Рубрика: Машоҳир

Ду нишонаи барҷастаи комёбӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Муваффақият ду нишонаи барҷаста дорад: яке ин ки шумо — чӣ як фардед ва чӣ як гурӯҳ — душманону мухолифони зиёде дошта бошед. Ва дигар он ки: ҳамеша дар маърази таваққӯъи дигарон буда ва мардум аз шумо интизороте дошта бошанд. Ин ду нишона, аз барҷастатарин нишонаҳои […]

Он чи дар бораи Ибни Сино бидонем

Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино Абӯалӣ ибни Сино 10-сола буд, ки аз улуми муқаддамотӣ фароғат ёфт. Дар шарҳи ҳолаш, ки худ барои Абӯубайди Ҷузҷонӣ — шогирди вафодораш имло кардааст, омада: “Пеши омӯзгори Қуръон ва омӯзгори адаб рафтам ва ба 10-солагӣ расидам ва Қуръон ва бисёре аз адаб […]

Оятуллоҳ Шайх Осифи Муҳсинӣ, аз уламо ва раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон даргузашт // Шарҳи ҳол (тасовир)

Оятуллоҳ Шайх Осифи Муҳсинӣ, фақеҳи олимақом ва яке аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон, соатҳое пеш дар синни 84-солагӣ дори фониро видоъ гуфт. Ӯ аз уламои боризи Афғонистон, мудофеъи тақриби мазоҳиби исломӣ, раиси Шӯрои уламои шиъаи Афғонистон ва бунёнгузори Донишгоҳи Хотамуннабийин (с) дар Кобул ва узви Шӯрои олии Маҷмаъи ҷаҳонии […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Абдуқаҳҳори Давлат

Имрӯз (5 август) зодрӯзи бародари азизамон, рӯзноманигори бедордил, Абдуқаҳҳори Давлат аст. Ӯ имрӯз 44-сола шудааст. Абдуқаҳҳор 16 сентябри соли 2015 ҳамроҳ бо шуморе дигар аз раҳбарон ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бе ҳеч далели муваҷҷаҳ боздошт ва равонаи сиёҳчол ва дар 2 июни соли 2016 бо иттиҳомоти […]

Омрико бо кӯмаки афсарони донишманди нозӣ инсонро ба моҳ фиристод

Афсарони донишманди нозӣ дар фиристодани нахустин инсон ба моҳ ба Омрико кӯмак карданд. Ин афсарон ҷинояткорони ҷангие буданд, ки дар пружаи Опулу (Apollo = Аполлон) бо Омрико ҳамкорӣ карданд, аммо ҳаргиз ба ҷиноятҳои онҳо дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва куштори ҷамъии коргарони корхонаи сохти мушаки V2 дар Олмон, […]

Рӯзноманигоре, ки нахуствазир шуд

Бурис де Фефел Ҷонсун (Boris de Pfeffel Johnson), сиёсатмадори муҳофизакори бритониёӣ, бо раъйи беш аз 92 ҳазор узви ҳизби муҳофизакор, ба раҳбарии ин ҳизб расид ва ба дунболи он, ба нахуствазирии Бритониё баргузида шуд. Интихоби ин сиёсатмадори ҷанҷолии Бритониё аз муддатҳо пеш қобили пешбинӣ буд. Рақиби ӯ дар […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Муҳиддин Кабирӣ

Як мусалмони таҳсилдида ва огоҳ, ки бо вазъи ҷаҳони ислом дар имрӯз, аз ҷумла Тоҷикистони худамон ва ҳолу ҳавои кунуниаш ва фазое, ки дар яке ду даҳаи ахир бар он соя афкандааст ошност, ӯ нек медонад, ки ҷаҳони ислом бӯҳронитарин рӯзҳои худро дар сад соли ахир мегузаронад. Ҳам […]

Нақши Хоразмӣ дар дунёи ҳушманди имрӯз (видео)

Хоразмӣ ҷузъи аввалин риёзидононе аст, ки “ҷабр” (алгебра)-ро ба унвони илми мустақил баррасӣ кард. Фаъолиятҳои ӯ дар ин ҳавза ба ҳадде муҳим аст, ки ҳатто калимаи лотини ҷабр (algebra) низ аз китоби машҳури Хоразмӣ бардошта шуд. Китобҳои ин донишманди барҷаста инқилобе дар риёзиёт, ба вежа дар ғарб, ба […]

Номаи Тоҳир ба писараш; як санади пурарзиши таърихӣ дар равиши ҳукуматдорӣ

Тоҳир ибни Ҳусайн, поягузори давлати Тоҳириён дар Хуросон, ки дар ибтидо яке аз сардорони Маъмун, халифаи аббосӣ буд, номае ба писараш, Абдуллоҳ — замоне ки ӯро дар аз Риққа то Миср волӣ таъйин намуд – навишт; номае, ки дар баёни усули ҳукуматдорӣ як санади бисёр пурарзиш ба шумор […]

Шамсуддини Самарқандӣ; риёзидон, ахтаршинос ва мантиқдони бузург

Шамсуддин Муҳаммад ибни Ашрафи Ҳусайнии Самарқандӣ (638 ҳ.қ — 722 ҳ.қ) — риёзидон, ахтаршинос, файласуф ва мантиқдони бузург, яке дигар донишмандони гумноми мост. Ӯ муосири андешмандони бузурге монанди Хоҷа Насири Тӯcӣ, Наҷмуддини Котибӣ, Сироҷуддини Армавӣ ва Қутбуддини Шерозӣ аст. Шамсуддини Самарқандӣ дар осори худ, аз бархе аз ин […]

Доктор Муҳаммад Мурсӣ ва ҷамоати Ихвон ул-муслимин

Ёддошти Муҳаммадсаъид Ризоӣ Ҳаракати бародарони мусулмон (ҷамоъати Ихвон ул-муслимин)-ро Ҳасан Ал-Банно (Ҳасанулбанно раҳматуллоҳи алайҳӣ) соли 1928 пас аз байн бурда шудани хилофати исломӣ-усмонӣ, ки мусулмонон ва кишварҳои исломӣ тавассути он ҳимоят мешуд, таъсис дод. Ҳадафи ҳаракат ташаккули шахсияти мусулмони воқеъӣ ва муосир, ташкили оила, муҷтамаъи намуна ва сохтани […]