Рубрика: Омӯзаҳои набавӣ

Аз фармудаҳои ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

* Ду табақа аз уммати мананд, ки агар шоиста бошанд, ҳама ба салоҳ оянд, ва агар фосид бошанд, ҳама ба фасод гароянд. Пурсиданд: эй Паёмбари Худо! Онҳо киҳоянд? Фармуд: фуқаҳо ва зимомдорон. * Мӯмин касе аст, ки аз кори некаш хурсанд ва аз кори бадаш нороҳат шавад. * […]

Аз гуфтори Паёмбари Акрам (с)

* Беҳтарини издивоҷҳо он аст, ки соддатар ва осонтар бошад. * Беҳтарини илмҳо он аст, ки судманд бошад. * Беҳтарини ҳидоятҳо он аст, ки ба марҳилаи амал дарояд. * Беҳтарини мардум он аст, ки беш аз ҳама ба мардум суд расонад. * Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро […]

Суханоне аз Паёмбари Акрам (с)

* Худо ҳар вақт барои миллате хайр хоҳад, имтиҳонашон кунад, (то озмуда ва варзида шаванд ва битавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд). * Бадтарини азобҳо дар қиёмат, барои олими беамал аст. * Бадтарини мардум дар қиёмат ба пешгоҳи Худо касе аст, ки мардум аз забонаш битарсанд. * Яке […]

Гузидае аз суханони Паёмбари Акрам (с)

* Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад. * Худо онро, ки дар дуо исрор варзад, дӯст дорад. * Худо мардуми нексират ва гумноми парҳезгорро дӯст дорад. * Худо мӯъмини косибро дӯст дорад. * Худо дили андӯҳнокро дӯст дорад (дар сурате ки андӯҳаш барои кори лағв ва гуноҳ набошад). […]

Гузидаҳое аз ҳадисҳои Паёмбари Акрам (с)

* Мӯъмин аз як сӯрох ду бор газида намешавад. * Ҳар кӣ шукри мардум накунад, шукри Худо накарда. * Қазоро ҷуз дуо барнагардонад. * Умрро ҷуз эҳсон чизе дароз накунад. * Фақре сахттар аз нодонӣ нест. * Моле судмандтар аз ақл нест. * Ҳеч танҳоӣ аз худписандӣ ваҳшатзотар […]