Рубрика: Забон ва адабиёт

Шеъре аз Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар васфи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а)

Ба муносибати милоди босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) Дар маънии ин ки Сайидатун-нисо Фотиматуз-заҳро усваи комилаест барои нисои ислом * * * Марям аз як нисбати Исо азиз, Аз се нисбат ҳазрати Заҳро азиз. Нури чашми Раҳматан лил-ъоламин, Он имоми аввалину охирин. Он ки ҷон дар пайкари гетӣ […]

Робитаи забон бо ҳувияти инсон

Ба баҳонаи Рӯзи байналмилалии забони модарӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ (Бознашр аз 15.01.2016 ҳамин пойгоҳ) Яке аз масоиле, ки дар мавзӯи “худшиносӣ” бояд дар бораи он ба тафсил баҳс бишавад, масъалаи забони модарӣ ва робитаи он бо ҳувияти инсон аст. Ибтидо лозим аст, забон таъриф бишавад. * * * Забон […]

Зуфархон Ҷавҳарӣ

Фароҳамоваранда: Ҳабиб Саид Зуфархон Ҷавҳарӣ (1862 -1945) шоире, ки баъди сӯҳбат бо Бобоҷон Ғафуров дубора ба адабиёт баргашт. “Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест. Мумоилайҳ шеърро басо устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ ба таври қадим аз устодони адаби он давра аст. Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст аммо дар тақлид […]

“Баҳси ман аз табори хештан аст”

Посухи Дориюши Раҷабиён ба мақолаи хабаргузории “Ховар” таҳти унвони “Забони тоҷикӣ ба ҳувияти тоҷикӣ бегона нест” Баростӣ, аз хабаргузории “Ховар” (бо вуҷуди ин ки бунгоҳи вазине нест) интизори посухи дархуреро доштам. Зеро ба ҳар рӯй, хабаргузории расмии як давлат аст. Ва интишори мақолае бо имзои мустаъор (“Фаридун Ориёӣ”) […]

Забони миллии тоҷикон порсӣ аст!

Ба қалами Дориюши Раҷабиён (Дар посух ба мақолаи “Забони миллати тоҷик – забони тоҷикист!” ба қалами Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон) Мақолаи Фарҳоди Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон, аз ҳамон ъунвони худ то ба поёни матлаб бо ҳувияти тоҷикон сари ситез дорад. Ин ҷустор, ки дар хабаргузории […]

Забони мо ҷуз форсӣ номи дигар надорад

Ёддошти Абдулқодири Рустам Тоҷикӣ номидани забони тоҷикон (яъне форсӣ) ба ин маъност, ки: 1) забони тоҷикӣ ғайр аз забони форсист, ки чунин нест; 2) тоҷикон ба мероси гузаштагон аз Рӯдакию аслоф ва ҳамсаронаш гирифта то Аҳмади Донишу ёронаш ҳаққе надоранд, ки чунин нест; 3) забони тоҷикӣ халқкардаи болшевикон […]

Амина Шарофиддинова: “Абдурофеъ Рабиъзода, сермаҳсултарин адиби имрӯзи тоҷик”

Амина Шарофиддинова, устоди донишгоҳ ва фаъоли фарҳангии тоҷики Ӯзбекистон, дар ёддоште ба муносибати зодрӯзи Абдурофеъ Рабиъзода, адиб, сенориюнавис ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик, хотираи худ аз дидор ва мулоқот бо ин адиби шаҳири тоҷикро ёдовар шудааст. Вай навиштааст: “Мақсади вохӯрдан бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо […]

Модар биҳишти мост

Шеъре аз Устод Абдулқодир Алавӣ Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост, Бемодарӣ балост, модар зи Кибриёст. Шамъи фуруғи хона фурӯзон зи модар аст, Меҳраш ба сони шӯълаи хуршеди Ховар аст. Нураш умедбахши дилу дидаҳои мост, Панди накӯш аз ҳамагӣ дилпазиртар аст. Модар биҳишти мост, ӯ сарнавишти мост, Бемодарӣ […]

Қорӣ Ишкамба

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳудуди ду сол пеш, як мақола навишта будам бо унвони “Қорӣ Ишкамба” ва мавзӯи мавриди баҳс дар он мақола ин буд, ки ангезаи Домулло Садриддин Айнӣ аз достони “Марги судхӯр (рибохор)”, сирфи нақли ҳаёти инсоне ба номи Қорӣ Исмат набудааст, балки Домулло Айнӣ дар симои Қорӣ […]

Зарурати гузор ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи як пизишки тоҷик

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия, дар бораи зарурати гузор ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон, бо баёни ин ки “хатти форсӣ зеҳни форсихонҳоро ташаккул додаву сайқал додааст” менависад: “Барои тасдиқ ва ё инкори ин, метавонед таҷриба кунед: кӯдаки 10-солаеро аз табори тоҷикони Афғонистон ва ё кӯдаки ирониеро дар […]

Оё лотинӣ «хатте хидмадкарда» барои тоҷикҳост?

Ёддошти яке аз рӯзноманигорони тоҷик мабнӣ бар ин ки “агар хатт чун осори шинохти миллат маҳсуб равад”, пас “лотинӣ барои тоҷикон боз ҳам хатти хидматкарда аз арабии форсист”, бо вокуниши бисёр тунди шуморе аз фаъолони фарҳангии тоҷик дар гурӯҳи “Забони порсӣ” рӯбарӯ шуд. Сайёф Мизроб, рӯзноманигор ва сардабири […]