Рубрика: Омӯзиши мантиқ

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 11

Акси муставӣ Дар баҳси пешин гуфтем, ки миёни қазияҳо нисбатҳое вуҷуд дорад; ба ин сурат, ки гоҳе метавон аз сидқи яке ба кизби дигарӣ пайд бурд ва гоҳе баръакс аз кизби яке ба сидқи дигарӣ ва низ гуфтем, баҳсҳое, ки дар онҳо нисбатҳои миёни қазияҳо тавзеҳ мешаванд иборат […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 10

Аҳкоми қазияҳо Дар мантиқ пеш аз ошноӣ бо баҳси истидлол (ки муҳимтарин баҳсҳои мантиқӣ дар воқеъ баҳсҳои марбут ба истидлол ва чигунагии он аст), донишомӯз бояд бо нисбатҳои миёни қазияҳо ошно бошад. Зеро қазияҳо чунинанд, ки гоҳе метавон аз сидқи яке, ба кизби дигарӣ пайд бурд ва гоҳе […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 9

Тақсимоти дигари қазия Дар баҳси қаблӣ гуфта гузаштем, ки қазия тақсимоте дорад, ки яке аз ин тақсимот, тақсими қазия буд бар асоси нисбат ва робита, яке дигар бар асоси мазвӯъ, яке ҳам бар асоси маҳмул буд ва низ яке бар асоси суратҳо буд ва дигаре бар асоси ҷиҳат. […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 8

Ақсоми қазия Барои қазия анвоъе аз тақсим вуҷуд дорад, ки иборатанд аз: Тақсими қазия бар асоси нисбати ҳукмия (робита); Тақсими қазия бар асоси мазвӯъ; Тақсими қазия бар асоси маҳмул; Тақсими қазия бар асоси суратҳо; Тақсими қазия бар асоси ҷиҳат. Ҳол, ба тавзеҳ ва баёни тақсими қазия бар асоси […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 7

Қазия Чакидаи баҳс Баҳс дар бораи қазия дар се меҳвар хоҳад буд: Таърифи қазия; Тақсими қазия; Аҳкоми қазия. Таърифи қазия: Қазия қавли мураккаби томми хабарие аст, ки эҳтимоли сидқ ва кизб дар он роҳ дорад. Тафсили баҳс Аз ин ҷо баҳси тасдиқот оғоз мешавад. Пеш аз ҳама аввал […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 6

Таъриф Агар ёди хонанда бошад, дар дарси аввал гуфта будем, ки мазвӯи илми мантиқ иборат аст аз “муарриф” ва “ҳуҷҷат”. Яъне масъалаҳои мантиқ ё дар бораи муаррифҳо (яъне таърифкунандаҳо, ки дар воқеъ дар бораи чӣ гуна таъриф кардани ашё) аст ё дар бораи ҳуҷҷат (яъне чӣ гуна истидлол […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 5

Куллиёти хамс Аз ҷумлаи баҳсҳои муқаддамотӣ, ки мантиқдонон онро зикр мекунанд, мабҳаси “куллиёти хамс” аст. Баҳси “куллиёти хамс” дар асл марбут ба фалсафа аст, на мантиқ. Фалосифа дар мабоҳиси моҳият ба тафсил дар ин маврид баҳс мекунанд, вале дар мантиқ назар ба ин ки баҳс дар бораи “ҳудуд” […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 4

Нисбатҳои чаҳоргона Чакидаи баҳс Ҳар гоҳ як мафҳуми куллӣ бо як мафҳуми куллии дигаре муқоиса шавад, миёни он ду мафҳум яке аз нисбатҳои зерин барқарор аст: Нисбати табоюн: ин нисбат миёни ду мафҳуме барқарор аст, ки ҳеч кадом аз онҳо бо дигарӣ дар ҳеч фарде аз афрод ҷамъ […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 3

Куллӣ ва ҷузъӣ Чакидаи баҳс Ҷузъӣ ба мафҳуме гуфта мешавад, ки дар берун фақат бар як фард сидқ мекунад ва сидқи он бар беш аз як фард маҳол аст, монанди мафҳуми “ҳазрати Муҳаммад (с)” ва “шаҳри Душанбе”. Куллӣ он мафҳуме аст, ки сидқаш бар беш аз як маврид […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 2

Илм ва тақсимоти он Чакидаи баҳс Таърифи илм: илм ва идрок иборат аст аз сурате, ки аз як шайъ дар зеҳн падид меояд. Тасаввур ва тасдиқ: илм, ё тасаввур аст ва ё тасдиқ, зеро илм – ки ҳамон сурате аст, ки аз як шайъ дар зеҳн падид меояд […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 1

Имрӯзҳо, ки аз фароғати боли бештаре бархӯрдорам, тасмим гирифтам ба омӯзиши илми мантиқ ва фалсафа барои дӯстдорон ва алоқамандони ин ду илми шариф бипардозам. Саъй мекунам, бо забони бисёр содда ва равон матолибро баён бикунам. Умедворам, ин кӯшиш ва талош судманд воқеъ бишавад. Аз омӯзиши илми мантиқ шурӯъ […]