Рубрика: Омӯзиши фалсафа

Омӯзиши фалсафа (10)

Масоили фалсафа Акнун лозим аст ҳарчанд ба таври мухтасар ва кӯтоҳ, феҳристе аз масоиле, ки дар фалсафаи исломӣ дар бораи онҳо таҳқиқ мешавад, ҳамроҳ бо як силсила тавзеҳоти равшангар, ба даст диҳем. Масоили фалсафӣ бар меҳвари мавҷуд давр мезанад. Яъне он чизе ки дар фалсафа аз қабили бадан […]

Омӯзиши фалсафа (9)

Ҳикмати Мутаолия (2) Назаре куллӣ ба фалсафаҳо ва ҳикматҳо Фалсафа ва ҳикмат ба мафҳуми омм, аз назарҳои мухталиф тақсимоти гуногун доранд, аммо агар аз лиҳози равиш дар назар бигирем, чаҳор навъ аст: ҳикмати истидлолӣ, ҳикмати завқӣ, ҳикмати таҷрибӣ, ҳикмати ҷадалӣ. Ҳикмати истидлолӣ муттакӣ ба қиёс ва бурҳон аст. […]

Омӯзиши фалсафа (8)

Ҳикмати Мутаолия (1) Дар баҳси гузашта, ба сурати кӯтоҳ ба чаҳор равиши фикрӣ дар давраи исломӣ ишора кардем ва намояндагони маъруфи онҳоро низ ном бурдем. Акнун изофа мекунем, ки ин чаҳор ҷараён дар ҷаҳони ислом идома ёфтанд, то дар як нуқта ба якдигар расиданд ва ҷамъан ҷараёни воҳидеро […]

Омӯзиши фалсафа (7)

Равишҳои фикрии исломӣ Дар ду баҳси пешин, тавзеҳе дар бораи равиши фалсафии ишроқӣ ва равиши фалсафии машшоӣ додем ва гуфтем, ки миёни ишроқиҳо ва машшоиҳо як силсила ихтилофоти асосӣ дар масоили фалсафӣ вуҷуд дорад ва гуфтем, ки бино бар машҳур, Афлотун сарсилсилаи ишроқиҳо ва Арасту сарсилсилаи машшоиҳо ба […]

Омӯзиши фалсафа (6)

Фалсафаи ишроқ ва фалсафаи машшоъ (2) Дар поёни баҳси пешин гуфтем, ки он чӣ Афлотун дар мавриди ишқ гуфтааст, ки баъдҳо ба номи ишқи афлотунӣ хонда шуд, ишқи зебоӣ аст, ки ба ақидаи Афлотун решаи илоҳӣ дорад. Ва ин рабте ба он чӣ Шайхи ишроқ дар боби таҳзиби […]

Омӯзиши фалсафа (5)

Фалсафаи ишроқ ва фалсафаи машшоъ (1) Фалосифаи исломӣ ба ду даста тақсим мешаванд: фалосифаи ишроқ ва фалосифаи машшоъ. Сардастаи фалосифаи ишроқӣ, Шайх Шаҳобуддин Суҳравардӣ аз уламои қарни шишум аст ва сардастаи фалосифаи машшоъ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба шумор меравад. Ишроқиҳо пайрави Афлотун ва машшоиҳо пайрави Арасту ба […]

Омӯзиши фалсафа (4)

Фалсафа дар асри ҷадид Дар асри ҷадид, ки аз қарни 16-ум оғоз мешавад, равиши қиёсӣ ва ақлӣ дар улум, ҷойи худро ба равиши таҷрибӣ ва ҳиссӣ дод, ки кори дурусте ҳам буд. Улуми табиӣ яксара аз қаламрави равиши қиёсӣ хориҷ шуд ва вориди ҳавзаи равиши таҷрибӣ шуд. Риёзиёт […]

Омӯзиши фалсафа (3)

Фалсафа чист? (3) Дар баҳси қаблӣ гуфтем, ки фалсафа дар қадим (ва ба хусус дар ҷаҳони ислом) ба ду маъно ба кор мерафт: яке он ки ин вожа ба ҳамаи донишҳои ақлӣ ба кор мерафт, ки иборат буданд аз: илоҳиёт, риёзиёт, табииёт, сиёсат, ахлоқ ва тадбири манзил. Ва […]

Омӯзиши фалсафа (2)

Фалсафа чист? (2) Баҳси мо дар бораи вожаи фалсафа дар луғат буд ва ба ин ҷо расидем, ки дар гузашта ин вожа бар як илми махсус итлоқ намешуда, чунон ки имрӯз барои як илми махусус ба кор меравад, балки ҳамаи донишҳои ақлӣ (ки иборат буданд аз: илоҳиёт, риёзиёт, […]

Омӯзиши фалсафа (1)

Чунон ки ваъда дода будам, пас аз омӯзиши мантиқ ба омӯзиши фалсафа шурӯъ мекунам. Дар ин баҳсҳо саъй мекунам, бо забони сода мабоҳиси фалсафиро тарҳ кунам. Инак, баҳси аввал: Фалсафа чист? Агарчӣ сару кори мо дар баҳсҳои фалсафӣ маъност, на лафз, вале дар оғоз лозим аст каме дар […]