Category: Бишнав аз най…

Шарҳи Маснавӣ (355)

Омадани меҳмон пеши Юсуф алайҳиссалом ва тақозо кардани Юсуф алайҳиссалом аз ӯ тӯҳфаву арғумон (3) * * * Баъди қисса гуфтанаш гуфт: эй фалон! Ҳин, чӣ овардӣ ту моро армуғон? Ҳазрати Юсуф (а) пас аз он ки қиссаи хешро бозгуфт, хитоб ба меҳмон гуфт: хуб, ҳоло бигӯ бибинам, […]

Меҳри аблаҳ, меҳри хирс омад яқин

Мавлоно дар Маснавӣ овардааст, аждаҳое хирсеро ба чанг овард ва хост ӯро бикушад ва бихӯрад. Хирс фарёд кард ва кӯмак хост. Паҳлавоне рафт ва хирсро аз чанги аждаҳо наҷот дод. Хирс вақте меҳрубонии он паҳлавонро дид, ба пойи паҳлавон уфтод ва гуфт, ман хидматгузори ту мешавам ва ҳар […]

Шарҳи Маснавӣ (354)

Омадани меҳмон пеши Юсуф алайҳиссалом ва тақозо кардани Юсуф алайҳиссалом аз ӯ тӯҳфаву арғумон (2) * * * Гуфт: чун будӣ зи зиндону зи чоҳ? Гуфт: ҳамчун дар муҳоқу кост моҳ. Он дӯст ба ҳазрати Юсуф (а) гуфт: бо зиндону чоҳ чӣ кор кардӣ? Яъне аҳволат дар зиндону […]

Шарҳи Маснавӣ (353)

Омадани меҳмон пеши Юсуф алайҳиссалом ва тақозо кардани Юсуф алайҳиссалом аз ӯ тӯҳфаву арғумон (1) * * * Хулосаи достон Яке аз дӯстони дерини ҳазрати Юсуф (а) ба дидани ӯ рафт, он ҳазрат аз бародаронаш достонҳо гуфт ва баён дошт, ки чи сон ӯро бастанд ва ба чоҳ […]

Чаро осори Мавлоно дар Омрико пурфурӯш аст?

Ёддоште аз Ҷин Сиёботорӣ (Jane Ciabattari) Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ориф ва дарвеши порсӣ, дунболкунандаҳои бешуморе дар Омрико ва дигар нуқоти ҷаҳон дорад. Ашъори ҳаяҷонангези Румӣ, ин шоири порсӣ ва устоди сӯфӣ, дар соли 1207 милодӣ, яъне ҳудуди 812 сол пеш, мутаваллид шуд. Дар солҳои ахир милюнҳо нусха аз […]

Шарҳи Маснавӣ (352)

Нишондани подшоҳон сӯфиёни орифро пеши рӯйи хеш, то чашмашон бад-эшон равшан шавад * * * Мавлоно дар ин фасл, ба яке аз русуми Салоҷиқаи Рум (Осиёи Сағир, Туркияи имрӯз) ишорат дорад. Шоҳони салҷуқии Рум ба ҳусни тадбиру мулотифату бархӯрди муридона бо урафо ва сӯфия машҳур будаанд. Аз он […]

Шарҳи Маснавӣ (351)

Таҳдид кардани Нӯҳ алайҳиссалом мар қавмро, ки бо ман мапечед, ки ман рӯй пӯшам, бо Худой мепечед дар миёни ин ба ҳақиқат, эй махзулон! (2) * * * Ҳар ки ӯ дар пеши ин шери ниҳон Беадаб чун гург бигшояд даҳон, Ҳамчу гург он шер бардарронадаш, “Фантақамно минҳуму” […]

Шарҳи Маснавӣ (350)

Таҳдид кардани Нӯҳ алайҳиссалом мар қавмро, ки бо ман мапечед, ки ман рӯй пӯшам, бо Худой мепечед дар миёни ин ба ҳақиқат, эй махзулон! (1) * * * Гуфт Нӯҳ: эй саркашон, ман ман наям, Ман зи ҷон мурда, ба ҷонон мезиям. Ҳазрати Нӯҳ (а) ба қавми хеш […]

Шарҳи Маснавӣ (349)

Адаб кардани шер гургро, ки дар қисмат беадабӣ карда буд (2) * * * Гуфт рӯбаҳ: сад сипос он шерро К-аз паси он гург вохонд ӯ маро. Рӯбоҳ ҳамон лаҳза сипосу шукри бисёр гуфт, ки шер ибтидо гургро бад-ин кор хонд ва сипас маро, то битавонам аз ӯ […]

Шарҳи Маснавӣ (348)

Адаб кардани шер гургро, ки дар қисмат беадабӣ карда буд (1) * * * Гургро барканд сар он сарфароз, То намонад дусариву имтиёз. Он шери сарфарозу гаронқадр сари гургро барканд, то ду раис ва ду имтиёз вуҷуд надошта бошад (ва имтиёзу муғойират аз байн биравад.) Дусарӣ: вуҷуди ду […]

Шарҳи Маснавӣ (347)

Қиссаи он кас, ки дари ёре бикӯфт, аз дарун гуфт: кист он? Гуфт: манам. Гуфт: чун ту туӣ, дар намегушоям, ҳеч касро аз ёрон намешиносам, ки ӯ “ман” бошад, бирав. (5) * * * Нотиқа сӯйи даҳон таълимрост В-арна худ он нутқро ҷӯйе ҷудост. Он ҳақоиқ аз роҳи […]