Рубрика: Машоҳир

Билохира ҷасади Мугобе баъд аз се ҳафта аз маргаш ба хок супурда шуд

Ҷасади Роберт Мугобе, раҳбари пешини Зимбобве, пас аз гузашти се ҳафта аз замони маргаш ва ба дунболи баҳсу гуфтугӯҳои тӯлонӣ дар хусуси маҳалли дафнаш, рӯзи шанбе дар рустои зодгоҳаш ба хок супурда шуд. Дафни Мугобе, ки дар 6 сентябр дар синни 95-солагӣ дар бемористоне дар Сингопур фавт карда […]

Диктотури фирории Тунис дар Арабистон мурд

Расонаҳои Тунис эълом карданд, ки раисиҷумҳури фирории ин кишвар дар Арабистони Саудӣ мурд. Расонаҳои тунисӣ рӯзи панҷшанбе (19 сентябр) эълом карданд, ки Зайнулобидин бен Алӣ пас аз даргирии тӯлонӣ бо беморие, ки бар асари он ба яке аз бемористонҳои Саудӣ мунтақил шуда буд, мурдааст. Чаҳор рӯз пеш бархе […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Барзу Абдураззоқов

Имрӯз (19 сентябр) зодрӯзи ҳунарманди тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов аст, ӯ имрӯз 60-сола шуд. Ба ҳамин муносибат, лозим донистам ҷумлаҳое пароканда аз ӯро, ки соли 2015 хабаргузории Asia-Plus аз мусоҳибаҳои мухталифи вай баргузида ва мунташир карда буд (ба русӣ) ва мо онро пештар ба тоҷикӣ тарҷума ва пешкаши […]

Бузургмеҳр Ёров барандаи Ҷоизаи байналмилалии Воҳидова гардид

Дабирхонаи Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова дақоиқе пеш дар баёнияе эълом кард: “Комиссияи арзёбӣ ва ташхиси барандагони Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова баъд аз баррасиҳои лозим, аз миёни се номзади ниҳоӣ, Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии маъруфи тоҷикро ба унвони барандаи ин ҷоиза эълон намуд.” Бар пояи ин баёния, ҷоизаи мазкур […]

Хонуми мутарҷими русии Қуръон ҷон ба ҷонофарин супурд

Хонум Имон Валерия Порохова, ягона хонуми русии мутарҷими Қуръони Карим ба назм, ҷон ба Ҳақ супурд. Хабаргузории Спутник ба нақл аз Telegram-канал хабар додааст, ки ин хонуми мусалмони русӣ дар умри 79-солагӣ дори фониро видоъ кард. Порохова ягона муаллифи тарҷумаи Қуръони Карим ба забони шеъри русӣ мебошад, ки […]

Ба баҳонаи бузургдошти Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ

Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ, табиб, файласуф ва аллома дар улуми донишҳои бостонӣ, ки мутарҷимони китобҳояш ба забони лотин, ки ба ӯ Разис (Rhazes) гуфтаанд ва дар осори урупоӣ бештар ба ин ном машҳур аст, дар шаҳри Рай чашм ба ҷаҳон гушуд. Дар ҷилди чаҳоруми китоби ”Таърихи […]

Ду нишонаи барҷастаи комёбӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Муваффақият ду нишонаи барҷаста дорад: яке ин ки шумо — чӣ як фардед ва чӣ як гурӯҳ — душманону мухолифони зиёде дошта бошед. Ва дигар он ки: ҳамеша дар маърази таваққӯъи дигарон буда ва мардум аз шумо интизороте дошта бошанд. Ин ду нишона, аз барҷастатарин нишонаҳои […]

Он чи дар бораи Ибни Сино бидонем

Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино Абӯалӣ ибни Сино 10-сола буд, ки аз улуми муқаддамотӣ фароғат ёфт. Дар шарҳи ҳолаш, ки худ барои Абӯубайди Ҷузҷонӣ — шогирди вафодораш имло кардааст, омада: “Пеши омӯзгори Қуръон ва омӯзгори адаб рафтам ва ба 10-солагӣ расидам ва Қуръон ва бисёре аз адаб […]

Оятуллоҳ Шайх Осифи Муҳсинӣ, аз уламо ва раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон даргузашт // Шарҳи ҳол (тасовир)

Оятуллоҳ Шайх Осифи Муҳсинӣ, фақеҳи олимақом ва яке аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон, соатҳое пеш дар синни 84-солагӣ дори фониро видоъ гуфт. Ӯ аз уламои боризи Афғонистон, мудофеъи тақриби мазоҳиби исломӣ, раиси Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон ва бунёнгузори Донишгоҳи Хотамуннабийин (с) дар Кобул ва узви Шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Абдуқаҳҳори Давлат

Имрӯз (5 август) зодрӯзи бародари азизамон, рӯзноманигори бедордил, Абдуқаҳҳори Давлат аст. Ӯ имрӯз 44-сола шудааст. Абдуқаҳҳор 16 сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо шуморе дигар аз раҳбарон ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бе ҳеч далели муваҷҷаҳ боздошт ва равонаи сиёҳчол ва дар 2 июни соли 2016 бо иттиҳомоти […]

Омрико бо кӯмаки афсарони донишманди нозӣ инсонро ба моҳ фиристод

Афсарони донишманди нозӣ дар фиристодани нахустин инсон ба моҳ ба Омрико кӯмак карданд. Ин афсарон ҷинояткорони ҷангие буданд, ки дар пружаи Опулу (Apollo = Аполлон) бо Омрико ҳамкорӣ карданд, аммо ҳаргиз ба ҷиноятҳои онҳо дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва куштори ҷамъии коргарони корхонаи сохти мушаки V2 дар Олмон, […]