Рубрика: Нақду назар

Олим будан ва огоҳ будан ба чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Камолу саодати инсон дар ин аст, ки илм омӯзад ва огоҳ бошад. Аммо огоҳ будан фақат ба ин нест, ки бар маълумоти ту ҳар рӯз чизе афзуда шавад, масалан то имрӯз намедонистӣ Порис пойтахти Фаронса будааст ва имрӯз бароят ин маълум шуд ва ё ин ки […]

Абдулқодирзода инҷо рост мегӯяд

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ин сухани ҳикматомезро, ки: “Ба он чи мегӯяд нигоҳ кун, на ба он ки мегӯяд”, ҳама шунидаем ва қабулаш ҳам дорем, аммо дар амал камтар касе пайдо мешавад, ки ба мазмуни ин гуфтор амал кунад. Ахиран, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар изҳори назаре, як […]

Тафкики забони “порсӣ” аз “дарӣ”; Ашрафи афғон дунболи чист?

Ба қалами Меҳрдоди Хадир Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, дар ойине бо унвони “Гуфтумони таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ” гуфтааст: “Афғонистон маҳди забони дарӣ аст. Эрон паҳлавизабон буд. Мо забону адабиёти дариро инкишоф додем. Ҳоло ба мо мегӯянд: Эрони шарқӣ. Эй бародар! Дуздӣ ҳам ҳадд дорад, ҳадд дорад!” Ин […]

Нақд бояд чӣ гуна бошад // Рисолаи Далер Шарифов ба унвони намуна

Сайидюнуси Истаравшанӣ Иддаои “бетарафӣ” хеле иддаои бузургу гунда аст, ва дар арзёбии масоил ҳар касе тавони якчунин иддаоеро надорад, ва шахсан банда мӯътақидам, мо дар дунё одами тамоман “бетараф” надорем, магар он ки аз ҷинси одам набошад. Зеро одам, то модоме ки одам аст, ӯ ба чизе боварманд […]

Хавориҷ; нахустин такфириҳои таърих

Яке аз саҳнаҳои бисёр дарсомӯзи таърихи ислом, таъомули ҳазрати Алӣ (а) бо Хавориҷ аст; як мушт афроди ҷоҳилу нодоне, ки намедонистанд ҷоҳиланд. Одам вақте бидонад, ки намедонад, хуб аст, зеро ба дунболи донистан мешавад. Аммо вақте надонад ва ба нодонии худ огоҳ набошад, ин дигар як мусибат аст. […]

Вақте шайхи Азҳар намояндаи Ассисиро сари ҷояш менишонад – (Видео)

Аҳмад Тайиб дар ҳамоише дар ҷавоб ба суханони намояндаи Ассисӣ, бо баёни ин ки “навгароӣ мафҳуми бархоста аз дин аст, на ин ки маҳсули мудернизм бошад”, гуфт: “Ҷанги ҳақиқӣ ҷанг миёни суннат ва мудернита нест; ҷанг миёни суннат ва мудерн, ҷангест, ки барои фурсатсӯзӣ аз мо роҳ афтодааст.” […]

Санъати “сухани бузургон”

(Ба ҳар шабакаи иҷтимоие, ки сар бизанед, бороне аз ҷумлаҳои ҳикматомез бар саратон меборад. Чаро?) Ҳар рӯз субҳ, ки вориди сафҳаи корбарӣ ва ё гурӯҳии худ дар интернет мешавед, мебинед, ки масалан холаатон тасвире аз ғуруби офтоб дар даште сарсабзро фиристодааст, ки рӯи он навишта шуда: “Имрӯз мисли […]

Оё сиёсат бо диёнат қобили ҷамъ нест?

Мақому мансаб аз дидгоҳи ислом, ба худии худ арзише надорад ва чизе нест, ки инсон ҳариси он бошад. Ва танҳо замоне арзиш пайдо мекунад, ки соҳибаш битавонад ҳақро ба ҳақдор бирасонад ва дар ҷомеа адолат барпо бидорад. Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар манобеи исломӣ ривоятҳои фаровоне ҳаст дар мазаммати риёсатхоҳӣ […]

Оё навбати сӯфиҳо ҳам расид?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш дар расонаҳо хабаре мунташир шуд мабнӣ бар даргузашти як руҳонии маъруф дар Вахш ба номи Домулло Сафархоҷа. Тибқи гузориши расонаҳо, ин руҳонии 72-сола пеш аз вафот ҳамроҳ бо 3 фарзанд ва 1 наберааш аз сӯи мақомот дастгир ва мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта будааст. […]

Як бор аз берун худамонро тамошо кунем

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар бештари филмҳое, ки тамошо мекунем, бахусус филмҳои ҳиндӣ, хайру шарре ба тасвир кашида мешаванд, ки бо ҳам дар ҳоли набарданд ва шарр ҳамеша аз имконоти бештаре бархӯрдор аст ва соҳибонаш одамони қудратманд ва дорои сарвату савлатанд, аммо хайр аз ин лиҳоз тақрибан чизе надорад. Мову […]

Бетафовутии ҳукумат нисбат ба саҳлангории коргузорони фосид

Сайидюнуси Истаравшанӣ Аз манзари фалсафаи таърих ва бо нигоҳ ба зуҳуру суқути давлатҳо дар тӯли таърихи башар, дида мешавад, давлатҳое, ки умре нисбатан тӯлонӣ доштаанд, давлатҳое будаанд, ки дар онҳо, фурсат ва маҷоле барои коргузорони фосид дода намешуда, ба ин маъно, ки вақте маълум мегардид як коргузори давлатӣ […]