Нақду назар

Барои Тоҷикистон, инсонсозӣ муҳимтар аз хонасозӣ аст

Ба муносибати солрӯзи вафоти ҳазрати Мавлоно Сайидюнуси Истаравшанӣ 17 декабр солрӯзи даргузашти ҳазрати Мавлонои Балхӣ аст. Дар ин навиштор, намехоҳам ба муаррифии Мавлоно бипардозам ва дар бораи шарҳи зиндагии ӯ бинависам. Боварам ин аст, ки бештари тоҷикон бо шарҳи ҳоли… Read More ›

Забони миллии тоҷикон порсӣ аст!

Ба қалами Дориюши Раҷабиён (Дар посух ба мақолаи “Забони миллати тоҷик – забони тоҷикист!” ба қалами Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон) Мақолаи Фарҳоди Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони ъулуми Тоҷикистон, аз ҳамон ъунвони худ то ба поёни матлаб бо ҳувияти тоҷикон… Read More ›

Дар қарни 21, тоҷик чӣ гуна метавонад дар ҷаҳон барои худ “ҷойгоҳ” пайдо бикунад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз фарқҳои асосии қарни 21 бо қарнҳои пешин ва ҳатто бо қарни 20-ум, дар ин аст, ки имрӯз, миёни кишварҳо ва миёни одамони мавҷуд дар кураи замин, дигар ҳеч деворе вуҷуд надорад ва одамҳо бо ҳам хеле… Read More ›

Бедил ва “корманди илм”

Ба қалами Ҳафиз Бобоёров Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба Бедил баргузор гардид. Аммо агар қазияи “корманди илмӣ” намебуд, шояд бисёриҳо аз воқеияти илму дониш дар ниҳоде, ки худ ба таҳқиқи илмӣ машғул аст, огаҳ намешуданд. Хуб аст,… Read More ›

Чаро бояд барои Қудс садо баланд кунем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ (Баёни чароии ҳимоят аз Қудс ва сарзамини Фаластин ба забони содда) Ин суол ахиран аз банда шуд, ки чаро мани тоҷик бояд барои Қудс ва Фаластин садо баланд кунам ва аз он дифоъ намоям. Ҷавоби ин пурсиш, пас… Read More ›

Ноҷавонмардӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар хилоли 25 соли ҳукумати феълӣ дар Тоҷикистон, шумо тақрибан рӯзеро пайдо намекунед, ки гӯшае аз хислатҳо ва вежагиҳои давлатмадорони кунунӣ ба хусус шахси раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикистониён ошкор нашавад. То ба ҳол рафторҳое чун паймоншиканӣ, дурӯғгӯӣ,… Read More ›

Миҳан ва Ислом

Сайидюнуси Истаравшанӣ Мусалмон (манзурам, мусалмони пойбанд ба динаш аст) оё наметавонад миллатдӯст ва ё миллатсоз бошад? Бо ин ки ин пиндор аз реша бе поя ва асос аст ва воқеиятҳо онро такзиб мекунанд, аммо чун баъзе аз азизон бар ин… Read More ›

“Назаркарда” назар карда?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Чоплусӣ як беморӣ аст, як бемории равонӣ ва касе, ки ба он мубтало шудааст, бе тардид ниёз ба дармон дорад. Чандон ҷои нигаронӣ набуд агар дар як ҷомеа афроди ангуштшуморе дучори ин мараз мебуданд, аммо вақте ин беморӣ… Read More ›

Чӣ касоне дар Тоҷикистон ДОЪИШ-ро намояндагӣ мекунанд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Он чи бештар доъишиҳоро дар ҷаҳон бадном ва манфур кардааст, на зоҳири онҳост ва на қатъан дине, ки муддаъии пайравӣ аз онанд, балки дар дараҷаи аввал, ин тарзи тафаккури онҳо, ва сониян, рафтор ва таъомулашон бо дигарон аст…. Read More ›

Сиёсат ё шайтанат?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар суханронии ахираш дар Кохи Арбоби Хуҷанд ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар соли 1992, бо муттаҳам кардани ҲНИТ дар ҷанги шаҳрвандии 1992-1997, гуфт: “Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз… Read More ›

