Рамазон

Меҳмони туам, эй ҷон, зинҳор махусб имшаб

Шаби қадр аз забони Мавлоно Дар ашъори шуарои порсигӯ намунаҳои қобили таваҷҷӯҳе аз ишороти эшон ба шаби қадр вуҷуд дорад. Бештарин ва дилкаштарини ашъор дар санои рамазон ва рӯзаро дар шеъри Мавлоно метавон ёфт. Ба ҳамон қиёс, бештарин ашъоре, ки… Read More ›

Шайтон дар моҳи рамазон дар ғиллу занҷир аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ривоёт ҳаст, ки дар моҳи мубораки рамазон шаётин дар ғиллу занҷиранд ва бандагони Худо аз шаррашон дар амон. Баъзе азизон ин суолро матраҳ карданд, ки агар чунин аст, пас оё метавон гуфт, одамҳо дар ин моҳ ба… Read More ›

Ҳам Ӯ бартарӣ дода он дини худ…

Иҷоза бидиҳед, пеш аз табрики азизон ба муносибати фаро расидани Иди саъиди Фитр, нуктаеро ёдоварӣ бикунам. Як пойгоҳи хабарӣ-таҳлилӣ (пойгоҳи «Аннашра») дар гузориши имрӯзи худ ва ба баҳонаи Иди саъиди Фитр, ба вазъи ислом ва мусалмонон дар ҷаҳони имрӯз пардохта… Read More ›

Хӯрокиҳои моҳи Рамазон дар кишварҳои мухталифи дунё (тасовир)

Суфраи ифтор дар ҳар кишваре баёнгари навъи хоссе аз фарҳанги мардуми он кишвар аст. Дар Тоҷикистон масалан Рамазон бо нишолло рангу бӯи дигаре мегирад. Ба ҳар ҳол, дар аксари кишварҳои исломӣ беҳтарин ғизоҳо дар ҳамин айём сарф мешавад. Инак, нигоҳе… Read More ›

«Моҳи Рамазон, моҳи озод шудан аст»

Расули Худо (с) дар охирин ҷумъаи моҳи шаъбон хутбае эрод фармуданд, ки: мардум! Шумо озод нестед, дар қафас ҳастед ва намедонед, ки дар қафас ҳастед. Гуноҳонатон шуморо дар қафас зиндонӣ кардааст. Дар моҳи мубораки Рамазон бо истиғфор худро озод кунед…… Read More ›

Сиёсати мо дар муқобили Омрико ҳеч тағйире нахоҳад кард… Мо аз ҳимояти дӯстонамон дар минтақа, даст барнахоҳем дошт

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки “сиёсати миллат ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар муқобили Омрико ҳеч тағйире нахоҳад кард” гуфт: “Чӣ матни таҳияшуда тасвиб шавад, чӣ нашавад, миллати Эрон аз ҳимояти миллати мазлуми Фаластин, Яман, Баҳрайн ва миллат ва… Read More ›

Иди саиди Фитр муборак бод!

Бисмиллоҳир Раҳмони Раҳим Фаро расидани иди саид ва хуҷастаи Фитрро ба яко-яки ҳаммиҳанони азизам табрик ва таҳниат мегӯям. Биёед дар ин рӯзи фархунда, барои якдигар дуо кунем, барои ислом ва мусалмонони ҷаҳон дуо кунем. Дуо кунем, то мушкилоти ҷаҳони ислом… Read More ›

Ҳама чиз дар бораи закоти фитрия

Закоти фитрия закоте аст, ки бо ифтори Рамазон ва пас аз моҳи Рамазон воҷиб мегардад. Ин закот бар ҳар фарди мусалмон — кучак ё бузург, мард ё зан, озод ё барда — воҷиб мебошад. Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Умар… Read More ›

Шаби қадр кадом аст?

