Рубрика: Нақду назар

Агар ҳукумат мухолифони худро “теруристу экстремист” мешуморад…

Оё ҳукумати Тоҷикистон ҳозир аст сари як миз бо намояндаҳои мухолифонаш, ки онҳоро “теруристу экстремист” мехонад биншинад, ё ба унвони эътироз, ҷаласаро тарк хоҳад кард? Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳеч унвони зишту нописанд дар дунё боқӣ намонда магар ин ки ҳукумати кунунии Тоҷикистон рӯи мухолифони худ ба вежа ҲНИТ он […]

Ҳикмат, фалсафа ва илм

Ба қалами дуктур Ғуломризо Аъвонӣ, устоди фалсафа ва узви ҳайъати илмии Фарҳангистони улуми Эрон Барои баҳс дар хусуси “ҷойгоҳи ҳикмат дар Эрони имрӯз” бояд нахуст мушаххас кард, ки ҳикмат ба чӣ маъност? Дар чӣ нисбате бо фалсафа ва улуми дигар қарор мегирад? Ва аз чӣ замоне дар Эрон […]

Вақте пешфарзҳо ва пешдовариҳо ботил мешаванд…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Як масъала ҳаст, ки бад нест дар солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва “Рӯзи ваҳдати миллӣ”, дар бораи он сӯҳбат бишавад. Ва он ин ки: роҷеъ ба асбобу авомили бурузи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, дидгоҳҳо дар ҷомеаи мо якнавохт нестанд, ҳар гурӯҳ тафсири хоссе аз он ироа […]

“Ваҳдати миллӣ” чизе хӯрданист ё пӯшиданӣ?

Сайидюнуси Истаравшанӣ “Ваҳдати миллӣ” яке аз он мафҳумҳое аст, ки дар ҷомеаи мо дар бораи он зиёд мегӯянд ва зиёд мешунавем ва ҳатто рӯзеро дар кишвар ба унвони “Рӯзи ваҳдати миллӣ” номгузорӣ кардаанд, аммо бо ин ҳама, ҳанӯз як таърифи дақиқу дуруст — ки ҳама рӯи он иттифоқи […]

“Боғбонҳо”

Фоҷеаи зиндони “Кирпичный” ҳамаро – бидуни истисно, чӣ мухолиф аст вай ва чӣ мувофиқ — такон дод. Ва фикр мекунам, дар 10 соли гузашта, ҳеч руходе ба андозаи ин рухдоди ғамангез, тоҷикҳоро такон надодааст. Бешак, ин ҳодиса суолҳо ва пурсишҳои зиёдеро пеши ҳар як аз мо барангехтааст, ки: […]

Диранге бар мақолаи Нуриддин Шаҳобиддинов таҳти унвони “Мазҳаб ва инкишоф”

Фикр мекардам, “ҷоҳилу нодону кавдан” пиндоштани дигарон, ба хусус диндорон, фақат махсуси “донишмандони” даврони Шӯравист – зеро пиндорашон ин буд, ки мулло ҷамоат чизе намефаҳмад – аммо шӯрбахтона, мебинем, ки ин одати зишт ҳанӯз ҳам дар миёни олимнамоҳои Тоҷикистон, лоақал дар миёни порае аз онҳо, пойбарҷо будааст. Аҷиб […]

Туфайлӣ набошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Туфайлӣ дар асл ба касе гӯянд, ки “нохонда ҳамроҳи як меҳмони даъватшуда ба меҳмонӣ меравад, яъне меҳмони нохонда”, вале ин вожа сипас тавсиъа ёфта ва ба ҳар “нохондае” итлоқ мешавад, аз ҷумла ба афроде, ки агар бихоҳанд номе аз онҳо дар таърих боқӣ бимонад ва ё […]

Дидгоҳҳои дуктур Муллоҷонов дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ва номи забони давлатӣ

(Тарҷумаи ёддоште аз дуктур Парвиз Муллоҷонов дар Фейсбук) Дирӯз дар шабакаи иҷтимоӣ бо ҳамкоронам баҳсу гуфтугӯе доштем дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ. Ба назари ман, ин масъала барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ояндаи кишвар, бисёр муҳим аст. Ба ҳамин ҷиҳат, лозим медонам чанд калима дар ин мавзӯъ бигӯям, […]

Оё расона дар кишвари мо озод нест?

Ба баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), 3 майро ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот” номгузорӣ кардааст. Озодии расона ва матбуот яъне ин ки расонаҳо (рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, пойгоҳҳои интернетӣ, блогҳо ва ғайра, чӣ давлатии онҳо ва чӣ мустақиллашон) дар матолибе, ки […]

Сад офарин бар мардуми шарифи Тоҷикистон!

Сад офарин бар мардуми шарифи Тоҷикистон, ки тамоми вазифаҳо ва масъулиятҳои як ҳукумат ва давлатро худашон анҷом медиҳанд, ба ин тартиб: — таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кору шуғл, ки масъулияти ҳар давлате аст, аммо дар кишвари мо, мардум худашон ба кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд хусусан ба Русия ва […]

Ин, ҷойи таассуф дорад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Нигоранда, ва дар канори ӯ, садҳо ва балки ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон мухолифем ва дар ҳамин росто фаъолият мекунем, бо ин ҳама аммо аз ин ки мебинем дар баданаи ҳукумати феълӣ ҳатто як нафар давлатмарди огоҳу бобасират дида намешавад, ранҷ мебарем. […]