Омӯзиши мантиқ

Эроди Росел ба қиёси арастуӣ ва посухи он

Матлабе, ки инак дар садади баёни он ҳастам, дар воқеъ посухе аст ба суоли яке аз дӯстон, ки баҳсҳои мантиқиро пайгирӣ мекарданд. Суоли эшон ин аст: Мисоли 4-уми дарси 19, ки дар он ҳадди васат — зовияи Б — такрор… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 21 (баҳси охир)

Синоъоти хамс (2) Дар баҳси пешин гуфтем, ки қиёс аз назари модда, ба панҷ қисм тақсим мешавад: бурҳон, ҷадал, хитоба, шеър ва муғолата ва ба ин ақсоми панҷгона синоъоти хамс (маҳоратҳои панҷгона) гуфта мешавад. Ҳол, чаро қиёс ба лиҳози модда… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 20

Синоъоти хамс (1) Баҳси синоъоти хамс (маҳоратҳои панҷгона) марбут ба моддаи қиёс аст. Зеро қиёс шакле дорад ва моддае. Он чӣ дар баҳсҳои пешин ва то кунун дар борааш баҳс мекардем, ҳама марбут ба шакли қиёс буд, мисли ин ки… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 19

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (3) Дар баҳси пеш эродҳое, ки бар фоида доштан ё надоштани мантиқи арастуӣ гирифтаанд, зикр кардем. Акнун эродҳое, ки бар дурустии он гирифта ва мантиқро пуч ва ботил ва ғалат донистаанд, ба тартиб зикр мекунем…. Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 18

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (2) Гуфтем, касоне ки арзиши мантиқи арастуиро нафй кардаанд, ё фоидаашро нафй кардаанд ва ё дуруст буданашро. Мо нахуст дар бораи фоида доштани мантиқ ба баҳс мепардозем: Фоида доштани мантиқ Эродҳое, ки дар ин хусус… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 17

Оё мантиқ илме беҳуда аст? (1) Ишора: Ин баҳс, ки дар се қисмат хоҳем овард, баргирифта аз баҳсҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби “Ошноӣ бо улуми исломӣ” таҳти унвони “Арзиши қиёс” аст. Эшон дар ин баҳс ба тафсил посухи ишколи… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 16

Қиёси истисноӣ Пеш аз вуруд ба асли баҳс, ниёз аст чанд матлабро, ки қаблан тавзеҳ дода будам, такрор бикунам. Гуфта будем, ки қазия ё ҳамлия аст ва ё шартия. Ва қазияи шартия ё муттасила аст ва ё мунфасила. Муттасила мисли:… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 15

Қиёси иқтиронии ҳамлӣ Баҳси ҳозир дар бораи қиёси иқтиронии ҳамлӣ аст. Дар баҳси пешин гуфтем, ки қиёси иқтиронӣ қиёсе аст, ки дар муқаддимот натиҷа ва ё нақизи он ба сароҳат наомадааст ва ин қиёс агар аз ҳамлияҳо ташкил бишавад, қиёси… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 14

Ақсоми қиёс Дар баҳси пешин гуфта гузаштем, ки ҳуҷҷат (ва ё ҳамон истидлол) ба навбати худ бар се қисм аст, ва қиёс яке аз ақсоми ҳуҷҷат ба шумор меравад. Ва дар таърифи қиёс ҳам гуфтем, ки қиёс маҷмӯае фароҳамомада аз… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 13

Ҳуҷҷат (истидлол) Баҳси қазия, ки то ин ҷо даргираш будем, муқаддимае буд барои баҳси ҳуҷҷат, ҳамчунон ки баҳси куллиёти хамс муқаддимае буд барои баҳси муарриф. Мо дар дарсҳои пешин гуфта будем, ки мавзӯи мантиқ муарриф ва ҳуҷҷат аст. Баъдан хоҳем… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 12

