Рубрика: Омӯзаҳои набавӣ

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ин пурсиш ҳамеша фикрамро ба худ машғул медошт ва мехостам барояш як посухи дуруст биёбам, ки: чаро тасаввури аксар ба иттифоқи одамҳо — ва ҳатто худи мусалмонон бахусус авомми онҳо — аз ислом, бо он чи манобеъи динии мо аз ислом мегӯяд, фарқ мекунад ва аз […]

Суннати илоҳӣ сиёҳу сафед намешиносад // Вақте як ҳамоқат бо ҳамоқате дигар рӯ ба рӯ мешавад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар оғозин рӯзҳое, ки вируси куруно гиребонгири мардуми Чин шуд ва хабараш дар дунё печид, шуморе аз мо, мусалмонон — бо камоли таассуф албатта – “табли шодӣ” задем ва гуфтем, Худованд дар ҳоли муҷозоти “худобехабарони чинӣ” ба хотири зулму ситамҳое аст, ки бар мусалмонон раво медоранд. […]

Ду ҳадис аз ҳазрати Паёмбар (с)

1) Чанд вижагии мусалмон Ҳазрати Паёмбар (с) мефармоянд: مَنْ نَفَّسَ عَنْ مُؤمِنٍ كُرْبةً مِنْ كُرَبِ الدُّنيا ، نَفَّسَ اللهُ عَنْهُ كُرْبَةً مِنْ كُرَبِ يَومِ القِيامَةِ ، ومَنْ يَسَّرَ على مُعسِرٍ ، يَسَّرَ الله عَليهِ في الدُّنيا والآخرَةِ ، ومَنْ سَتَرَ مُسلِماً ، سَتَرَهُ اللهُ في الدُّنيا والآخِرة ، […]

Ба баҳонаи зодрӯзи ҳазрати Фотима (а) // Чанд ҳадис дар бораи ин бону

Ба муносибати зодрӯзи духтари гиромии Паёмбари Акрам (с), ҳазрати Фотимаи Заҳро (а), бар он шудам, то чанд ҳадиси набавӣ (а) аз манобеи аҳли суннат ва ҷамоат дар фазоили он бонуи арҷманд биёварам: 1) فَاطِمَةُ سَیِّدَةُ نِسَاءِ أَهْلِ الْجَنَّةِ “Фотима сарвари занони аҳли биҳишт аст.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 12/480, Ашшомила) […]

Суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

* Сангдил се аломат дорад: бар нотавон тараҳҳум накунад, ба андак насозад, панду андарз дар ӯ асар нагузорад. * Сиддиқ (яъне он ки гуфтор бо кирдораш мутобиқ аст) се нишона дорад: пӯшондани садақа (яъне агар садақа бидиҳад, ба сурати пинҳонӣ медиҳад), пинҳон кардани мусибат ва махфӣ намудани ибодат. […]

Абдулқодирзода инҷо рост мегӯяд

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ин сухани ҳикматомезро, ки: “Ба он чи мегӯяд нигоҳ кун, на ба он ки мегӯяд”, ҳама шунидаем ва қабулаш ҳам дорем, аммо дар амал камтар касе пайдо мешавад, ки ба мазмуни ин гуфтор амал кунад. Ахиран, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар изҳори назаре, як […]

Роҳи дармони кина

Кинатӯзӣ аз гуноҳони бузург ва заминасози ширк ба Худованд ва душманӣ бо дигар ҳамнавъон аст. Агар инсон битавонад ин бемориро дармон кунад, аз бисёре гуноҳон ва рафторҳои нописанд дар амон хоҳад буд. Аз ин рӯ, ибтидо мафҳуми «кина»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, сипас дар бораи дармони он сӯҳбат […]

Оё далеле муҳкамтар аз ин мехоҳем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Инсон бояд ҳар аз гоҳе (агар нагӯям ҳар рӯз) дар боварҳо ва чизҳое, ки ба онҳо эътиқод дорад ва дар роҳе, ки мепаймояд ғавр кунад ва таъаммул кунад; имонаш ба чизе, бояд бар пояҳои муҳкам устувор бошад. Имони кӯр-кӯрона ва ба тақлид аз дигарон, на ба […]

Гуфтори Паёмбари Акрам (с)

* Ин илм ва ҳидояте, ки Худо маро ба он фиристода, чун боронест, ки бар заминҳои мухталиф меборад. Қисмате, ки ҳосилхез аст, обро мегирад ва гиёҳи фаровон мерӯёнад, ва зимнан, обро ҷазб мекунад ва дар манобеи зеризаминӣ захира менамояд, ба ин васила Худо мардумро нафъ мерасонад, ки оби […]

Суханоне аз Паёмбари Хотам (с)

* Некхӯйӣ ва хушҳамсоягӣ хонаҳоро обод ва умрҳоро дароз мекунанд. * Ду чашм аз осеби оташ дар амонанд: яке он ки нимаҳои шаб аз тарси Худо бигиряд, ва дигар он ки дар роҳи Худо шаб нигаҳбонӣ кунад. * Чун фарзанди Одам пир шавад, ду сифат дар ӯ ҷавон […]

Аз суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

* Ҳар ки тавозӯъ кунад, Худо ӯро то осмони ҳафтум боло барад, ва ҳар ки кибр варзад, Худояш то замини ҳафтум фурӯ барад. * Дар баробари фурӯтанон тавозӯъ кунед, вале дар муқобили мутакаббирон такаббур намоед. * Бо аҳли тавозӯъ фурӯтан бошед, ки ин фурӯтанӣ садақа аст, ва бо […]