Рубрика: Нақду назар

Вокуниши пажӯҳишгари тоҷик ба иддаои ахири Абдуҷаббор Раҳмонзода

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик, дар вокуниш ба иддаои ахири Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ёдовар шуд: “Раҳмонзода худ намедонад чӣ мегӯяд. Шириншоҳ Шоҳтемурро муттаҳам ба панэронистӣ кардаву кушта буданд.” Ба гузориши хабаргузории “Спутник” ба нақл аз дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Раҳмонзода зимни сӯҳбат дар бораи қаҳрамониҳои Шириншоҳ Шоҳтемур […]

Ду иштибоҳи истротежики ҳизби ҳокими ҲХДТ

Ба баҳонаи солгарди таъсиси ҲХДТ Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ҷаҳони имрӯз, андак нестанд аҳзоби сиёсие, ки бар пояи ҷойгоҳ ва қудрати як фард таъсис мешаванд, ва аз ин рӯ, вуҷуду бақои онҳо баста ба вуҷуду бақои он фард аст. Яъне то модоме, ки ӯ ҳаст, ин ҳизб ҳам ҳаст […]

Секулоризм чизе ҷуз ҳошиянависӣ бар китоби муқаддас нест

Секулорҳо достони оммаписанде барои таъриф кардан доранд: аз назари онҳо, бо ривоҷи адёни иброҳимӣ ҳамаи хубиҳои ҷаҳони погонӣ аз миён рафт ва дунёи тирае аз таҳмили ақоид, таъассуб ва хушунати динӣ ба вуҷуд омад. Аммо китоби ҷадиди Том Ҳулонд (Tom Holland) — муаррихи барҷаста, чизи дигаре мегӯяд. Ҳулонд […]

Ба “Суқроте” ниёз аст, то сафсатаҳои “суфастоиёни” Окодемии улумро ошкор созад

Сайидюнуси Истаравшанӣ Меҳвари баҳсҳои ин навиштор, мақолаи ҷаноби Назар Муъмин — раиси гурӯҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Окодемии улуми Тоҷикистон дар як сойти русӣ аст, ки хабаргузории “Ховар” бознашраш карда. Аммо пеш аз пардохтан ба асли мавзӯъ, холӣ аз фоида нест ҳамроҳ бо хонандаи азиз, саре ба гузаштаи […]

Дурӯғҳои шохдори як файласуфнамо

Агар дар ин баёния, чизе пайдо кардед, ки битавон аз лобалои он, “ҳадафҳо”-и мавриди назари шумо истинбот шавад, дар ин сурат, воқеан шоистаи унвони “доктори илмҳои фалсафа” ҳастед, вагарна, касе ҷуз як пиёданизоми “Фабрикаи ҷавоб” нестед. Сайидюнуси Истаравшанӣ Дурӯғ ё шохдор аст ё бешох. Дурӯғи шохдор он аст, […]

Таассуб

Мутаассиб ба касе гуфта мешавад, ки ба андеша ва ақидае, ки дар сар дорад, кӯр-кӯрона ва бидуни далел часпидааст. Ва чунин фарде, ҳам метавонад диндор ва ақидааш динӣ бошад, ҳам як материалист ва моддигаро бошад, ва ҳам як секулор бошад. Хулоса, таассуб танҳо вежаи як гурӯҳи хосс нест, […]

“Исломи сиёсӣ”, тасаввуф, руҳониёни тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ Изҳори назар дар бораи як масъала аз сӯи мо, одамҳо, ғолибан ба се гуна қобили тасаввур аст. Як вақт ҳаст шумо, бо дар назар гирифтани воқеияти он масъала дар хориҷ аз зеҳнатон, яъне ҳамон тавр ки ҳаст, изҳори назар мекунед, бе он ки чизе аз пеши […]

Ибни Сино: ҳакиме роҳнамо

Пруфесур Питер Одомсун, устоди фалсафа дар Донишгоҳи Лудвиг Моксимилёни Муних (Ludwig Maximilian University of Munich) мӯътақид аст, таъсири шигарфе, ки Ибни Сино бар тамаддуни Ғарб гузоштааст, бузургтарин таъсиргузории як файласуф бар тамаддуне бегона дар тӯли таърих аст; ва бар хилофи тасаввури роиҷ дар миёни файласуфони ғарбӣ, ин таъсиргузорӣ […]

Аслитарин монеъ барои гузор ба дабираи порсӣ дар Тоҷикистон чист?

Дар ҳоле, ки талоши зиёде аз сӯи Тоҷикистон барои бозгашт ба дабираи порсӣ сурат гирифта ва иттифоқи назар низ миёни нухбагони ин кишвар дар ин замина вуҷуд дорад, аммо ба назар мерасад дабираи русӣ бо пуштибонии сиёсии Маскав, омили аслии адами муваффақияти ин талошҳо будааст. Ба гузориши Tasnimnews, […]

Чаро Раҳмон пазируфт номи чанд рӯзноманигор вориди феҳристи “теруристҳо” шавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бо ба чашм хӯрдани номи Мавҷуда Соҳибназарова, Ҳумайро Бахтиёр, Шӯҳрати Раҳматулло, Амруллоҳи Низом ва чанд рӯзноманигори дигар дар феҳристе, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба унвони феҳристи “афроди алоқаманд ба теруризм” тартиб дода шудааст, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки оё Раҳмон аз вуҷуди номи рӯзноманигорон дар […]

Оё ин омору арқом намегӯянд, бояд ба хатти порсӣ бозгардем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ, аз лузуми гузор ба хатти порсӣ сухан ба миён овард ва гуфт, мо “роҳи дигаре ҷуз бозгашт ба хатти порсӣ надорем”. Ӯ, далели ин заруратро яке ин донист, ки агар “воқеан мехоҳем, миллат аз бунбасти илмӣ, фарҳангӣ ва текнулужӣ, […]