Рубрика: Забон ва адабиёт

Посухе ба касоне, ки иддаоҳое дар бораи забони форсӣ баён мекунанд

Забони форсӣ дар ҳавзаи тамаддунии Эрони бузург густараи васеъ ва ҷуғрофиёи қобили таваҷҷӯҳеро зери сояи худ қарор додааст, ки дар бархе аз давраҳо аз ғарби Эрон то манотиқе аз Чинро дарбар мегирифт. Аммо султа ва сайтараи забони форсӣ маҳдуд ба манотиқе, ки имрӯз аз он бо унвони Афғонистон, […]

Шаҳрӣ будани як тоҷик ба чист?

Ёддошти Дориюши Раҷабиён Шаҳрӣ будан барои як тоҷик фақат ба маънои зиндагӣ дар шаҳр ва бавежа дар Душанбе нест. Шаҳрӣ будан пеш аз ҳама бо зеҳнияти мо сарукор дорад. Шаҳрӣ ҳамон тоҷикест, ки пеш аз ҳама забони модарии худро медонад ва ба он забон осону беташвиш сӯҳбат мекунад. […]

Тафкики забони “порсӣ” аз “дарӣ”; Ашрафи афғон дунболи чист?

Ба қалами Меҳрдоди Хадир Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, дар ойине бо унвони “Гуфтумони таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ” гуфтааст: “Афғонистон маҳди забони дарӣ аст. Эрон паҳлавизабон буд. Мо забону адабиёти дариро инкишоф додем. Ҳоло ба мо мегӯянд: Эрони шарқӣ. Эй бародар! Дуздӣ ҳам ҳадд дорад, ҳадд дорад!” Ин […]

Вокунишҳо ба суханони Ашраф Ғанӣ, ки байни “дарӣ” ва “порсӣ” ҷудоӣ қоил шуд

Суханони Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар бораи “забони дарӣ” вокунишҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоии эронӣ ва афғон дар пай дошт. Ба гузориши Euronews, Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, чанд рӯз пеш (30 январи 2020) дар маросиме бо унвони “Гуфтумони таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ”, дар ҷамъи донишҷӯён гуфта буд: “Афғонистон […]

Нусхаи тозакашфшудаи Девони Ҳофиз – тасовир

Сарнавишти нусхае камназир аз Девони Ҳофиз, ки ахиран кашф шуда ҷолибу хонданӣ аст; нусхае, ки пас аз солҳо пайгирии пулиси Олмон, дар опортумоне дар Омстердоми Ҳуланд кашф шудааст. Як корогоҳи ҳуландӣ бо номи Ортур Бренд (Arthur Brand), моҳи гузашта нусхае аз Девони Ҳофизро, ки гуфта мешавад арзише як […]

Сафар Абдуллоҳро беҳтар бишносем

Ба баҳонаи зодрӯзи Устод Сафар Абдуллоҳ Сафар Абдуллоҳ, донишманди муосири тоҷик, ҳарчанд ниёз ба муаррифӣ надорад, аммо ба ҳар сурат, дар зодрӯзаш сазовор аст як бори дигар муаррифӣ шавад, бавежа барои насли нави мо. Сафар Абдуллоҳ 30 декабри соли 1955 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Устод Рӯдакӣ

Рӯдакӣ шоири қарни севвум ва чаҳоруми ҳиҷрист. Ному насабашро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ навиштаанд. Вай дар миёнаҳои қарни севвуми ҳиҷрӣ (соли 858 милодӣ) дар рустои Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (ки инак рустое аз ноҳияи Панҷакент аст) ба дунё омада. Аз кӯдакии Рӯдакӣ ва чигунагии таҳсили ӯ огоҳии […]

Вокуниши пажӯҳишгари тоҷик ба иддаои ахири Абдуҷаббор Раҳмонзода

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик, дар вокуниш ба иддаои ахири Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ёдовар шуд: “Раҳмонзода худ намедонад чӣ мегӯяд. Шириншоҳ Шоҳтемурро муттаҳам ба панэронистӣ кардаву кушта буданд.” Ба гузориши хабаргузории “Спутник” ба нақл аз дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Раҳмонзода зимни сӯҳбат дар бораи қаҳрамониҳои Шириншоҳ Шоҳтемур […]

Дар маросими рӯнамоӣ аз китоби Раҳмон дар Теҳрон чӣ гузашт? (Тасовир)

Асри чаҳоршанбе (4 декабр) дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, маросими рӯнамоӣ аз китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”, ки мегӯянд навиштаи Эмомалӣ Раҳмон будааст, баргузор шуд. Ин китобро Ҳасани Қарибӣ ба форсӣ баргардон ва ба ҳиммати сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва ҳамкории Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон,  Маҷаллаи “Бухоро”, Бунёди […]

Номи Форобӣ ва Аттор дар феҳристи ЮНЕСКО ба номи Эронзамин сабт шуд // Зиндагиномаи Форобӣ ва Аттор

Пас аз пайгирӣ ва талошҳои дусола, номи Абӯнасри Форобӣ ва Аттори Нишопурӣ дар феҳристи гиромидошти Кумисиюни миллии ЮНЕСКО сабт шуд. Ба гузориши хабаргузории Форс, Абдулмаҳдии Мустакин, мудири бахши фарҳанги Кумисиюни ЮНЕСКО, дар гуфтугӯ бо хабарнигори ин хабаргузорӣ изҳор дошт: “Саранҷом пас аз ду соли талош, номи Фаридуддин Аттори […]

Румони “Пойҳо ва рӯйҳо”-и Абдуқодир Рустам ба хатти форсӣ ба чоп расид

Румони “Пойҳо ва рӯйҳо” асари нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик Абдуқодири Рустам дар интишороти “Арван” дар Эрон ба чоп расид. Муаллифи мӯҳтарам бо эъломи ин хабар дар гурӯҳи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, навиштааст: Румони «Пойҳо ва рӯйҳо», ки соли пеш дар Душанбе ба хатти […]