Акси нақиз Акси нақиз он аст, ки қазияе бо ҳифзи сидқ ва кайф, ба қазияи дигаре табдил шавад, ки мавзӯаш нақизи маҳмул асл ва маҳмулаш нақизи мавзӯи асл аст. Ва ба сухани дигар, акси нақиз иборат аст аз: ҷобаҷо кардани… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 11

Акси муставӣ Дар баҳси пешин гуфтем, ки миёни қазияҳо нисбатҳое вуҷуд дорад; ба ин сурат, ки гоҳе метавон аз сидқи яке ба кизби дигарӣ пайд бурд ва гоҳе баръакс аз кизби яке ба сидқи дигарӣ ва низ гуфтем, баҳсҳое, ки… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 10

Аҳкоми қазияҳо Дар мантиқ пеш аз ошноӣ бо баҳси истидлол (ки муҳимтарин баҳсҳои мантиқӣ дар воқеъ баҳсҳои марбут ба истидлол ва чигунагии он аст), донишомӯз бояд бо нисбатҳои миёни қазияҳо ошно бошад. Зеро қазияҳо чунинанд, ки гоҳе метавон аз сидқи… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 9

Тақсимоти дигари қазия Дар баҳси қаблӣ гуфта гузаштем, ки қазия тақсимоте дорад, ки яке аз ин тақсимот, тақсими қазия буд бар асоси нисбат ва робита, яке дигар бар асоси мазвӯъ, яке ҳам бар асоси маҳмул буд ва низ яке бар… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 8

Ақсоми қазия Барои қазия анвоъе аз тақсим вуҷуд дорад, ки иборатанд аз: Тақсими қазия бар асоси нисбати ҳукмия (робита); Тақсими қазия бар асоси мазвӯъ; Тақсими қазия бар асоси маҳмул; Тақсими қазия бар асоси суратҳо; Тақсими қазия бар асоси ҷиҳат. Ҳол,… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 7

Қазия Чакидаи баҳс Баҳс дар бораи қазия дар се меҳвар хоҳад буд: Таърифи қазия; Тақсими қазия; Аҳкоми қазия. Таърифи қазия: Қазия қавли мураккаби томми хабарие аст, ки эҳтимоли сидқ ва кизб дар он роҳ дорад. Тафсили баҳс Аз ин ҷо… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 6

Таъриф Агар ёди хонанда бошад, дар дарси аввал гуфта будем, ки мазвӯи илми мантиқ иборат аст аз “муарриф” ва “ҳуҷҷат”. Яъне масъалаҳои мантиқ ё дар бораи муаррифҳо (яъне таърифкунандаҳо, ки дар воқеъ дар бораи чӣ гуна таъриф кардани ашё) аст… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 5

Куллиёти хамс Аз ҷумлаи баҳсҳои муқаддамотӣ, ки мантиқдонон онро зикр мекунанд, мабҳаси “куллиёти хамс” аст. Баҳси “куллиёти хамс” дар асл марбут ба фалсафа аст, на мантиқ. Фалосифа дар мабоҳиси моҳият ба тафсил дар ин маврид баҳс мекунанд, вале дар мантиқ… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 4

Нисбатҳои чаҳоргона Чакидаи баҳс Ҳар гоҳ як мафҳуми куллӣ бо як мафҳуми куллии дигаре муқоиса шавад, миёни он ду мафҳум яке аз нисбатҳои зерин барқарор аст: Нисбати табоюн: ин нисбат миёни ду мафҳуме барқарор аст, ки ҳеч кадом аз онҳо… Read More ›

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 3

Куллӣ ва ҷузъӣ Чакидаи баҳс Ҷузъӣ ба мафҳуме гуфта мешавад, ки дар берун фақат бар як фард сидқ мекунад ва сидқи он бар беш аз як фард маҳол аст, монанди мафҳуми “ҳазрати Муҳаммад (с)” ва “шаҳри Душанбе”. Куллӣ он мафҳуме… Read More ›