Рубрика: Забон ва адабиёт

Ҳол бархез, ки фардо, ба Худо, дер шавад

Зафари Сӯфӣ Ҳол бархез, ки фардо, ба Худо, дер шавад. Орзу кӯҳна шавад, ҳавсала ҳам пир шавад. Гар ҷавонмард замингир шавад, сабр чаро, Бояд он тӯдаи номард замингир шавад. Гуфт Ҳофиз ҳамаро бар хари худшон бинишон, Тарси мо баҳри чӣ таъбир ба тадбир шавад. Ҳол, ки беруни хокем […]

Хонадони Балъамӣ

Абулфазли Балъамӣ (Балъамии Кабир) Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ ибни Муҳаммад машҳур ба Абулфазли Балъамӣ дар соли 229 ҳиҷрии қамарӣ зода шуда. (1) Дар бораи нисбати вай ду ривоят мавҷуд аст. Ривояте мегӯяд, вай мансуб ба шаҳри Балъам аз шаҳрҳои диёри Рум (2) мебошад. (3) Ҷадди вай Раҷоъ ибни Маъбади […]

Баргузории конфронси байналмилалии Ҷалолуддини Балхӣ дар Бишкек (тасовир)

Конфронсе бо мавзӯи Ҷалолуддини Балхӣ дар Қирғизистон ба мизбонии сафорати Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Туркия оғоз ба кор кард. Ба гузориши хабаргузории Форс, конфронсе бо мавзӯи “Шахсият, ирфон, калом ва инсонгароии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ” субҳи имрӯз дар Донишгоҳи туркӣ- қирғизӣ бо ҳузури коршиносон, асотид, сафирони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, […]

Номи забони аҳли Фарорӯд дар куҳантарин манобеи таърихӣ

Ба баҳонаи Рӯзи забони давлатӣ Беҳтарин ва некӯтарин роҳ барои донистани номи забони мо, муроҷеа ба манобеи таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ аст. Китобҳое, ки дар ин замина навишта шуда фарвонанд. Дар ин навиштор, феълан ба овардани чанд гуфтор аз се манбаи куҳан басанда мекунам: 1) Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари […]

Рӯдакӣ

Ба баҳонаи Рӯзи Рӯдакӣ Рӯдакӣ шоири қарни севвум ва чаҳоруми ҳиҷрист. Ному насабашро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ навиштаанд. Вай дар миёнаҳои қарни севвуми ҳиҷрӣ (соли 858 милодӣ) дар рустои Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (ки инак рустое аз ноҳияи Панҷакент аст) ба дунё омада. Аз кӯдакии Рӯдакӣ ва […]

Сафар Абдуллоҳ: «Замоне, ки бо забони форсӣ душманӣ мешавад, хуни дил мехӯрем»

Дуктур Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷик, бо баёни ин ки «тамаддуни ҷаҳониро бидуни забони форсӣ наметавон тасаввур кард» гуфт: «Замоне, ки бо фарҳанги эронӣ ва забони форсӣ душманӣ мешавад, хуни дил мехӯрем.» Ба гузориши хабаргузории Исно, дар таърихи 5 июли соли ҷорӣ дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, панҷумин […]

Шеъри Бедил нишондиҳандаи қудрат ва азамати забони форсӣ аст

Дуктур Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, дар панҷумин Кунграи байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, Бедилшиносиро кори душвор ва дар айни ҳол лаззатбахш хонд ва гуфт: «Шеъри Бедил дар авҷи таъолӣ ва нишонаи қудрати забони форсӣ аст.» Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил дар панҷумин Кунграи байналмилалии […]

Мӯъмин Қаноат, эҳёгари тамаддуни куҳани порсӣ дар Тоҷикистон

Мусоҳибаи хабаргузории «Тасним» бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат ба шоирони ҷавони тоҷик ёд дод, ки чӣ гуна бар решаҳои ҳувияти ифтихорофарини худ истода ва суруди иззат сар диҳанд ва басон қатраҳои садпораи уқёнуси тамаддуни куҳани порсӣ, якдигарро бозёфта ва дар оғӯш кашанд. Тасним: Мӯъмин […]

Хоҷа Насриддин ба Эрон бозгашт

Фирдавси Аъзам, шоир ва муҳаққиқ Китоби “Бозгашти Хоҷа Насриддин” — асари Темур Зулфиқоров — нависандаи соҳибсабки тоҷик дар интишороти “Фарҳанг ва тамаддун”-и Эрон бо забони форсӣ ва шуморагони 500 нусха чоп шуд. Китоби мазкур тавассути Шоҳмансури Шоҳмирзо — адиб ва коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории […]

Гуфторе аз Ҳаким Илоҳии Қумшаӣ дар бораи Саъдӣ

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои мутаъадид аз “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ аз замони рунесонс ба баъд ба забонҳои мухталифи урупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст. Вақте аввалин бор […]

Саъдӣ кист?

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ Саъдӣ, шоири порсигӯ ва суханваре ҳикматомӯз ва адибе барҷаста, бо забоне фохир тавонист истеҳком, зарофат, устуворӣ ва зебоиро дар сурудаҳо ва нигоштаҳои хеш ҷилвагар созад. Шайх Муслиҳуддин Мушрифуддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ машҳур ба Саъдии Шерозӣ аз бузургони шеъру адаби порсист, ки дар садаи […]