Рубрика: Намоз

Кадом намоз намоз аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Намози ту вақте намоз аст, ки арши ситамгаронро ба ларза дароварад, вагарна ба дарди ҳеч чиз нахоҳад хӯрд. Вақте намозат золимро нигарон накунад ва ӯро бетоб накунад ва аршашро ба ларза дарнаёварад, дар намозат шак бикун, дар қабулии намозат тардид кун… Ситамгарон рӯй ба Шуъайби паёмбар […]

Иқомаи намози ваҳдат дар Конфронси ваҳдат (тасовир)

Намози ваҳдат дар 32-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ ба имомати Шайх Абдуссалом Муҳаммад Абдуллоҳ, аз уламои барҷастаи Алазҳари Миср иқома шуд. Ба гузориши хабаргузории Тақриб, маросими ифтитоҳияи 32-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ субҳи имрӯз бо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ ва андешамандоне аз 100 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғоз шуд. […]

Васфи намозҳои панҷгона дар забони мубораки ҳазрати Хатмимартибат (с)

Абӯҳурайра (р) гӯяд: аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: “Агар муқобили манзили касе наҳри обе бошад ва ӯ рӯзе панҷ бор дар он ғуслу шустушӯ намояд, оё ба назари шумо, чирке бар бадани ӯ боқӣ хоҳад монд? Саҳоба арз карданд: — На. Расули Худо (с) фармуд: — […]

Рӯшноии чашми ман дар намоз аст

Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ишқу алоқаи бисёр зиёде ба намоз дошт. Ҳаргоҳ андӯҳгин мешуд, ба намоз бармехост. Он ҳазрат соат‏ҳои тӯлонӣ шабзиндадорӣ мекард ва ба намозу муноҷот мепардохт; аз ин рӯ, ба Расули Акрам хитоб шуд: يَا أَيُّهَا الْمُزَّمِّلُ. قُمِ اللَّيْلَ إِلَّا قَلِيلًا. نِصْفَهُ أَوِ انقُصْ […]

Хокиёнро баҳр нагзорад дарун

Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст: “Дар замони Мустафо — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — кофиреро ғуломе буд мусалмон. Саҳаре худовандгораш (соҳибаш) фармуд, ки: тосҳо (таштҳо) баргир, ки ба ҳаммом равем. Дар роҳ Мустафо — Саллаллоҳу алайҳи ва саллам! — дар масҷид бо саҳоба намоз мекард. Ғулом гуфт: Эй […]

Чанд нукта дар бораи Ибни Сино

Ман шогирди намозам Соҳиби китоби арзишманди “Равзотул-ҷаннот”, ки дар аҳволи уламо ва донишмандон мебошад, менависад: “Марҳуми Бӯалӣ дар зиндагиномаи худ мегӯяд: Ман шогирди намозам, зеро ҳар вақт мушкиле амалӣ барои ман пеш меомад, вузӯ мегирифтам ва ба ҷомеи шаҳр (масҷиди ҷомеи Бухоро) мерафтам ва дар он ҷо ду […]

Ҳукми намози мубтало ба бемории руҳӣ

Пурсиш: Дӯсте дорам, ки хост ба ин саволаш посух ёбад: «Ман таи чанд сол аст, ки бемории руҳӣ дорам. Муолиҷаҳо бо духтур, домулло кардам, беморӣ дуруст нест. Намоз мехондам. Акнун аз шумо пурсиданӣ ҳастам, ки оё барои ман комилан шарт, ки намоз хонам? Ман фикр мекунам, намоз барои […]

Оромиши мо дар чист?

Дар хонаи мо равнақ агар нест, сафо ҳаст, Ҳар ҷо, ки сафо ҳаст, дар он нури Худо ҳаст. Намоз хондан оромиши равонӣ падид меоварад ва дилро амният мебахшад. Онҳое, ки тавфиқи бештаре дар баргузории намоз доштаанд, ба оромиши бештаре даст ёфтаанд. Ҳатто баррасиҳои равонковона нишон додааст, онҳое, ки […]

Гуноҳонро чӣ гуна маҳв кунем?

Ҳамон гуна ки амалҳои нек ва солеҳи инсон ба воситаи бархе гуноҳон табоҳ мешаванд, ҳамин тавр баъзе аз аъмоли нек низ сабаби аз байн рафтани гуноҳон мешаванд. Дар Қуръони Карим ва ривоёт роҳҳои фаровоне, ки мӯҷиби аз байн рафтани гуноҳон ва осори онҳо ва балки табдили онҳо ба […]