Рубрика: Нақду назар

Таҳлили навиштори ахири ҷаноби Бозор Собир, аммо аз як зовияи дигар

Мақолаи ахири ҷаноби Бозор Собир оё ниёз ба радд ва ҷавоб дорад? Бале, дорад. Аммо ба назар мерасад, ин мақола беш аз он ки “муҳтавояш” ниёз ба “посухи илмӣ” дошта бошад, ба таҳлил ва баррасии равоншиносонаи “соҳибаш” ниёз ҳаст. Албатта, мақолаи бародари азизамон Дориюши Раҷабиён, ки дар посух […]

Эй кош мешуд меҳри забони модариро дар инҳо рехту барангехт!

Ду ёддошт аз Дориюши Раҷабиён Эй кош мешуд меҳри забони модариро дар инҳо рехту барангехт! Забони порсӣ душманони фаровоне доштааст. Аз импротурии Юнон гирифта то импротурии Рус, ҳама дар пайи он будаанд, ки забони порсиро аз сафҳаи торих бизудоянд. Аммо дар Тоҷикистон, ки замоне хостгоҳи забони порсии навин […]

Агар имрӯз касе мисли Иқбол дар миёни мо мебуд, чӣ мегуфт ва чӣ мекард?

Оё боре шудааст, дар бораи ин матлаб биандешем, ки агар имрӯз Сайид Ҷамол ё Иқбол ё Шариатӣ ё касе мисли Аҳмади Дониши худамон ва ё ҳар эҳёгар ва ислоҳгари исломии дигар, ки мешиносем, дар миёни мо мебуд, муҳимтарин дағдағаи фикрии ӯро чӣ чиз ташкил медод? Мавзӯъро каме бозтар […]

Чаро ҲНИТ аз ин гузина истифода намекунад?

Агарчӣ расонаҳои вобаста ба бархе ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон рафторҳои яке ду соли ахири ҳукумат бо ҲНИТ-ро бо гузоришҳо ва таҳлилҳои бе поя ва асоси худ воруна ҷилва медиҳанд ва саъй дар табриаи домани дастгоҳҳои ҳукуматӣ аз ин корҳои зишт мекунанд, ки гӯӣ ин “расвосозиҳо” ва “бе эътибор карданҳо” […]

Қатъи барқ дар Вошингтун ва пешниҳоди унвони “пешвои миллат” барои Раҳмон

Чаҳор рӯз пеш, яъне сешанбеи гузашта (7 апрел), ду хабар бароям ҷолиби таваҷҷӯҳ буд: яке, гузорише аст, ки дар бештари хабаргузориҳо ва расонаҳои ҷаҳон дарз шуда буд, ва дигаре, хабаре, ки дар баъзе аз расонаҳои тоҷикзабон дидам. Он чӣ дар он рӯз сархатти хабарҳои бештари хабаргузориҳо ва расонаҳои […]

Ду нукта дар бораи “бозгашт ба асли хеш”

Беш аз як моҳ аст, ки “қишри фарҳехта”-и тоҷик ва ба хусус давлатмардонаш андармони ин шудаанд, ки чӣ кор бикунанд, то “сатри сиёҳ”-и бахше аз бонувони ин кишварро бо “либоси миллӣ” ҷойгузин бикунанд? Ва ин ҳамму ғамм албатта замоне барояшон падид омад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ […]

Атовулллоев, опозисиюни тоҷик, нақди зотӣ ва роҳи ҳалл…

Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигори собиқ ва раҳбари ҷунбиши “Ватандор”, дар ин ду ҳафтаи ахир ду ёддоште дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошт, ки ҳар ду ба назарам қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд, ба хусус аз ин назар, ки ӯ сарони опозисиюни тоҷикро ба як нақди зотӣ хондааст. Ӯ, ки […]

То мо дигар нашавем, чизе дигар нахоҳад шуд

Ёддоште аз Додоҷон Атовулллоев Зиндагӣ (дар ин дунё) як бор меояд ба даст. Танҳо як бор. Танҳо як бор ту аз вазиши бод, хандаи офтоб, дидори азизонат лаззат мебарӣ. Нигоҳҳои хушбахтонаи тифлонаконат туро шод мекунад. Сарафроз мешавӣ, чун модарат сӯи ту барои амали неке лабханд менамояд. Ончуноне ки […]

Ман ҳамонам, ки шумо мехонеду мешунавед…

На аз Раҳмонов, на аз Кабирӣ, на аз Атовуллоев бут натарошед. Ман аз Раҳмонов намегӯям. Муносибати ману ӯ ба чаҳор подшоҳ маълум аст. Ман аз дӯстонам Кабириву Зоиров ва азизони дигар мегӯям, на ба хотири он, ки хусумат дорам, баръакс. Баръакс чун фарде, чун инсоне онҳо бароям гиромиянд. […]

Фархунда, Яман, шиъаву суннӣ, басират…

Дар бораи иллати қатл ва сӯзонда шудани Фархунда аз сӯи шуморе аз мардум дар Афғонистон, он чӣ Вазорати дохилаи ин кишвар ба унвони “фарзияи асосӣ” эълом кардааст ва шавоҳиде низ бар он далолат мекунад ин будааст, ки Фархунда бо чанд “мулло” — ки корашон дар як мазор тӯморнависӣ […]

Вақте нухбаҳо таслими “воқеият” мешаванд

Ҳар ҷомеае иборат аст аз аксарияти тӯда ва ақаллияти нухбаҳо. Ғолибан чунин будааст, ки тӯдаҳо зуд таслими “воқеиятҳо” (ҳар воқеияте, чӣ бад бошад ва чӣ хуб) бишаванд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳукком — вақте бихоҳанд, як “воқеият”-ро бар мардум ва ҷомеа таҳмил бикунанд – ҳаргиз аз ноҳияи тӯдаҳо […]