Рубрика: Посух ба пурсишҳо

Фаҳми масъала чандон душвор нест, фақат каме диққат мехоҳад

Сайидюнуси Истаравшанӣ Матлабе, ки дишаб дар посух ба пурсише мабнӣ бар ин ки “Худоро чӣ касе офарида?” навишта ва дар сойт гузошта будам, зоҳиран боз ниёз ба тавзеҳи бештар дорад, ва дурусттараш, ниёз ба ин дорад, ки ба забоне соддатар баён шавад. Зеро дӯсте, ки ин пурсишро бароям […]

Агар ҳамаро Худо офарида, худи Худоро чӣ касе офарида?

Сайидюнуси Истаравшанӣ “Агар Худованди Мутаъолро офаридгори ҳама чизу ҳама кас бидонем, пас худи ӯ чӣ гуна ба вуҷуд омада?” Ин суол, суолест, ки бо вуҷуди он, ки пештар (ба назарам, ду сол пеш) дар посух ба пурсише, роҷеъ ба ин мавзӯъ баҳси нисбатан ба тафсиле ороста ва матлабро […]

Хоб ва таъбири он аз назари ислом

Хоб дидан аз ҷумлаи масоилест, ки тақрибан ҳамаи мо онро таҷриба карда ва маъмулан осори бархе аз ин хобҳоро дар зиндагии худ ламс ва мушоҳида мекунем. Хоб дар ислом ҳаракати руҳ ба сӯи олами руҳ шумурда мешавад. Метавон гуфт, руҳи инсон дар хоб озод мешавад ва гузаштаву ояндаро […]

Демукросӣ равиш аст, на мактаб

(Посухи эроди яке аз дӯстони корбар дар ҳошияи мақолаи “Оё демукросӣ куфр ва аз ислом бегона аст?”) Эрод: Сайидюнус. Ассаламу алейкум. Мавзуи бисер дарозе навиштед ва лекин мафхуми асоси дар канор монда рафт. Худ мегуед бояд ба маьно эьтибор дод ва лекин маьнои асосии демократияро наменависед. Демократия ин ба […]

Тарси Худо ба кадом маъност?

Барои фаҳми ин матлаб, ба нукоте, ки дар зайл меоварам, таваҷҷҷӯҳ бишавад: 1) Нуктаи аввал ин ки: Худованди Мутаъол меҳрубонтарини меҳрубонҳост. Меҳрубонии ӯ ба ҳадде аст, ки ӯ аз миёни сифоти бешумори худ, китоби худро бо ду сифат, ки ҳар ду далолат бар раҳмат ва меҳрубонии ӯ доранд, […]

Идомаи посух ба пурсиш дар бораи худшиносӣ

Дар мақолаи пешин, ба қисмате аз пурсиши бародари азизамон дар бораи худшиносӣ посух дода шуд ва ваъда дода будем, ки дар фурсати муносиб, посухро такмил хоҳем намуд. Аввал пурсишро ёдовар бишавам. Пурсиш ин буд: “Дуруд. Устод мехостам, то худшиносиро тавзеҳ диҳед, хеле содда ва фаҳмо намуда. Хоҳишан хеле […]

Худшиносӣ ба баёне хеле содда

Пурсиш: Дуруд. Устод мехостам, то худшиносиро тавзеҳ диҳед, хеле содда ва фаҳмо намуда. Хоҳишан хеле содда карда тавзеҳ диҳед, на аз нуқта назари фалсафа. Фарз кунед, ки як мактабхони синфи 8 аз Шумо савол карда истодааст. Пешопеш ташаккур! А.Қ. * * * Посух: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Ва алайкум […]

Аҳкоми рӯза

Аз китоби Фиқҳус-сунна Фазилати рӯза Ақсоми рӯза Фазилати моҳи Рамазон ва фазилати аъмоли хайр дар он моҳ Аз чӣ роҳе фаро расидани моҳи Рамазон маълум мешавад? Бар чӣ касоне рӯзаи Рамазон воҷиб аст? Аркони рӯза Чӣ касоне муҷозанд дар Рамазон рӯза нагиранд, вале қазои он бар онҳо воҷиб аст? […]

Посухи пурсише дар мавриди сайидҳо

Пурсиш: Ассалому алайкум, се рӯз мешавад дар бораи сайидҳо ва эшонҳо дар Фейсбук менависанд, ки гӯё дурӯғ ҳастанд ва барои он ки обрӯ дошта бошанд аз роҳи дурӯғ барои худашон шаҷаранома навиштаанд, ман худам аз авлоди эшон ҳастам, оё ин суханҳо рост аст? Каме тавзеҳ диҳед Домулло! М.К. […]

Манзури Қуръони Карим аз ҳафт осмон чист?

Пурсиш: Дар Қуръон 7 табақаи замину осмон зикр карда шудаст. Ва савол ин аст, ки ҳамаи ситораҳову моҳу офтоб галактикаи мо ҳам яъне Замину Мирриху Нептун… хулас ҳар чи дар осмон замин ҳаст ин ба як табақа дохил мешавад? Murod Ali * * * Посух: Ба номи Худованди […]

Фатвои Шайх Қарзовӣ дар бораи табрики ғайримусалмонон ба идҳояшон

Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси собиқи Иттиҳодияи байналмилалии уламои мусалмон, тасреҳ кардааст: “Табрики ғайримусалмонон ба идҳояшон, агар бо равобити хуби дуҷониба ҳамроҳ бошад, ҷоиз аст ба вежа ин ки онҳо аз ақвом, ҳамсоя, ҳамкор ё ҳамкилосии мусалмонон бошанд.” Ин донишманди исломӣ дар посух ба пурсише дар ин хусус, ки […]