Вақте Чин “шарики истротежик” ва “дӯсти самимӣ”-и худро канор мезанад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Вокуниши сарди Чин ба вуқӯи кудето дар Зимбабве ва сарнагунии Роберт Мугабе — ки “дӯсти самимӣ” ва “шарики истротежик”-и Чин дар қорраи Офриқо ба шумор меравад — бароям бисёр суолбарангез буд. На онро маҳкум кард ва на ҳатто… Read More ›

Андар “лату кӯби” Раҳматилло Зоиров

Сайидюнуси Истаравшанӣ Чанд рӯз пеш, Раҳматилло Зоиров, раиси мӯҳтарами Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), дар пойтахти кишвар мавриди “лату кӯби” афроде — ки гуфта мешавад, ҳувияти онҳо то ин лаҳза маълум нашудааст — қарор гирифта ва эшон аз ноҳияи даст, китф… Read More ›

Чӣ гуна уммати ҳазрати Масеҳ (а) шаробро барои худ ҳалол шумурданд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Нӯшидани шароб ва шаробхорӣ дар тамоми адёни илоҳӣ – аз яҳудияту масеҳияту ислом — ҳаром будааст. Масалан, дар Таврот шаробхорӣ боиси “наҷосати инсон” муаррифӣ шуда ва Худованд хитоб ба ҳазрати Ҳорун (алайҳиссалом) фармудааст: “Ту ва писаронат бо ту,… Read More ›

Ин ҳама нафрат барои чист ва моро ба куҷо хоҳад бурд?

Бобоҷони Қаюмзод Бо камоли таассуф, дар ҷомеаи мо имрӯз нафрат ба шаклҳои гуногуне дар ҳоли рушд аст. Нафрат дар шакли маҳал, дар шакли ҳизбӣ, дар шакли динӣ-дунявӣ ё идеологӣ ва нафрат дар шаклҳои нопайдову пинҳонӣ дигар фазои маҷозиро пур кардааст…. Read More ›

Мухолифат бо ҳукумат, лузуман ба маънои хостори расидан ба қудрат нест

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар кишвари мо, чунонки бисёре аз мафоҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ воруна тафсиру тавзеҳ шуда (ва мешаванд), мавзеъгириҳо — ба хусус мавзеъгирӣ дар арсаи сиёсат — низ ба мардум ва афкори умумӣ воруна нишон дода мешаванд, он ҳам бештар… Read More ›

Фоҷеае, ки табдил ба ормоншаҳр мешавад

Мақолае аз Ҷорет Стефон (Jarrett Stepman) дар Daily Signal Фурӯпошии девори Берлин ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ба ҷанги сард поён дод, аммо набард байни ақидаи озод зистан ва ақидаи бо ҷамъ зистан (коллективизм) ҳаргиз поён наёфт. Назарсанҷие, ки ахиран тавассути… Read More ›

Гуфтор дар боби “хоки паст”

Ёддоште аз Азиз Нақибзод Хокаш паст! Намедонам дар гӯишҳои дигар манотиқи Тоҷикистон ин ибора истифода мешавад ё на, аммо дар водии Зарафшон ба нисбати шахсе, ки беинсофию бевиҷдонӣ мекунад ва хилофи ҷавонмардӣ рафтор менамояд, гуфта мешавад. Медонистаму боз мутмаинтар мешавам,… Read More ›

Чаро аз Зариф даъват ба амал омад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дирӯз (8 ноябр), бо як даъвати расмии ҳукумати Тоҷикистон, сафаре ба кишвари мо анҷом дод ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва низ ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов дидор ва гуфтугӯ ба амал овард…. Read More ›

Темур Варқӣ хостори таъсиси як гурӯҳи ҳирфаӣ тавассути рӯзноманигорони муҳоҷир шуд

Темур Варқӣ, шоир, рӯзноманигор ва фаъоли фарҳангӣ ва иҷтимоии маъруфи тоҷик, дар суханоне дар мизи гирди “Тоҷикистон: саркӯби расонаҳо ва журналистони мустақил бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ”, ки дар 2 ноябри соли ҷорӣ дар Вен пойтахти Утриш (Австрия) баргузор шуд,… Read More ›

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавеллӣ ва донишмандони исломӣ (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши севвум ва поёнӣ Ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат аз назари ислом Сиёсати мавриди назари ислом, бо сиёсате, ки амсоли Макиавеллӣ аз он мегӯянд, аслан қобили муқоиса нест. Аз нигоҳи ислом, ахлоқ на танҳо аз сиёсат ҷудо нест, балки… Read More ›