Рубрика: Омӯзаҳои набавӣ

Худоё! Аз танбалӣ ва бекорӣ ба Ту паноҳ мебарам!

Паёмбари гиромӣ (с) душмани танбалӣ ва бекорӣ буд, мегуфт: اللهم إني أعوذ بك من العجز، والكسل  “Худоё! Аз нотавонӣ ва танбалӣ ва бекорӣ ба Ту паноҳ мебарам!” (Алҷомеъус−сағир, ҷ.1, с.58) Ҳазраташ дар ривояте, ки Имом Ғаззолӣ (р) дар Эҳё нақл кардааст, мусалмононро ба кор кардан ташвиқ мекард ва […]

Паёмадҳои зиёнбори ҳасад

Ҳасад осори бисёр зиёнборе аз назари фардӣ ва иҷтимоӣ ба бор меоварад ва камтар сифате аз сифатҳои разила аст, ки дорои ин ҳама паёмадҳои бад мебошад. Муҳимтарини онҳо, паёмадҳои зер аст: 1) Аввал ин ки ҳасад тамоми некиҳои одамиро, ки дар ҳаёташ анҷом додааст аз байн мебарад. Дар […]

Роҳи наҷот аз бемории ҳасад

Ҳасад аз бемориҳои хатарноки ахлоқӣ аст, ки агар инсон ба дармони он напардозад, дину дунёи ӯро табоҳ мекунад. Ҳасад ин аст, ки шахси ҳасуд, наметавонад неъматеро, ки дар шахси дигаре вуҷуд дорад бибинад ва дӯст дорад ва орзу мекунад, ки ин неъмат аз ӯ гирифта шавад. Дармони ин […]

Ривояте дар бораи авзоъу аҳволи мардум дар охируззамон

Аллома Таботабоӣ, соҳиби тафсири гаронмояи “Алмизон”, зайли тафсири ояти 54 сураи Моида, ин ривоятро аз соҳиби тафсири Қуммӣ бо санад (Қуммӣ аз падараш аз Сулаймон ибни Муслими Хашшоб аз Абдуллоҳ ибни Ҷурайҳи Маккӣ аз Ато ибни Абӯриёҳ аз Абдуллоҳ ибни Аббос) нақл карда, ки Ибни Аббос (р) гуфт: […]

Баҳраи ашъори Ҳофиз аз Қуръон ва аҳодис

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ Мазан зӣ чуну чаро дам, ки бандаи муқбил,  Қабул кард ба ҷон ҳар сухан, ки ҷонон гуфт. Талмеҳ аст ба ояти: قُل لاَّ أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلاَ ضَرًّا إِلاَّ مَا شَاء اللّهُ “Бигӯ: ман молики суду зиён барои худ нестам, магар он чиро, […]

Ёде аз айёми донишҷӯӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Медонед, рамзу рози таъкиди фаровони ислом бар гуфтани “тасбеҳ” чист? Албатта тасбеҳ, фақат ин нест, ки шумо ба забон такрор кунед: “Субҳоналлоҳ!” Субҳоналлоҳ яъне Худоё, ту поку муназзаҳӣ! Инро тӯтӣ ҳам қодир аст такрор кунад. Балки тасбеҳ, беш аз ҳама, як бовар ва эътиқоди қалбӣ аст […]

Аҳком ва одоби Иди саъиди Қурбон

Иди Қурбон яке аз идҳои бузурги исломӣ ба шумор меояд. Дар шариати муқаддаси ислом барои Иди Қурбон аҳком ва одобе вуҷуд дорад, ки дар ин навиштор ба баёни онҳо пардохта мешавад. 1) Аҳкоми такбироти ташриқ: Хондани такбироти ташриқ — яъне хондани: الله اکبر، الله اکبر، لا اله الا […]

Шаклу шамоили ҳазрати Паёмбар (с) дар ривоёт

Мурод аз шамоили ҳазрати Паёмбар (с), вежагиҳои ҷисмонӣ ва мушаххасоти чеҳра ва андоми мубораки он ҳазрат (с) аст, ки дар манобеи ривоӣ ва таърихии мухталиф баён гардида. Мусалмонон, аз садри ислом, илова бар ҳифзу забти гуфтору кирдори ҳазрати Паёмбар (с), ба забту нақли авсофи зоҳирии он ҳазрат (с) […]

Рӯзноманигорони азиз, лутфан накунед ин корҳоро!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар яке ду ҳафтаи ахир, дар шабакаи иҷтимоӣ ва баъзе аз сомонаҳои интернетӣ, ду филми шабеҳи ҳам мунташир шуд дар бораи ду зани ҷавон, ки бо мардоне бегона дар утоқи худ хилват карда будаанд ва наздикони шавҳари он ду зан бо вуруд ба утоқашон, аз онҳо […]

Аз дуои мазлум битарсед!

Дар ҳадисе аз Маъоз ибни Ҷабал (р) омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Аз дуои мазлум битарсед, ки байни ӯ ва Худованд ҳеч пардае вуҷуд надорад.” (Ривояти Бухорӣ) Яъне, вақте як мазлум ва ситамдида дуо мекунад, дуои ӯ қатъан мустаҷоб аст. Ва ба ҳамин мазмун Имом Аҳмад аз […]