Рубрика: Исботи вуҷуди Худо дар ҷаҳор маҷлис

Исботи вуҷуди Худо дар чаҳор маҷлис (13)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Офариниши тухми парандагон ва тадбирҳои нуҳуфта дар он (Эй Муфаззал!) Аз офариниши тухми паранда дарси ибрат гир. Дар он, моддаи зардранг ва оби рақиқ ва сафед ниҳода шуда. Бахше барои он ки ҷӯҷа ба ҳам расад ва бахши дигар барои тағзияи он аст то […]

Исботи вуҷуди Худо дар чаҳор маҷлис (12)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Рози ҳуши ҳайвоноте чун бузи кӯҳӣ, рӯбоҳ ва делфин Эй Муфаззал! Дар ҳуши ҳайвонот андеша кун ва бингар, ки Худованд — Ҷалла ва Ъало — чӣ гуна аз сари лутфу раҳмат ва барои он ки ҳайвоноти бе ақлу андеша аз неъмате маҳрум нагарданд, дар […]

Исботи вуҷуди Худо дар чаҳор маҷлис (11)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Шигифтии офариниши заррофа (Эй Муфаззал!) Дар офариниши заррофа, ноҳамгунии аъзо ва ҳамонандии аъзои он бо аъзои чанд ҳайвон андеша кун. Сари он чун сари асп, гарданаш чун гардани шутур, сумҳояш чун суми гов ва пӯсташ чун пӯсти паланг аст. Шуморе аз мардуми ноогоҳ ва […]

Исботи вуҷуди Худо дар чаҳор маҷлис (10)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Рози фармонбардории бархе аз ҳайвонот аз инсон (Эй Муфаззал!) Оё дарозгӯш (хар)-ро намебинӣ, ки чӣ гуна дар осиёб кардан ва бор бурдан, таслими инсон аст? Ва шутурро намебинӣ, ки бо он қудрате, ки чанд марди қавӣ аз ӯҳдааш барнамеоянд, чӣ гуна дар баробари тифле […]

Исботи вуҷуди Худо дар чаҳор маҷлис (9)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Маҷлиси дуввум Ишора Муфаззал мегӯяд: дар рӯзи дуввум субҳи зуд ба назди мавлоям — алайҳис салом — шитофтам. Ба ман изни вуруд дода шуд ва ба дастури он ҳазрат — алайҳис салом — нишастам. Он гоҳ фармуд: сипос Худойрост; ӯ, ки пас аз ҳар […]

Исботи вуҷуди Худо дар ҷаҳор маҷлис (8)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Эй Муфаззал! Бидон, ки нон ва об асл ва раъси маъош ва зиндагии инсон ба шумор мераванд. Ба ҳикматҳо ва тадобири нуҳуфта дар онҳо бингар. Ниёзи одамӣ ба об шадидтар аз ниёзаш ба нон аст; зеро шикебоии ӯ бар гуруснагӣ, беш аз сабри ӯ […]

Исботи вуҷуди Худо дар ҷаҳор маҷлис (7)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Рафъ ниёзҳои динӣ ва дунёии инсон Эй Муфаззал! Биандеш, ки Худованд — Ҷалла ва Ъало — чӣ донишеро ба одамӣ омӯхт ва ато намуд ва кадомро ба ӯ надод? Дониши дин ва дунёро ба ӯ арзонӣ дошт. Дар бораи дониши динӣ, бо нишонаҳо ва […]

Исботи вуҷуди Худо дар ҷаҳор маҷлис (6)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Асрори хӯрдан, хобидан ва муҷомиъат кардан Эй Муфаззал! Дар хӯрдан, хобидан, муҷомиъат (омезиши ҷинсӣ) кардан ва тадбирҳои нуҳуфта дар онҳо бингар; барои ҳар кадом аз ин афъол муҳаррик ва омиле дарунӣ падид омада: гуруснагӣ омили хӯрдан ва роҳатӣ ва қивоми бадан аст. Бехобӣ ва […]

Исботи вуҷуди Худо дар ҷаҳор маҷлис (5)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») (Эй Муфаззал!) Чӣ касе инсонро нару мода офарид, ҷуз он зоте, ки ӯро барои таносул падид овард? Чӣ касе ӯро барои таносул падид овард, ҷуз касе ки ӯро умедвор офарид? Чӣ касе ӯро умедвор офарид ва абзори кор ба ӯ дод, ҷуз касе ки […]

Исботи вуҷуди Худо дар ҷаҳор маҷлис (4)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Офариниши аъзои ҷуфт ва фард Эй Муфаззал! Дар офариниши узвҳои ҷуфт ва фард ва ҳикматҳо ва тадбирҳои дурусти нуҳуфта дар он биандеш. Сар аз аъзои фард аст. Ба суди инсон набуд, ки беш аз як сар дошта бошад; зеро дар ҳамин як сар тамоми […]

Исботи вуҷуди Худо дар ҷаҳор маҷлис (3)

(Тарҷумаи китоби «Тавҳиди Муфаззал») Офариниши олоти муҷомиат ва шакли муносиби онҳо Инак, эй Муфаззал! Бингар, ки чӣ гуна дар марду зан олоти муҷомиат (омезиш) офарид. Ҳама дар шакл ва сурате ки шоиста аст. Барои мард олати баланд ва кашида қарор дод, то ба қаъри раҳим бирасад ва битавонад […]