Рубрика: Машоҳир

Тиловати Қуръон тавассути Ҷенифер Грут, хонандаи мусалмоншудаи омрикоӣ — (видео)

Тиловати Қуръони Карим тавассути Ҷенифер Грут, хонандаи мусалмоншудаи омрикоӣ, бозтоби бисёр густурдае дар кишварҳои исломӣ доштааст. Ҷенифер Грут (Jennifer Grout), хонандаи машҳури омрикоӣ аст, ки чанд сол аст ба дини ислом мушарраф шудааст, ки ахиран бо қироати оятҳое аз Қуръони Карим мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор гирифтааст. Ӯ ҳамчунин […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Устод Рӯдакӣ

Рӯдакӣ шоири қарни севвум ва чаҳоруми ҳиҷрист. Ному насабашро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ навиштаанд. Вай дар миёнаҳои қарни севвуми ҳиҷрӣ (соли 858 милодӣ) дар рустои Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (ки инак рустое аз ноҳияи Панҷакент аст) ба дунё омада. Аз кӯдакии Рӯдакӣ ва чигунагии таҳсили ӯ огоҳии […]

Ба баҳонаи зодрӯзи шодравон Файзинисо Воҳидова

Ёддошти Илҳомҷон Ёқубов Инак як сол мешавад, ки шаҳида Файзиннисо Воҳидова, вакили шинохтаи тоҷик дар байни мо нестанд. Як сол пеш дар ҳамин шабу рӯз дар бемористони шаҳри Хуҷанд муолиҷа мегирифтанд. Ба хотири табрики зодрӯзашон занг задам, хеле сӯҳбат доштем, бештар аз фишорҳои равоние, ки аз ҷониби КДАМ […]

Ибни Рушд ва кӯшиши ӯ барои исботи ҳамоҳангӣ миёни ақл ва имон

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти Ибни Рушд Сайидюнуси Истаравшанӣ Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад Ибни Рушди Андалусӣ машҳур ба Ибни Рушд, ҳамачиздон ва файласуфи номдори араби Андалус (Испониё), ки дар Урупо ба Averroes маъруф аст, дар соли 1126 дар Қуртуба (Кордова) мутаваллид ва дар соли 1198 дар Марокаш чашм аз […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Нуом Чомски

Нуом Чомски — файласуф, забоншинос, муаррих ва мунтақиди сиёсӣ ва иҷтимоиро, ки дирӯз (7 декабр) зодрӯзи ӯ буд, муҳимтарин мутафаккири зинда дар ҷаҳони имрӯз медонанд. Вай ба унвони як сусиёлист ҳамчунон дар зумраи парупоқурстарин мунтақидони иқдомоти низомии Омрико маҳсуб мешавад, чаро ки онро бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳонӣ […]

Ҳиндуе, ки дар тахриби масҷиди Бобурӣ нақш дошт мусалмон шуд (видео)

Яке аз раҳбарони ҳинду, ки дар тахриби масҷиди Бобурӣ нақш дошт, пас аз ошноӣ бо ислом мусалмон гардида ва барои худ исми Муҳаммад Амир баргузид ва имрӯза ба сохтани масоҷид машғул аст. Ба гузориши Urdu.abbtakk.tv, Муҳаммад Амир, ки собиқан як раҳбари фаъолони ҳиндуи Санго буда ва яке аз […]

Номи Форобӣ ва Аттор дар феҳристи ЮНЕСКО ба номи Эронзамин сабт шуд // Зиндагиномаи Форобӣ ва Аттор

Пас аз пайгирӣ ва талошҳои дусола, номи Абӯнасри Форобӣ ва Аттори Нишопурӣ дар феҳристи гиромидошти Кумисиюни миллии ЮНЕСКО сабт шуд. Ба гузориши хабаргузории Форс, Абдулмаҳдии Мустакин, мудири бахши фарҳанги Кумисиюни ЮНЕСКО, дар гуфтугӯ бо хабарнигори ин хабаргузорӣ изҳор дошт: “Саранҷом пас аз ду соли талош, номи Фаридуддин Аттори […]

Муҳаммад Рашид Ризо; ислоҳгари динӣ дар тақриби мазоҳиб

Муҳаммад Рашид Ризо яке аз чеҳраҳои шохис дар арсаи ваҳдатофаринӣ, ҳамгароӣ ва бедории мусалмонони кишварҳои исломӣ ба шумор меравад. Ӯ, ба унвони ислоҳгари динӣ, танҳо роҳи раҳоӣ аз ақибмондагии уммати исломиро дар иттиҳоди ҷаҳони ислом ва тақриби мазоҳиб ҷустуҷӯ мекард. Пешгирӣ аз фирқагароӣ дар миёни мусалмонон ва талош […]

Сайидҷамолуддини Асадободӣ; парчамдори ваҳдатхоҳон

Ҷаҳони ислом дар қарни 19 ва 20, бо мушкилоте ҳамчун ҷаҳлу ноогоҳӣ, зулму ситам, ҳуҷуми истеъморгарон ва ғайра рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин шароити таърихӣ, шахсияте по ба арса гузошт, ки зимни огоҳӣ аз улуми исломӣ, ирфон ва фалсафа, аз улуми ҷадид ва донишҳои муосир ва моҳияти […]

Ибни Сино: ҳакиме роҳнамо

Пруфесур Питер Одомсун, устоди фалсафа дар Донишгоҳи Лудвиг Моксимилёни Муних (Ludwig Maximilian University of Munich) мӯътақид аст, таъсири шигарфе, ки Ибни Сино бар тамаддуни Ғарб гузоштааст, бузургтарин таъсиргузории як файласуф бар тамаддуне бегона дар тӯли таърих аст; ва бар хилофи тасаввури роиҷ дар миёни файласуфони ғарбӣ, ин таъсиргузорӣ […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Ҳойдегер

Тазаккур: Бо ин ки зодрӯзи Мортин Ҳойдегер (Martin Heidegger) ҳудуди як ҳафта пеш буд яъне 26 сентябр ва қарор буд ин мақоларо дар ҳамон рӯз бигузорам, аммо ба далели даргирӣ бо бархе масоили дигар натавонистам он рӯз гузорам, аммо ба назарам, ҳанӯз дер нашудааст. * * * Мортин […]