Рубрика: Дидгоҳ

Дуои наврӯзӣ

Худоё! Эй дигаргунгари дилҳову дидаҳо! Эй гардонандаи чархи рӯзону шабон! Эй беҳбудбахши рӯзгори мардумону замин! Ҳоли моро ба беҳтарин ҳол дигаргун бифармо! * * * Фаро расидани Наврӯз ва соли нави шамсии 1399-ро ба яко-яки ҳаммиҳанонам табрику таҳниат мегӯям. Дар лаҳазоти поёнии соли шамсӣ, даст ба сӯйи Худованди […]

Чӣ касе кӯтоҳ меояд: қавӣ ё заъиф?

Ба баҳонаи зодрӯзи устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳар аз гоҳе бо дӯстон дар бораи ҳодисаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон ва сулҳу созише, ки баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, баҳсу гуфтугӯ мекунем. Дар бештари ин гуфтугӯҳо, вақте сухан аз нуқоти заъфу қуввати тарафайни он даргириҳо — […]

Куруно, Худобинӣ ва худбинӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Медонед, фарқи инсон бо дигар мавҷудоти ҷаҳони ҳастӣ кадом аст? Масалан, фарқи ӯ бо як дарахт, фарқаш бо хуршед, бо моҳ, фарқи ӯ бо кулли сайёраҳо ва каҳкашонҳо ва ғайра?.. Фарқашон дар ин нест, ки ин мавҷудот барои ҳадафе офарида шуда ва ба сӯи он дар […]

Инқилоби фарҳангӣ дар Ӯзбакистон

Ба қалами Азиз Нақибзод Эҳсос кардам, ки мардуми Ӯзбакистон ҳам он қадар алоқаманди китоб нестанд. Мардуми шаҳрҳояш шояд каме бештар аз мо ба китоб таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, мардуми шаҳрии қазоқу қирғиз дар китобхонӣ аз мо тоҷикон ва ӯзбакҳо пештар рафтаанд. Аммо маълум мешавад, ки […]

Мусалмонӣ, ки ҳеч, бӯйе аз инсоният ҳам надоранд

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар нахустин рӯзҳое, ки вируси куруно дар Чин буруз кард, иддае “мусалмон” табли шодӣ заданд ва ба пойкӯбӣ пардохтанд ва фарёд сар доданд, ки ин як азоби илоҳист бар қавми ситамгар. Аз он сӯй ҳам, шуморе аз давлатмардони омрикоӣ низ хурсанд шуданд ва гуфтанд, ин беморӣ, […]

Чаро куруно дар Ҳинд чандон шуюъ пайдо накард?

Ҳинд бо Чин афзун бар 2 ҳазор километр марзи заминӣ дорад. Аз сӯи дигар, табиист ду кишвари ҳамсоя бо ҷамъияти боло бояд равобити инсонии густурдае дошта бошанд. Ҳамчунин, Ҳинд шӯҳрат дорад ба сатҳи поини беҳдошти умумӣ ва осебпазирӣ дар баробари бемориҳои ҳамагир ва ъуфунӣ. Бо ин ҳама, шигифтангез […]

Мирзиёев ва ислоҳот дар Ӯзбакистон

Ёддошти Азиз Нақибзод Агар чашм нарасаду қудратҳои ҷаҳонӣ рашкашон наояд ва ба сиёсатҳои Ӯзбакистон дахолат накунанд, дар солҳои наздик шоҳиди рушди чашмгири кишвари ҳамсоя хоҳем шуд. Шарти инсоф аст, ба гардан бигирем, ки пойдевори рушди иқтисод ба хусус истеҳсолотро дар Ӯзбакистон президенти собиқаш Ислом Каримов гузошта буд. Каримов […]

Яке ду сухан бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи интихоботи ахир

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид ва натоиҷаш ҳам эълон шуд; натоиҷе, ки касе ғайри онро интизор надошт. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сусиёл-демукрот (ҲСДТ) – ки таваққӯъ дошт ҳизбаш дорои чанд курсӣ мешавад – тасреҳ кард, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифта. Шокирҷон Ҳакимов, муовини эшон ҳам, дар […]

Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад

Мусалмононеро мешиносам — ки аз қазо, андак ҳам нестанд – фаҳмашон аз мутавозеъ ва фурӯтан будан, ки ислом бар он таъкид дорад, ин аст, ки ту набояд шику ороста бошӣ; либосҳоят уту нокарда ва нотамиз, ришу сару суратат номураттаб, ва хулоса дорои шаклу андоми бисёр ишмиъзозовар бошӣ. Дар […]

Ҷаласа яъне ҳадар додани вақт, роҳи ҳалле вуҷуд дорад?

Ду гуна кор дорем: навъи аввал, ки шомили анвоъу ақсоми корҳое аст, ки коргарону кормандони зердаст анҷом медиҳанд, ва навъи дуввум, ки махсуси мудирону масъулон аст: “ҷаласа рафтан”. Ҳар иттифоқе, ки меафтад, аввалин чизе, ки мешунавем ин аст, ки ҷаласаҳое баргузор хоҳад шуд. Аммо ҷаласа, чунонки медонед, яке […]