Рубрика: Пароканда

Зайд ҳамеша дар ёду хотирамон ҳаст

Касоне ки Зайдро зиндонӣ кардаанд, шояд бо ин пиндор ӯро роҳии сиёҳчол карда бошанд, ки ёду хотири ӯ аз зеҳнҳо пок бишавад. Аммо ҳаргиз чунин нахоҳад шуд. Касе қодир ба маҳви ёди ӯ аз ҷомеа нест, хусусан мардуми шаҳри Душанбе ва ба хусус касоне ки Зайд кӯмакашон мекард. […]

Ман ҳамонам, ки шумо мехонеду мешунавед…

На аз Раҳмонов, на аз Кабирӣ, на аз Атовуллоев бут натарошед. Ман аз Раҳмонов намегӯям. Муносибати ману ӯ ба чаҳор подшоҳ маълум аст. Ман аз дӯстонам Кабириву Зоиров ва азизони дигар мегӯям, на ба хотири он, ки хусумат дорам, баръакс. Баръакс чун фарде, чун инсоне онҳо бароям гиромиянд. […]

Ҳар габре ба пирӣ намешавад парҳезгор

«Пирамардҳо ва пиразанҳое, ки дар куҳулат роҳат бо Худо унс пайдо мекунанд, касоне ҳастанд, ки ин унсро дар ҷавонӣ ба дили худашон ёд додаанд. Иштибоҳ аст агар хиёл кунем, мешавад ҷавониро куллан ба ғафлат гузаронд, аммо дар пирӣ як инсони зокир ва шокири Худо буд. На хайр… намешавад. […]

Сухане бо такфириҳо ва интиҳориҳо

“Сухани мо ба интиҳориҳое, ки аҷсоди худро дар васати шаҳрвандони бегуноҳ мунфаҷир мекунанд; ва такфириҳое, ки мардумро фақат ба ин ҷиҳат, ки дар бархе андешаҳои динӣ ва ё мавозеъи сиёсӣ бо онон ихтилофи назар доранд ба қатл мерасонанд; ва касоне ки инфиҷорҳои ваҳшиёнае дар манозил ва биноҳои шаҳрвандон […]

Табрик ба муносибати соли нав

Дар миёни порсиён одат бар ин будааст, ки ҳамроҳ бо табрику таҳниати соли нав, даст ба даргоҳи Худо бардоранд ва дуо бихонанд ва аз Ӯ, дигаргун кардани ҳол ба беҳтарин ҳолро дар соли нав дархост бикунанд, ки: Эй дигаргунгари дилҳову дидаҳо! Эй гардонандаи чархи рӯзону шабон! Эй беҳбудбахши […]

Фалсафаи Наврӯз

Сухани тоза аз Наврӯз гуфтан душвор аст. Наврӯз як ҷашни миллист. Ҷашни миллиро ҳама мешиносанд, ки чист. Наврӯз ҳарсола барпо мешавад ва ҳарсола аз он сухан меравад. Бисёр гуфтаанд ва бисёр шунидаед. Пас, ба такрор ниёзе нест? Чаро, ҳаст. Магар Наврӯзро худ такрор намекунед? Пас, сухан аз Наврӯзро […]

Ҳалоку ва ҳукумати бе дарди сари вай

Дар “Ахлоқул-ашроф” ҳикояти аҷиберо дар бораи Ҳалокухони муғул ва ин ки чаро ҳукумати вай ва фарзандонаш наздик ба 100 сол бе ҳеч дарди саре идома дошт оварда, ки ҳол ин ҷо ба мазмун онро нақл мекунам. Мегӯяд, Ҳалокухон чун Бағдод, маркази хилофати исломиро тасхир кард дастур дод, то […]

Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар чист?

Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар ин аст, ки сарнавишти ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунӣ ва одамоне, ки бо ту зиндагӣ мекунанд, бароят бе аҳаммият набошад ва ту нисбат ба онҳо бе тафовут набошӣ. Агар дар ҷомеа адолат нест, ту барои барқарории адолат талош кун, гарчӣ бароят бигӯянд, […]

Паёми таслият ба муносибати даргузашти модари Шӯҳрат Қудратов

Аз шунидани хабари фавти модари гиромии бародари азизамон Шӯҳрат Қудратов бисёр андӯҳгин шудам. Бе тардид, дар фавти ин бонуи арҷманд ғамҳо ва ранҷҳое, ки ба сабаби зиндонӣ будани ҷигаргӯшаш гиребонгири ӯ шуданд, бе таъсир нест; зеро барои ҳар модаре ёфтани фарзанди худ дар сиёҳчол сахт аст. Модар, дар […]

Аз мавоъизи Омуси Набӣ

То ҳангоме ки заъифонро дар зери пой мекӯбед ва гандуми дастранҷашонро ба ситам меситонед, агарчӣ кохҳои мармар бино кунед, дар он кохҳо зиндагӣ натавонед кард, ва ҳарчанд токистонҳои сабзу хуррам кишт кунед, аз шароби он нахоҳед нӯшид. Ман медонам, ки гуноҳонатон чӣ қадр азим аст ва озорҳотон чӣ […]