Рубрика: Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Посухе ба касоне, ки иддаоҳое дар бораи забони форсӣ баён мекунанд

Забони форсӣ дар ҳавзаи тамаддунии Эрони бузург густараи васеъ ва ҷуғрофиёи қобили таваҷҷӯҳеро зери сояи худ қарор додааст, ки дар бархе аз давраҳо аз ғарби Эрон то манотиқе аз Чинро дарбар мегирифт. Аммо султа ва сайтараи забони форсӣ маҳдуд ба манотиқе, ки имрӯз аз он бо унвони Афғонистон, […]

Ақл муқаддам аст бар нақл

Сайидюнуси Истаравшанӣ Агар ақлоният аз як ҷомеа рахт барбандад, ошуфтагӣ ва хушунат нахустин чизест, ки гиребони он ҷомеаро мегирад. Ақлоният яъне хирадварзӣ. Яъне бар мабнои ақлу хирад гом бардоштан, ба кӯмаки ақл пазируфтани чизе ва ба кӯмаки он радд кардани чизе. Вақте дар ҷомеае миёни ҳукком, давлатмардон ва […]

Шаҳрӣ будани як тоҷик ба чист?

Ёддошти Дориюши Раҷабиён Шаҳрӣ будан барои як тоҷик фақат ба маънои зиндагӣ дар шаҳр ва бавежа дар Душанбе нест. Шаҳрӣ будан пеш аз ҳама бо зеҳнияти мо сарукор дорад. Шаҳрӣ ҳамон тоҷикест, ки пеш аз ҳама забони модарии худро медонад ва ба он забон осону беташвиш сӯҳбат мекунад. […]

Вақте шайхи Азҳар намояндаи Ассисиро сари ҷояш менишонад – (Видео)

Аҳмад Тайиб дар ҳамоише дар ҷавоб ба суханони намояндаи Ассисӣ, бо баёни ин ки “навгароӣ мафҳуми бархоста аз дин аст, на ин ки маҳсули мудернизм бошад”, гуфт: “Ҷанги ҳақиқӣ ҷанг миёни суннат ва мудернита нест; ҷанг миёни суннат ва мудерн, ҷангест, ки барои фурсатсӯзӣ аз мо роҳ афтодааст.” […]

Либоси миллӣ ё таҳмили салиқа?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Мафоҳиме ҳастанд, ки бисёр роиҷанд ва дар забони ҳамагон ҷорист ва ҳама ҳам фикр мекунад, ки мефаҳмад, аммо ин мафоҳим, дар айни соддагӣ, бисёр печида ҳастанд ба ҳадде, ки дар ҷомеа бисёр андаканд афроде, ки тасаввури саҳеҳу дуруст дар бораи он дар зеҳн дошта бошанд. Яке […]

Дард, неъмате илоҳӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дард як неъмати илоҳист. Дард яъне эҳсоси беморӣ. Вақте узве аз аъзои шумо бемор шавад, шумо онро эҳсос мекунед. Ва чун эҳсос мекунед, ба дунболи дармони он мешавед. Ин як неъмат аст. Агар мо инсонҳо бемориро эҳсос намекардем ва дар натиҷа дар пайи дармон намешудем, нобуд […]

Исои Масеҳ (а) дар ойинаи Инҷили Барнобо

Ба баҳонаи зодрӯзи ҳазрати Исои Масеҳ алайҳиссалом Ҳарчанд рӯз ва ҳатто соли дақиқи таваллуди ҳазрати Исо алайҳиссалом аз нигоҳи бостоншиносон мушаххас нест, аммо бархе масеҳиён бар ин боваранд, ки рӯзи таваллуди ӯ 24 декабр будааст. Феълан, коре ба сиҳҳату суқми ин ривоят надорем, мавзӯи баҳси мо дар ин […]

Секулоризм чизе ҷуз ҳошиянависӣ бар китоби муқаддас нест

Секулорҳо достони оммаписанде барои таъриф кардан доранд: аз назари онҳо, бо ривоҷи адёни иброҳимӣ ҳамаи хубиҳои ҷаҳони погонӣ аз миён рафт ва дунёи тирае аз таҳмили ақоид, таъассуб ва хушунати динӣ ба вуҷуд омад. Аммо китоби ҷадиди Том Ҳулонд (Tom Holland) — муаррихи барҷаста, чизи дигаре мегӯяд. Ҳулонд […]

Муҳаммад Рашид Ризо; ислоҳгари динӣ дар тақриби мазоҳиб

Муҳаммад Рашид Ризо яке аз чеҳраҳои шохис дар арсаи ваҳдатофаринӣ, ҳамгароӣ ва бедории мусалмонони кишварҳои исломӣ ба шумор меравад. Ӯ, ба унвони ислоҳгари динӣ, танҳо роҳи раҳоӣ аз ақибмондагии уммати исломиро дар иттиҳоди ҷаҳони ислом ва тақриби мазоҳиб ҷустуҷӯ мекард. Пешгирӣ аз фирқагароӣ дар миёни мусалмонон ва талош […]

Калимоти мондагори Сайидҷамол

Чашми инсон кӯр бошад беҳтар аст аз ин ки биниш ва тарзи фикри ӯ кӯр бошад. * * * Бадтарин дарди мардуми Машриқзамин ин аст, ки онҳо дар иттиҳод миёни худ бо ҳам ихтилоф доранд, вале дар таъйиди ихтилоф, бо ҳам муттаҳиду муттафиқанд. Онҳо дар миёни худ аҳду […]

“Исломи сиёсӣ”, тасаввуф, руҳониёни тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ Изҳори назар дар бораи як масъала аз сӯи мо, одамҳо, ғолибан ба се гуна қобили тасаввур аст. Як вақт ҳаст шумо, бо дар назар гирифтани воқеияти он масъала дар хориҷ аз зеҳнатон, яъне ҳамон тавр ки ҳаст, изҳори назар мекунед, бе он ки чизе аз пеши […]