Рубрика: Достон ва ҳикоёт

Се ҳикояти ҷолиб аз илмдӯстии донишмандон

Ғаззолӣ ва роҳзанон Дар шарҳи ҳоли Имом Ғаззолӣ ин достон омадааст, ки аз Тӯс ба Нишопур омада ва чанд сол онҷо монда буд ва таҳсил мекард ва хеле ҳам ҷиддӣ буд ва тибқи маъмул дарсҳои худашро ёддошт мекард ва менавишт. Вақти баргаштан аз Нишопур ба Тӯс, Ғаззолӣ ёддоштҳои […]

Ду се нуктаи ҷолиб аз Аҳмади Дониш

Ҳузне, ки куффоррост, ъушри ъашири он (яъне аз даҳ яки он) аҳли имонро нест Аллома Аҳмади Дониш дар “Наводирул-вақойеъ” он ҷо, ки аз сафари худ ба ҳамроҳи чанд нафар ба Русия ва боздид аз Сан-Петерзбург ва ширкат дар базму маросимҳои наздикони имперотури Русия мегӯяд ва ин ки чӣ […]

Ҳикояте омӯзанда аз зиндагии Хоҷа Насируддини Тӯcӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ Атомалики Ҷувайнӣ, яке аз вазирони дарбори Ҳалоку ва муаллифи китоби “Таърихи ҷаҳонгушой”, ба Хоҷа Насируддини Тӯcӣ гуфт: — Акнун, ки Эрон дар зери юғи аҷнабӣ (муғулон) аст ва ҳеч ҷойи нафас кашидан нест, беҳтарин ҷойи дунё барои иқомат гузидан куҷост, то аз […]

Ду ҳикмат ва ду дарс

Тӯҳмат Фарде аз дӯсташ бобати тӯҳмате, ки ба ӯ зада буд, ҳалолият талабид. Дӯсташ гуфт: ба як шарт қабул мекунам, ки як болиши парро канори ҷодда рӯи даст бигирӣ ва ҳангоме, ки бод мевазад, онро бо ханҷар пора кунӣ ва дар маърази бод биистӣ, то бод тамоми парҳоро […]

Ислом чӣ гуна одамҳоро мутаҳаввил мекунад?

Суханронии Ҷаъфар ибни Абӯтолиб (р) дар баробари Наҷҷошӣ — подшоҳи Ҳабаша, ба бисёре аз пурсишҳои ҳатто имрӯзиҳо, ки – аз маориф ва омӯзаҳои ойини наҷотбахши ислом чандон огоҳ нестанд — посух медиҳад. Моҷаро аз ин қарор аст, ки дар садри ислом, замоне ки ҳанӯз ҳазрати Паёмбар (с) дар […]

Шайтон аз ҷойе ба шумо нуфуз мекунад, ки ҳатто ба фикратон намерасад // Ба чӣ касе “мухлас” гуфта мешавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Рӯзе, ки шайтон ба хотири саркашӣ аз фармони Худо, аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд, аз Худо як хоҳиш кард. Гуфт: парвардигоро, то як замони муайян ба ман мӯҳлат бидеҳ. Худо ҳам пазируфт ва барояш мӯҳлат дод. Шайтон сипас хитоб ба Худо арз кард: “Ба иззати ту […]

Хавориҷ; нахустин такфириҳои таърих

Яке аз саҳнаҳои бисёр дарсомӯзи таърихи ислом, таъомули ҳазрати Алӣ (а) бо Хавориҷ аст; як мушт афроди ҷоҳилу нодоне, ки намедонистанд ҷоҳиланд. Одам вақте бидонад, ки намедонад, хуб аст, зеро ба дунболи донистан мешавад. Аммо вақте надонад ва ба нодонии худ огоҳ набошад, ин дигар як мусибат аст. […]

Муқобила бо Қуръон // Ду достон

Қуръони Карим мухолифи зиёд доштааст. На танҳо дар садри ислом, балки дар қарнҳои баъдӣ ҳам мухолифи зиёд дошта; он ҳам мухолифоне, ки дар замони худашон дар тирози аввали фасоҳату балоғат будаанд. Дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ иддае пайдо шуда буданд, ки расман зидди ислом ва зидди Қуръон буданд, мисли […]

Ҳамон об гӯсфандонро бурд

Дар як рустои хушобуҳаво марде ба номи Ҳасан зиндагӣ мекард. Ҳасан гӯсфандони бисёре дошт. Обуҳавои хубу гиёҳони бисёре, ки дар доманаи кӯҳ‏ҳои русто рӯйида шуда буд, боиси чоқ шудани гӯсфандон ва зиёд шудани шири онҳо шуда буд. Ӯ бо фурӯши шири гӯсфандон ме‏тавонист зиндагии хубе дошта бошад. Аммо […]