Рубрика: Ирфони назарӣ

Шарҳи Маснавӣ (401)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (4) * * * Бандагӣ дар ғайб омад хубу каш, Ҳифзи ғайб омад дар истиъбод х(в)аш. Хидмату бандагӣ вақте арзишманд аст, ки дар ғайбати хоҷа анҷом шавад. Зеро дар ибодат ва хидмат кардан, ҳифз кардани ғайб ба маротиб […]

Шарҳи Маснавӣ (400)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (3) * * * Ваҳм он гоҳ аст, к-он пӯшида аст, Ин таҳаррӣ аз пайи нодида аст. Хаёлу ваҳм вақте пеш меояд, ки чизи мавриди назар пӯшида бошад. Ин ҷустуҷӯ ва таҳаррӣ барои амрест, ки нодида бошад. Нукта: […]

Шарҳи Маснавӣ (399)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (2) * * * Ин раҷову хавф дар парда бувад, То паси ин парда парварда шавад. Хавфу раҷои бандагон дар пушти парда воқеият меёбад, то ин ки дар пушти парда ҳар амиру асире парварда шавад ва нашъунамо кунад. […]

Агар роҳҳо мухталиф аст, аммо мақсад якест

Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” гӯяд: “Фармуд, ки: ҷониби Туқот (шаҳре дар шимоли шарқии Қуния) мебояд рафтан, ки он тараф гармсер аст. Агарчӣ Антолия гармсер аст, аммо он ҷо ағлаб румиёнанд, сухани моро фаҳм накунанд, агарчӣ дар миёни румиён низ ҳастанд, ки фаҳм мекунанд. Рӯзе сухан мегуфтам миёни ҷамоате […]

Шарҳи Маснавӣ (398)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (1) * * * Ин сухан поён надорад, хез, Зайд, Бар буроқи нотиқа барбанд қайд. Паёмбар (с) ба Зайд фармуд: ин суханоне, ки баёни асрору ҳақоиқи маънавиро мекунад, ҳадду андозае надорад. Бархез ва асби гуфторро дар арсаи ҳақоиқ […]

Шарҳи Маснавӣ (397)

Муттаҳам кардани ғуломону хоҷатошон мар Луқмонро, ки он меваҳои тарванда, ки меовардем, ӯ хӯрдааст (2) * * * Гашт соқӣ хоҷа аз оби ҳамим Мар ғуломонрову хӯрданд он зи бим. Хоҷа оби гармро ба ғуломонаш хӯронд ва ғуломон аз тарс он обро хӯрданд. Баъд аз он мерондашон дар […]

Шарҳи Маснавӣ (396)

Муттаҳам кардани ғуломону хоҷатошон мар Луқмонро, ки он меваҳои тарванда, ки меовардем, ӯ хӯрдааст (1) * * * Хулосаи достон Луқмон, дар миёни соири ғуломон дар хидмати хоҷае қарор дошт. Хоҷа ғуломони худро барои чидани мева ба боғ мефиристад. Луқмон низ дар миёни онон буд ва бо ранги […]

Шарҳи Маснавӣ (395)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (8) * * * Панҷ ҳиссе аз бурун майсури ӯ, Панҷ ҳиссе аз дарун маъмури ӯ. Ҳавосси панҷгонаи зоҳирӣ, аз берун, дар тасарруфи он дил […]

Шарҳи Маснавӣ (394)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (7) * * * Чор ҷӯйи ҷаннат андар ҳукми мост, Ин на зӯри мо, зи фармони Худост. Чаҳор наҳри биҳишт дар ихтиёру фармони мост. Ин […]

Шарҳи Маснавӣ (393)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (6) * * * Ин набошад, мо чӣ арзем, эй ҷавон, Кай шавем ойини рӯйи некувон? Эй ҷавон! Агар ин тавр набошад, мо чӣ арзише […]