Рубрика: Пароканда

Наврӯзатон хуҷаста!

Эй дигаргунгари дилҳову дидаҳо! Эй гардонандаи чархи рӯзону шабон! Эй беҳбудбахши рӯзгори мардумону замин! Ҳоли моро ба беҳтарин ҳол дигаргун бифармо! Фаро расидани Наврӯз ва соли нави шамсии 1397-ро ба яко-яки ҳаммиҳанонам табрик ва таҳниат мегӯям. Дар ин лаҳазот, лаҳазоти поёнии соли шамсӣ, шоиста аст даст ба сӯйи […]

Нома ба Зайд Саид

Ба номи Худованди бахшанда ва бениҳоят меҳрубон Ҳамд ва ситоиш барои Худо — он Парвардигори ҷаҳониён, бахшандаи меҳрубон ва молики рӯзи ҷазо, фақат Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ мехоҳем, моро ба роҳи рост — роҳи касоне, ки бар онҳо инъом намудӣ ҳидоят фармо, ки он роҳ […]

Рӯзноманигор кист?

Ба баҳонаи Рӯзи матбуот Ба қалами Модҳов Комос (Madhav Vittal Kamath, 1921-2014), рӯзноманигори шаҳири ҳиндӣ Одамҳои зиёде дар гӯшаву канори дунё ҳастанд, ки гоҳу бегоҳ матлабе менависанд, чанд тикка хабар аз ин тарафу он тараф мефиристанд ва худашонро рӯзноманигор мехонанд. Оё воқеан инҳо рӯзноманигоранд? Агар инҳо рӯзноманигоранд, чӣ […]

Шӯрои уламо ва набши қабр

Росташ, намедонам фалсафаи вуҷуди Маркази исломӣ дар Тоҷикистон чист? Оё баёни аҳкоми динӣ ва ҳалолу ҳароми мардуми мусалмон аст, ё интишори баёнияҳои сиёсӣ ба суди ҳокиму ҳукумат ва алайҳи мухолифони сиёсӣ? Кадом як? Ин марказ, ки дар ҳар муносибати сиёсӣ пушти сари ҳам баёния ва изҳорот мунташир мекунад, […]

Паёми таслият ба Бузургмеҳр, Хоссият ва Ҷамшед Ёровҳо

Ба номи Худованди меҳрубон “Мо ҳама аз Худойем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем” Хоҳари арҷманд Хоссият ва бародари азиз Бузургмеҳр ва Ҷамшед Ёровҳо! Хабари даргузашти қиблагоҳи гиромиатон Устод Равшани Ёрмуҳаммад сабаби андӯҳи ҷонсӯз гардид. Падаре меҳрубон, ки дар се соли гузашта ба сабаби зиндонӣ будани золимона ва ғайриқонунии […]

Бад нест бидонем

Ибни Сино дар соли 403 ҳиҷрии қамарӣ дар Гургон навиштани “Қонун”-ро оғоз кардааст. Аз он ҷое, ки Шайхурраис овора буд ва ба далели ин ки намехост ба дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ биравад, китоби “Қонун”-ро бо фосила ва дар чанд минтақа нигоштааст. Бахше аз китоб дар соли 405 ҳиҷрии […]

Ёде аз марҳум Устод Нурӣ (р)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бо қатъи фаъолияти расмии ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон ва зиндонӣ кардани шуморе аз раҳбарони аршади он аз сӯи ҳукумати кунунӣ, як таҳоҷуми расонаии густарда алайҳи ин ҳизб ва раҳбаронаш шурӯъ шуд ва то ба ҳамин рӯз идома дорад ва зоҳиран тамошуданӣ ҳам нест. Ва бо ин […]

Хабарсозтаринҳои Тоҷикистон дар соли 2017

10 чеҳраи хабарсози Тоҷикистон дар соли 2017 аз нигоҳи хонандагони пойгоҳи “Кимиёи саодат” Тибқи назарсанҷие, ки пойгоҳи “Кимиёи саодат” аз як ҳафта пеш роҳ андохт, 10 чеҳраи хабарсози Тоҷикистон дар соли 2017 (аз миёни 30 чеҳраи пешниҳодӣ) ба тартиби бештарини оро аз қарори зайл аст: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури […]

Чеҳраҳое, ки дар соли 2017 аз дунё рафтанд (тасовир)

Соли 2017 низ соли видоъ бо шумори зиёде аз чеҳраҳои машҳури сиёсӣ ва фарҳангӣ буд. Бархе дар ҳоле аз дунё рафтанд, ки аз муддатҳо пеш бо беморӣ дасту панҷа нарм мекарданд ва бархе дигар низ бо фавти ногаҳонӣ хабарсоз шуданд. Ҳелмут Куҳл (Helmut Kohl), сиёсатмадори олмонӣ Ҳелмут Куҳл, […]

Дар интихоби чеҳраҳои хабарсози 2017 моро кӯмак кунед

Сойти “Кимиёи саодат” мисли солҳои пешин, 10 чеҳраи тоҷикро, ки дар соли 2017 ба наҳве хабарсоз буданд (чӣ манфӣ ва чӣ мусбат), ба унвони “Чеҳраҳои хабарсози соли 2017” интихоб хоҳад кард, ва албатта интихоби мо бо раъю назари хонандагони азизи ин сойт анҷом хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, […]

Паёми табрикотии Муҳиддин Кабирӣ ба муносибати зодрӯзи Шоҳ Карим Оқохони 4

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар паёме, бо табрики зодрӯзи пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим Оқохони 4, хотирнишон кардааст: “Ӯ тавонист худ ва аксари пайравонашро ҳамчун улгуи тасомуҳ ва таҳаммулгароии мазҳабӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.” Матни ин паём ба нақл аз сафҳаи сухангӯи ҲНИТ ба шарҳи […]