Рубрика: Забон ва адабиёт

Таҳлили навиштори ахири ҷаноби Бозор Собир, аммо аз як зовияи дигар

Мақолаи ахири ҷаноби Бозор Собир оё ниёз ба радд ва ҷавоб дорад? Бале, дорад. Аммо ба назар мерасад, ин мақола беш аз он ки “муҳтавояш” ниёз ба “посухи илмӣ” дошта бошад, ба таҳлил ва баррасии равоншиносонаи “соҳибаш” ниёз ҳаст. Албатта, мақолаи бародари азизамон Дориюши Раҷабиён, ки дар посух […]

Эй кош мешуд меҳри забони модариро дар инҳо рехту барангехт!

Ду ёддошт аз Дориюши Раҷабиён Эй кош мешуд меҳри забони модариро дар инҳо рехту барангехт! Забони порсӣ душманони фаровоне доштааст. Аз импротурии Юнон гирифта то импротурии Рус, ҳама дар пайи он будаанд, ки забони порсиро аз сафҳаи торих бизудоянд. Аммо дар Тоҷикистон, ки замоне хостгоҳи забони порсии навин […]

Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност

«Агар мо ҳама медонистем, ки хоки аҷдоди мо — варорӯдиён ва эрониёни имрӯз аз як салсол аст, ба ҳарфи онҳое, ки Эрону Афғонистону Тоҷикистонро гоҳо мамолики ҳамҷавор мегӯянд, бовар намекардем ва мегуфтем, ки: Эй кӯрони таърих, на! Моро ҳамҷавор гуфтан кам аст, мо ҳамтаборем, ҳамканорем, дар замин ҳамгоҳвораем, […]

Шарҳи Маснавӣ (5)

Оташи ишқ аст, к-андар най фитод, Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод. Маъно: Агар най ба нола меуфтад, ба хотири оташи ишқе аст, ки дар он уфтода ва мӯҷиби навои ҳазини он шуда. Ва агар бода меҷӯшад, он ҳам ба хотири ҷӯшиши ишқ аст. Шарҳ: Шореҳон бар ин […]

Шарҳи Маснавӣ (4)

Сирри ман аз нолаи ман дур нест, Лек чашму гӯшро он нур нест. Маъно: Ҳарчанд асрор ва розҳои даруниам дар нолаҳои ман наҳуфта ва аз он ҷудо нест ва ба гӯши ҳар кас мерасад, вале чашмро он биноӣ ва гӯшро он шунавоӣ нест, ки ба асрори наҳуфтаи ман […]

Шарҳи Маснавӣ (3)

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман, Аз даруни ман наҷуст асрори ман. Маъно: Ҳар кас аз рӯйи гумони худ бо ман ёру ҳамроҳ шуд, вале ҳеч кас аз асрори даруни ман воқиф нашуд. Шарҳ: Бархе аз маснавишиносон байти дуввумро инчунин ҳам донистаанд: “В-аз даруни ман наҷаст […]

Шарҳи Маснавӣ (2)

К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд. Маъно: Аз ҳамон рӯзе ки маро аз асл ва хостгоҳам (найистон) ҷудо кардаанд, марду зан дар нолаҳои ман нолаҳои чонгудози худро сар додаанд. Яъне ҳамроҳи ман аз дарду фироқ нолидаанд. Шарҳ: Манзури байт ин аст, ки аз вақте […]

Шарҳи Маснавӣ (1)

Тасмим гирифтам, ҳар рӯз сари фурсат аз Маснавӣ биёварам ва ба шарҳ ва тавзеҳи ашъори Мавлоно ба андозаи дониши андакам ва бо истифода аз шарҳҳои маъруфи Маснавӣ мисли “Шарҳи ҷомеи Маснавӣ” ба қалами Устод Карими Замонӣ ва низ дигар шарҳҳо бипардозам. Саъй мекунам, бо забони равон шарҳашон бикунам. […]

Саъдӣ

Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои мутаъадид аз “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ аз замони рунесонс ба баъд ба забонҳои мухталифи урупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст. Вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба […]

Гар бувад умр, ба майхона расам бори дигар

Гар бувад умр, ба майхона расам бори дигар, Ба ҷуз аз хидмати риндон накунам кори дигар. Хуррам он рӯз, ки бо дидаи гирён биравам. То занам об дари майкада як бори дигар, Маърифат нест дар ин қавм, Худоё, сабабе, То барам гавҳари худро ба харидори дигар. Ёр агар […]