Рубрика: Забон ва адабиёт

Оё сардии равобити Эрону Тоҷикистон монеъи иқдом ба гузор ба хатти порсист?

Умед Ҷайҳонӣ, рӯзноманигори тоҷик, бо баёни ин ки “ин гумону пиндор, ки забону хатти форсӣ моли Эрон аст, аз беху бун ғалат ва аҳмақона аст” таъкид кард: “Забону хатти форсӣ аз мо низ ҳастанд ва форсинавис шудани мо ҳам набояд камтарин пайванду нисбате ба гармиву сардии равобити Тоҷикистон […]

Кадом як аз китобҳои Ишигуруро мешавад ба хатти пириллик пайдо карду хонд?

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик, дар сафҳаи Фейсбуки худ, бо ишора ба ин ки “бисёре аз китобҳои Козу Ишигуру ба порсӣ (ба хатти порсӣ) тарҷума шуда ва дар дастрас аст, ба монанди “Бозмондаи рӯз” ё “Манзари паридаи ранги таппаҳо”, “Шабонаҳо”, “Ҳаргиз раҳоям накун”, “Рустое пас аз торикӣ”, ин суолро […]

Даргузашти Наимҷон Назирӣ

Наимҷон Назирӣ, шоир ва адиби номдори тоҷик, имрӯз (01.10.2017) дар синни 81-солагӣ дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофт. Назирӣ дар таърихи 20 августи соли 1936 дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшани кунунӣ) зода шуда. Ӯро Аслонов ҳам мехонданд. Назирӣ фориғуттаҳсили мактаби миёнаи ба номи Горкийи ҳамин шаҳр аст. […]

Дар маънии ҳуррияти исломия ва сирри ҳодисаи Карбало

Аллома Иқболи Лоҳурӣ Ҳар ки паймон бо «ҳувалмавҷуд» баст, Гарданаш аз банди ҳар маъбуд раст. Мӯъмин аз ишқ асту ишқ аз мӯъмин аст, Ишқро номумкини мо мумкин аст. Ақл саффок асту ӯ саффоктар, Поктар, чолоктар, бебоктар. Ақл дар печоки асбобу илал, Ишқ чавгонбози майдони амал. Ишқ сайд аз […]

Умед Ҷайҳонӣ: “Забони Рӯдакиро бояд дар ниҳодҳои давлатӣ ба кор гирифт”

Мусоҳибаи хабаргузории Sputnik бо Умед Ҷайҳонӣ Понздаҳ сол боз дар Тоҷикистон 22 сентябрро чун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн мегиранд. Маъмулан дар ин рӯз барномаҳои рӯдакихонӣ баргузор мешаванд ва мақолаҳое дар бораи Рӯдакиву аҳволу осораш мунташир мешаванд. Аммо камтар касе аз корбурди забони Рӯдакӣ дар ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистон сухан мегӯяд. […]

Биё аз нав ба худ оем

Домулло Абдуррашиди Фозил, шоир ва орифи тоҷик, дар шеъре таҳти унвони “Биё аз нав ба худ оем”, парокандагии уммати исломӣ ва зулму ситамҳое, ки ин рӯзҳо бар сари ӯ фуруд меояд, ба тасвир кашида. Ӯ менависад: Дар Бирма мусулмонкушӣ мекунанд чунон ки мусулмонон ва мардуби бечораро дар Ироқу […]

Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст

(Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ) Яке аз мулуки Аҷамро ҳикоят кунанд, ки дасти татовул (дастдарозӣ) ба моли раият дароз карда буд ва ҷавру азият карда, то ба ҷое, ки халқ аз макоиди (макрҳои) феълаш ба ҷаҳон бирафтанд ва аз курбати (мусибати) ҷавраш роҳи ғурбат гирифтанд. Чун раъият кам шуд, […]

Нақди талаққии ғарбиён аз тафаккури Ҳаким Умари Хайём

Ба қалами профессор Сайидҳусайни Наср Ишора: Сайидҳусайни Наср, файласуфи эронӣ ва устоди улуми исломӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтуни Омрико, ки мақолот ва кутуби донишгоҳии бисёреро ба риштаи таҳрир даровардааст. * * * Хайём Умуман ҳеч шахсияте дар торихи адабиёти форсӣ ва дар ҳақиқат дар торихи тафаккури исломӣ ва […]

Мо инҷо мондагорем…

Низор Қаббонӣ, шоири номдори араб, дар ситоиши муқовимати Фаластин ва маҳрумиятҳои мардуми дардманди он диёри муқаддас шеърҳои дурахшоне сурудааст. “Симфунии панҷуми ҷануб” ва “Кӯдакони санг” аз машҳуртарин ашъори ӯст. Дар зайл як намуна аз ашъори ӯ оварда мешавад. Ин шеъри ба истилоҳ нав, ба арабист, вале тарҷумаи форсиаш […]

Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавии Маънавӣ (2)

Ба қалами Машҳурахон Ҷавҳаризода, коршиноси забон ва адабиёти форсӣ Бахши дуввум Фасли дуввум Робитаи инсон бо худ Ҳақиқати одамӣ андеша ва тадаббури ӯст Андеша ба маънои тадаббур, тафаккур ва ба ин маъност, ки афкоре, ки ба хайру некӣ раҳнамун буда ва писанди ақлу шаръ бошад, монанди ёди Худо […]

Омӯзаҳои ахлоқӣ дар Маснавии Маънавӣ (1)

Ба қалами Машҳурахон Ҷавҳаризода, коршиноси забон ва адабиёти форсӣ Бахши аввал Муқаддима Маснавии Маънавӣ асари пурарзиши шоир, ориф ва донишманди порсигӯй, Муҳаммад Ҷалолиддини Балхист. Ин асар, аз 26000 байт ва шаш дафтар иборат буда ва яке аз бартарин ва пурмӯҳтавотарин китобҳои адабиёти ирфонии куҳани форсӣ ва ҳикмати эронии […]