Рубрика: иқтисод

Назми ҷаҳон пас аз куруно ба ривояти Чомскӣ, Фукуёмо, Кисинҷер ва Ботлер

Шуюъи вируси куруно ва чигунагии тавоноии давлатҳо дар мубориза бо он, аз як сӯ баҳси коромадии низомҳои сиёсӣ ва аз сӯи дигар, гузор аз назми кунунӣ ба назми пасокуруноиро бар сари забонҳо андохтааст. Аксари мутафаккирон бар ин нуктаи меҳварӣ таъкид доранд, ки дар натиҷаи шуюъи вируси куруно, мо […]

Алмаато ва Тошканд дар феҳристи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон

Бар асоси гузориши Муассисаи таҳлилии “Шохиси кайфияти зиндагӣ, шаҳри Тошканд дар радабандии ҳазинаи зиндагии шаҳрҳои ҷаҳон, дар байни 10 арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зиндагӣ қарор гирифт. Дар муқоиса бо соли гузашта, шаҳри Тошканд як пилла поин омада, ки коршиносон ин мавзӯъро бо тадовуми таъсири коҳиши нархи арз дар […]

Воксани куруно кай ба бозор меояд?

Нашрияи Guardian дар матлабе, бо баёни ин ки тавлид ва сохти воксани куруно монанди дигар воксанҳо замони зиёде лозим дорад, навишт: “Ироаи воксани куруно ба бозор, дар хушбинонатарин ҳолат, 18 моҳ тӯл мекашад ва албатта ин дар сурате аст, ки ҳама чиз ба хубӣ пеш биравад.” Guardian дар […]

Вазири бозаргонии Омрико: “Густариши вируси куруно дар сатҳи ҷаҳон метавонад барои иқтисоди Омрико муфид бошад.” – (Видео)

Дар ҳоле, ки ҷаҳон нигарони паёмадҳои густариши вируси маргбори куруност, вазири бозаргонии Омрико гуфт, шуюъи ин вирус барои иқтисоди кишвараш муфид аст. Ба гузориши ВВС, Вилбур Рос (Wilbur Ross) — вазири бозаргонии 82-солаи Омрико, дар изҳороте ҷанҷолӣ гуфт: “Густариши ин вирус дар сатҳи ҷаҳон метавонад барои иқтисоди Омрико […]

Идомаи мамнӯияти мошинҳои борбарии Тоҷикистон аз тариқи хоки Туркманистон

Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон аз идомаи мамнӯияти мошинҳои борбарии ин кишвар аз тариқи хоки Туркманистон хабар дод. Ба гузориши Спутник, Худоёр Худоёрзода, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон, дар нишасте хабарӣ гуфт: “Мушкили ҳаракати мошинҳои борбарии Тоҷикистон аз тариқи хоки Туркманистон то кунун ҳал нашудааст.” Вай афзуд: “Замоне, ки мо […]

Таъсиси ситоди “Ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон” (видео)

“Ҷунбиши Мардумии Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон” ва “Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо” аз таъсиси ситоде таҳти унвони “Ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон” парда бардоштанд. Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Ҷунбиши Мардумии Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон”, дар суханоне, бо эълони таъсиси ин ситод, ёдовар шуд, ки таъсиси “Маркази миллии протсессингӣ” аз […]

Рози муваффақияти жопуниҳо дар чист?

Дар муҳитҳои корӣ дар Жопун таъриф кардан аз дигарон ба нудрат иттифоқ меафтад, зеро “амали таҳсину офарин гуфтан” метавонад мӯҷиби шармсорӣ шавад. Мақолае аз Эрик Бортун (Eric Barton) дар BBC World Марде, ки сари миз нишаста буд, фарёд зад: “Ту сокит бош!”, ҳамаи коркунон даст аз кор кашиданд […]

Нуфузи рӯ ба афзоиши Чин дар Осиёи Миёна

Дар солҳои ахир расонаҳои минтақа аз нуфузи рӯ ба афзоиши Чин дар Осиёи Миёна менависанд. Дар ин гузориш, ишорае шудааст ба ҳузури Чин дар ин минтақа аз назари омору арқом. Қирғизистон Ба гузориши хабаргузории Форс, бадеҳӣ (қарз)-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба Чин қобили таваҷҷӯҳ аст ва дар соли 2008 […]

Эҳтимоли мухолифати Қазоқистон бо узвияти Эрон дар Иттиҳодияи Уруосиё

Ба қалами Виктория Панфилова дар “Независимая газета” Қосим-Ҷуморт Токаев ва Ҳасани Руҳонӣ, раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Эрон, дар Ирвон (пойтахти Арманистон) ва дар ҳошияи Иҷлоси Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё, масоили марбут ба ҳамкорӣ ва аз ҷумла, аз тариқи Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиёро баҳсу баррасӣ карданд. Теҳрон тарҳҳое дар хусуси ба […]

Ангилис саранҷом киштии эрониро озод кард // Зариф: “Дуздии дарёии Омрико ноком монд”

Ангилис саранҷом баъд аз панҷ ҳафта, киштии эронии “Grace 1”-ро, ки дар Ҷабалутториқ тавқиф карда буд озод кард. Ба гузориши Ирно, ба рағми фишорҳо ва мухолифатҳои бисёри Омрико, киштии “Grace 1” — ҳомили нафти Эрон ҳамакнун озод аст ва ба ҳамроҳи хадамаи худ метавонад ҳар ҷо ки бихоҳад, […]

Робитаи иқтисод ва додгустарӣ аз нигоҳи Черчил

Мегӯянд, пас аз поёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, хатари бӯҳрони иқтисодӣ Бритониёро таҳдид мекард. Хатар ба ҳадде буд, ки вазирони кобина ногузир шуданд, шабона бо Черчил нишасте баргузор кунанд ва ӯро дар ҷараёни раванди бади иқтисодии кишвар қарор диҳанд. Черчил пас аз шунидани гузориши вазирон, фармон дод, то чигунагии […]