Рубрика: Дидгоҳ

Дурӯғи “тавҳиномез”-и Арабистони Саудӣ

Ба қалами Никулос Кристуф (Nicholas Kristof) дар рӯзномаи New York Times Никулос Кристуф, бо тавҳиномез хондани баёнияи Арабистони Саудӣ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, навишт, мумкин аст Муҳаммад бен Салмон барои инҳирофи афкори умумӣ, даст ба рискҳои зиёде аз ҷумла ҷанг бо Эрон бизанад. * * * Пас […]

Мавҷуда Соҳибназарова: “Чаро имрӯз расонае пайдо намешавад, ки дар Бадахшон таҳқиқоти журналистии мустақил барад?”

Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ва узви Шӯрои олии ПМТ, дар мусоҳиба бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо баёни ин ки мушкилоте, ки дар бораи Бадахшон гуфта мешавад, воқеият надоранд изҳор дошт: “Чаро имрӯз расонае пайдо намешавад, ки дар Бадахшон таҳқиқоти журналистии мустақил барад?” Машрӯҳи мусоҳиба бо […]

Чаро ҷиҳодро интихоб мекунанд?

Муруре бар китоби “Ба ман гуфтанд, танҳо биё…” – китоби ҷадиде, ки ҳосили сафаре моҷароҷӯёна миёни ҷиҳодиҳост Гузоришҳо дар бораи ғарбиҳое, ки ба ДОЪИШ дар Сурия мепайванданд, маъмулан ривоятгари қиссаи одамҳои ҷавон ва боҳушеанд, ки шояд решаҳои аҷдодиашон ба як кишвари мусалмон бирасад, аммо бахши умдаи зиндагиашонро дар […]

Исломи сиёсӣ баъд аз баҳори арабӣ: кашокаши ҷиҳод ва демукросӣ

Ба қалами Оливе Рой (Olivier Roy) дар нашрияи Foreign Affairs Расонаҳои ҷаҳон пур аст аз титрҳое дар бораи ДОЪИШ, Букуҳаром ё дигар гурӯҳҳои исломгарои мусаллаҳ ва хушунатталаб. Аммо дар воқеияти рӯзмарраи кишварҳои исломӣ, ҷунбишҳои исломии миёнараве, ки талош мекунанд дар чорчӯби қонунҳо ва бо омӯзишу корҳои хайрия мардумро […]

Парвандаи Ҳоҷӣ Умаралӣ ва Ҷамол: нуқоти ифтироқу иштирок

Сайидюнуси Истаравшанӣ Парвандаи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, ва парвандаи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, муассис ва раҳбари “Гурӯҳи 24”, ҳамон тавр, ки дар мавориде аз ҳам ҷудо мешаванд (нуқоти ифтироқ), дар мавориде аммо, бо ҳам дорои нуқоти муштараке ҳастанд. 1) Нуқоти ифтироқи (ҷудоии) ин ду парванда, яке ин […]

Алим Шерзамонов: “Интиқоли хонаводагии қудрат, решаи аслии бӯҳрони Бадахшон”

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар мусоҳибае, бо баёни ин ки “ҳукумат аз тариқи набард ба қудрат расида ва қудраташро низ аз тариқи зӯр мустаҳкам кардааст”, гуфт: “Бадахшон охирин нуқтаи Тоҷикистон барои мустаҳкам кардани қудрати Раҳмон аст.” Машрӯҳи мусоҳибаи Алим Шерзамонов: — Дар мавриди вазъияти […]

Мизони талоши мо барои озодӣ, ба миқдори эҳсоси ниёзамон ба он аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Як лаҳза худро дар биёбоне беобу алаф, ташна ва бо лабони хушк тасаввур кунем. Дар чунин ҳолат, саъйу талоши мо барои расидан ба оби гуворо чӣ гуна хоҳад буд? Оё ин ташнагӣ моро ба ҳар тараф барои пайдо кардани об нахоҳад кашонд? Оё бо тамоми […]

Коризмо; ташхиси он аз таърифаш роҳаттар аст

Мақолае аз профессор Ҷон Путс (John Potts) Ташхиси коризмо (харизма) аз таърифи он роҳаттар аст. Мақолоти рӯзномаҳо ва маҷаллот ҳамеша дар пайи ташхиси раҳбарони коризмотик мисли Ҷон Кенедӣ, Мортин Лутер Кинг ва Борок Убомо ҳастанд, аммо ҳамаи он мақолот, ба нудрат ба ин нукта мепардозанд, ки коризмо воқеан […]

Озодихоҳони тоҷик ва қабилаи Аче

Муҳиддин Кабирӣ Солҳои 70 -уми асри 20 охирин намояндагони қабилаи Аче, яке аз қабилаҳои бумии Амрикои лотиниро дар мамнӯъгоҳе ҷой карданд, чун онҳо дигар қолибилияти мустақилона зинда монданро аз даст дода буданд. Аче тӯли чанд насл алайҳи испониҳо барои сарзамину ҳуввияташон меҷангиданд, мағлуб мешуданд, сулҳ мекарданд ва… боз […]

Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз

Сайидюнуси Истаравшанӣ Иллати равобити бисёр-бисёр гарму самимонаи ҳокиму ҳукумати кунунии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ, на танҳо масоили сирф сиёсӣ ва ё иқтисодӣ аст – ки ин гуна равобит миёни кишварҳо, табиӣ аст – балки фориғ аз ин, далели ин гармиву самимият, чизе дигар ҳам ҳаст. Ва он ин […]

Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Имом Абӯҳанифа

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дирӯз, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиатномае хитоб ба мардуми шарифи кишвар мунташир кард. Дар ин муроҷиатнома – ки дар воқеъ рангу бӯи фатво медиҳад – иддао шудааст, ки ҳамаи амалкардҳои Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) гӯӣ “хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ” […]