Рубрика: Бишнав аз най…

Шарҳи Маснавӣ (18)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (6) Аз Худованди валиюттавфиқ дархостани тавфиқи риояти адаб дар ҳамаи ҳолҳо ва баён кардани вахомати зарарҳои беадабӣ * * * Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб, Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб. Аз Худованд тавфиқи адабро хоҳонем, зеро ки […]

Шарҳи Маснавӣ (17)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (5) Нестваш бошад хаёл андар равон, Ту ҷаҳоне бар хаёле бин равон. Қувваи хаёл гӯӣ, ки дар руҳи одамӣ вуҷуд надорад, зеро зоҳиран дида нашавад. Лекин ту бибин, ки ҷаҳони одамиён бо ҳамаи паҳноварӣ, бар меҳвари хаёл мегардад. […]

Шарҳи Маснавӣ (16)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (4) Дар миёни гиря хобаш даррабуд, Дид дар хоб ӯ, ки пире рӯ намуд. Он подшоҳ дар миёни гиряву зорӣ буд, ки хоб бар ӯ чира шуд ва дар олами руъё дид, ки пире калонсол ба ӯ рух […]

Шарҳи Маснавӣ (15)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (3) * * * Зоҳир шудани аҷзи ҳакимон аз муолиҷаи канизак ва рӯй овардани подшоҳ ба даргоҳи Илоҳ ва дар хоб дидани ӯ валиеро * * * Шаҳ чу аҷзи он ҳакимонро бидид, Побараҳна ҷониби масҷид давид. Шоҳ […]

Шарҳи Маснавӣ (14)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (2) Шаҳ табибон ҷамъ кард аз чаппу рост Гуфт: ҷони ҳар ду дар дасти шумост. Ҷони ман саҳл аст, ҷони ҷонам ӯст, Дардманду хастаам, дармонам ӯст. Ҳар кӣ дармон кард мар ҷони маро, Бурд ганҷу дурру марҷони маро. […]

Шарҳи Маснавӣ (13)

Ҳикояти ошиқ шудани подшоҳе бар канизаке ва харидани подшоҳ канизакро (1) Хулосаи достон Подшоҳе ба қасди шикор ҳамроҳи хидматкоронаш ба беруни шаҳр рафт. Дар миёнаи роҳ канизаке зеборӯ дид ва дил ба ӯ бохт ва бар он шуд, ки ӯро ба даст орад ва ҳамроҳи худ барад ва […]

Шарҳи Маснавӣ (11)

Чун набошад ишқро парвойи ӯ, Ӯ чу мурғе монд бе пар, войи ӯ! Ин байт аз лиҳзои мазмун такмилкунанда ва таъйидкунандаи байти пешин аст. Маънои байт: Агар ишқ ба сӯи ошиқ таваҷҷӯҳ накунад, ошиқ монанди парандаи паркандае аст, ки вой ба ҳолаш! Шарҳ: Баъзе аз шореҳон дар маънии […]

Шарҳи Маснавӣ (10)

Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме, Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме. Ин байт дар ҷавоби суоле аст, ки баъд аз байти пешин худнамоӣ мекунад. Гӯё касе мепурсад: эй ҳазрати Мавлоно! Ин ишқ чист, ки аз азамати он ҷисмҳои хокӣ ба меъроҷ мераванд ва кӯҳи Тур ба рақс меояд […]

Шарҳи Маснавӣ (9)

Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд, Ӯ зи ҳирсу ҷумла айбе пок шуд. Маъно: Ҳар кас ҷомаи худхоҳӣ ва нафсониаш аз шиддати ишқ ба ҳазрати Маъшуқ чок шавад, ӯ аз ҳирс ва ҳар навъ айбе пок хоҳад шуд. Шарҳ: Ишқ (хоҳ ҳақиқӣ ё маҷозӣ) сабаби табдили ахлоқ […]

Шарҳи Маснавӣ (8)

Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеч хом, Пас сухан кӯтоҳ бояд, вассалом. Маъно: Шахси хом наметавонад аҳволи пухтагонро дарёбад; зеро ҳоли ононро наметавон бо алфозу иборот дарк кард. Ҳол ки чунин аст, пас бояд суханро кӯтоҳ намуд ва дам фурӯ баст. Шарҳ: Ин ду байт ишора ба ин аст, ки […]

Шарҳи Маснавӣ (7)

Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест, Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест. Маъно: Ин ҳуш маҳрамаш танҳо касоне ҳастанд, ки аз ақли маъош беҳушанд. Яъне асрори ҳақиқатро танҳо аҳли фано, ки аз ғайри Ҳақ беҳушанд, дарк тавонанд кард ва ноаҳлон ва мункирон дар муқобили ин асрор кару гунг […]