Дар таъолими исломӣ, шаби қадр гиромитарин шабҳои сол дониста шудааст; зеро Худованди Мутаъол фармудааст: إنا أنزلناه في ليلة القدر. وما أدراك ما ليلة القدر. ليلة القدر خير من ألف شهر “Ҳамоно он (Қуръон)-ро дар шаби қадр фурӯ фиристодем ва ту… Read More ›

Таҷрибаи як рӯзадор дар моҳи Рамазон, беҳтарин бурҳон бар ҳаққонияти дин

Дар китоби “Ақл ва эътиқодоти динӣ” аз забони як обид овардааст: “Ман дар намозхонае нишаста будам ва дар ҳамон ҳин, ки аз лаззати дуо баҳраманд мешудам, баногаҳ дар андарунам гармое хушоянд ва аҷиб эҳсос мекардам. То муддатҳои мадид ҳайрон будам,… Read More ›

Одоби рӯза

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (12) Мустаҳаб аст, ки рӯзадор одоби зерро риоят кунад: Хӯрдани ғизои саҳарӣ: Уммати мусалмон иҷмоъ дорад бар ин ки хӯрдани ғизои саҳарӣ барои рӯзадор мустаҳаб аст. Агар касе онро тарк кард, бар вай гуноҳе нест…. Read More ›

Рӯзаи суннат

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (11) Паёмбар (с) мардумро ба рӯза гирифтан дар рӯзҳои зер ташвиқ фармудааст: Рӯзаи шаш рӯз аз моҳи Шаввол: Гурӯҳи муҳаддисон ҷуз Бухорӣ ва Насоӣ, аз Абӯаюби Ансорӣ ривоят кардаанд, ки Паёмбар (с) гуфт: من صام… Read More ›

Касе ки довталабона рӯза аст ва рӯзаи суннат дорад, шаръан ҳар вақт хост метавонад ифтор кунад

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (10) 1. Аз Умми Ҳонӣ ривоят аст, ки рӯзи фатҳи Макка, Паёмбар (с) ба манзили ман омад ва як нӯшиданӣ барои ӯ оварданд, ки аз он нӯшид, сипас онро ба ман дод ва ман гуфтам:… Read More ›

Чӣ касоне бар онҳо воҷиб аст, ки ҳам рӯзаро бихӯранд ва ҳам онро қазо кунанд?

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (9) Фуқаҳо иттифоқи назар доранд бар ин ки занон дар ҳоли ҳайз ва нифос (даврони баъд аз зоймон то замоне ки хунрезӣ доранд) воҷиб аст, ки бихӯранд ва рӯза гирифтан барои онҳо ҳаром аст ва… Read More ›

Зиёфати Рамазон ба хотири чист?

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِیَ أُنزِلَ فِیهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَیِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ “Моҳи Рамазон, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шуда, ки роҳнамоӣ барои мардум ва нишонаҳои рӯшане аз раҳнамунӣ (ба роҳи рост) ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст…” (Сураи… Read More ›

Чӣ касоне шаръан муҷозанд рӯзаро бихӯранд ва воҷиб аст фидяи онро бидиҳанд?

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (8) Пирамардон ва пиразанон ва бемороне, ки интизори беҳбудии онҳо намеравад ва коргароне, ки корҳои сангин доранд ва ба ғайр аз ин корҳои сангин роҳе барои касби рӯзӣ ва идомаи зиндагӣ надоранд, ҳамаи инҳо агар… Read More ›

Чӣ касоне муҷозанд дар Рамазон рӯза нагиранд, вале қазои он бар онҳо воҷиб аст?

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (7) Барои беморе, ки беҳбудии вай интизор меравад ва умеди беҳбудӣ дорад ва барои мусофир мубоҳ аст, ки дар Рамазон рӯза нагиранд, вале қазои он бар онҳо воҷиб мебошад. Худованд мефармояд: ومن كان منكم مريضا… Read More ›

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (6)

Аркони рӯза Рӯза дорои ду рукни асосӣ аст, ки ҳақиқати онро ташкил медиҳад: 1. Хештандорӣ аз муфтирот (чизҳое, ки рӯзаро ботил мекунад) аз замони тулӯи фаҷри содиқ то ғуруби хуршед; чун Худованд мефармояд: فالآن باشروهن وابتغوا ما كتب الله لكم… Read More ›

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна (5)

Бар чӣ касоне рӯзаи Рамазон воҷиб аст? Бино ба иҷмоъи уламо, рӯза бар ҳар мусалмони оқили болиғи тандурусти ғайри мусофир воҷиб аст ва барои занон, илова бар шароити фавқ, шарт аст, ки аз хуни ҳайз ва нифос низ пок бошанд…. Read More ›