаӣ. Суханони ҳакими пардаиро гӯш кун, ки мегӯяд: розу сирратро ҳамонҷо қарор бидеҳ, ки бода нӯшидаӣ. Яъне розу асрори ҳақоиқро […]

Шарҳи Маснавӣ (379)

Аввал касе, ки дар муқобилаи насс қиёс овард, Иблис буд (3) * * * Гарчи Ҳорутеду Моруту фузун, Аз ҳама бар боми наҳнуссоффун. Бар бадиҳои бадон раҳмат кунед, Бар маниву хешбинӣ кам танед. Агарчи шумо Ҳоруту Морут ҳастед ва дар олитарин мартибаи малакутӣ қарор доред, нисбат ба бадиҳое, […]

Шарҳи Маснавӣ (378)

Аввал касе, ки дар муқобилаи насс қиёс овард, Иблис буд (2) * * * Каъба нодида макун рӯ з-ӯ матоб Аз қиёс, “Аллоҳу аълам бис-савоб”. Аз рӯи қиёс, Каъбаро нодида магир ва аз он рух барматоб, ки Худо ба ростӣ ва дурустӣ донотар аст. Нукта: Хулосаи матлаб ин […]

Шарҳи Маснавӣ (377)

Аввал касе, ки дар муқобилаи насс қиёс овард, Иблис буд (1) * * * Аввал он кас, к-ин қиёсакҳо намуд Пеши анвори Худо, Иблис буд. Нахустин касе, ки дар баробари анвори илоҳӣ қиёсҳои ночизу беарзиш кард, Иблис буд. Нукта: Иблис, ба нақл аз ояти шарифаи 76 сураи Сод, […]

Шарҳи Маснавӣ (376)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (3) * * * Бас касон, к-эшон ибодатҳо кунанд, Дил ба ризвону савоби он ниҳанд. Худ ҳақиқат маъсият бошад хафӣ, Бас кадир бошад, ки пиндорад сафӣ. Мавлоно аз инҷо ба истинтоҷ аз ин ҳикоят мепардозад. Мегӯяд: хелеҳо ҳастанд, ки бисёр […]

Шарҳи Маснавӣ (375)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (2) * * * Ман бигӯям: суҳҳ нӯшат, кист он Аз табибон пеши ту? Гӯяд: фалон. Ман дар ҷавобаш хоҳам гуфт: офият бошад, нӯши ҷонат! Сипас мепурсам: кадом як аз ҳакимон бар болини ту омадааст? Бемор мегӯяд: фалон ҳаким. Суҳҳ: […]

Шарҳи Маснавӣ (374)

Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш (1) * * * Хулосаи достон Ба як шахси ношунаво хабар доданд, ки ҳамсояат бемор шуда. Ӯ хост, ки ҳаққи ҳамсоягиро адо кунад ва ба иёдати бемор биравад. Вале пеши худ гуфт: ман бо ин гӯши кар, аз сухани он […]

Шарҳи Маснавӣ (373)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (3) * * * Гуфт: “Ал-маънӣ ҳуваллаҳ” шайхи дин, Баҳри маъниҳои раббулъоламин. Шайхи дин, ки дарёи маъонии ҳазрати парвардигори ҷаҳониён аст гуфт: маъно, ҳамон Худост. Нукта: Дар ин ки мақсуд аз […]

Шарҳи Маснавӣ (372)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (2) * * * Гардиши ин қолаби ҳамчун сипар Ҳаст аз руҳи мусаттар, эй писар! Эй писари маънавӣ! Гардишу ҳаракати ҷисм, ки ҳамонанди сипар руҳро дар паси худ ниҳон медорад, ношӣ […]

Шарҳи Маснавӣ (371)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (1) * * * Ҳамчу Ҳоруту чу Морути шаҳир Аз батар хӯрданд заҳролуд тир. Монанди Ҳоруту Морут, ки овозае фаровон доранд ва ҳама ҷо машҳуранд. Ин ду нафар ба хотири он […]