Рубрика: Маснавии Маънавӣ

Шарҳи Маснавӣ (7)

Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест, Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест. Маъно: Ин ҳуш маҳрамаш танҳо касоне ҳастанд, ки аз ақли маъош беҳушанд. Яъне асрори ҳақиқатро танҳо аҳли фано, ки аз ғайри Ҳақ беҳушанд, дарк тавонанд кард ва ноаҳлон ва мункирон дар муқобили ин асрор кару гунг […]

Шарҳи Маснавӣ (6)

Най ҳарифи ҳар ки аз ёре бурид, Пардаҳояш пардаҳои мо дарид. Инсони комил, ки ҳамчун най навои илоҳӣ месарояд, ёр ва мусоҳиби касе аст, ки аз ҳамаи таъаллуқоти дунявӣ бурида бошад. Мақомоти маънавии инсонҳои комил ва авлиёи илоҳӣ ҳиҷобҳои зулмонӣ ва ҳатто нуронии соликонро аз ҳам медарад. Бархе […]

Шарҳи Маснавӣ (5)

Оташи ишқ аст, к-андар най фитод, Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод. Маъно: Агар най ба нола меуфтад, ба хотири оташи ишқе аст, ки дар он уфтода ва мӯҷиби навои ҳазини он шуда. Ва агар бода меҷӯшад, он ҳам ба хотири ҷӯшиши ишқ аст. Шарҳ: Шореҳон бар ин […]

Шарҳи Маснавӣ (4)

Сирри ман аз нолаи ман дур нест, Лек чашму гӯшро он нур нест. Маъно: Ҳарчанд асрор ва розҳои даруниам дар нолаҳои ман наҳуфта ва аз он ҷудо нест ва ба гӯши ҳар кас мерасад, вале чашмро он биноӣ ва гӯшро он шунавоӣ нест, ки ба асрори наҳуфтаи ман […]

Шарҳи Маснавӣ (3)

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман, Аз даруни ман наҷуст асрори ман. Маъно: Ҳар кас аз рӯйи гумони худ бо ман ёру ҳамроҳ шуд, вале ҳеч кас аз асрори даруни ман воқиф нашуд. Шарҳ: Бархе аз маснавишиносон байти дуввумро инчунин ҳам донистаанд: “В-аз даруни ман наҷаст […]

Шарҳи Маснавӣ (2)

К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд. Маъно: Аз ҳамон рӯзе ки маро аз асл ва хостгоҳам (найистон) ҷудо кардаанд, марду зан дар нолаҳои ман нолаҳои чонгудози худро сар додаанд. Яъне ҳамроҳи ман аз дарду фироқ нолидаанд. Шарҳ: Манзури байт ин аст, ки аз вақте […]

Шарҳи Маснавӣ (1)

Тасмим гирифтам, ҳар рӯз сари фурсат аз Маснавӣ биёварам ва ба шарҳ ва тавзеҳи ашъори Мавлоно ба андозаи дониши андакам ва бо истифода аз шарҳҳои маъруфи Маснавӣ мисли “Шарҳи ҷомеи Маснавӣ” ба қалами Устод Карими Замонӣ ва низ дигар шарҳҳо бипардозам. Саъй мекунам, бо забони равон шарҳашон бикунам. […]

Куҷоед эй шаҳидони худоӣ?

(Ғазале аз Мавлоно дар васфи шаҳидон) Тақдим ба бародари азизам шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов) * * * Куҷоед эй шаҳидони худоӣ Балоҷӯёни дашти карбалоӣ Куҷоед эй сабукруҳони ошиқ Парандатар зи мурғони ҳавоӣ Куҷоед эй шаҳони осмонӣ Бидониста фалакро даргушоӣ Куҷоед эй зи ҷону ҷо раҳида Касе мар ақлро […]

Фарқашон ҳафтодсола роҳ бин…

Инсон бояд ҳамвора талош кунад, худро бисозад ва боло биравад. Дар сиришти ҳар инсоне, ин қобилият ва ин истеъдод ҳаст, ки боло биравад ва дорои мақом ва ҷойгоҳе гардад ҳатто баландтар аз мақоми фариштаҳо. Ва роҳаш ҳам, худсозист, албатта пас аз худшиносӣ. Худшиносӣ бештар бо мутолеъа аст, ва […]