Рубрика: Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност

«Агар мо ҳама медонистем, ки хоки аҷдоди мо — варорӯдиён ва эрониёни имрӯз аз як салсол аст, ба ҳарфи онҳое, ки Эрону Афғонистону Тоҷикистонро гоҳо мамолики ҳамҷавор мегӯянд, бовар намекардем ва мегуфтем, ки: Эй кӯрони таърих, на! Моро ҳамҷавор гуфтан кам аст, мо ҳамтаборем, ҳамканорем, дар замин ҳамгоҳвораем, […]

Фалсафаи Наврӯз

Сухани тоза аз Наврӯз гуфтан душвор аст. Наврӯз як ҷашни миллист. Ҷашни миллиро ҳама мешиносанд, ки чист. Наврӯз ҳарсола барпо мешавад ва ҳарсола аз он сухан меравад. Бисёр гуфтаанд ва бисёр шунидаед. Пас, ба такрор ниёзе нест? Чаро, ҳаст. Магар Наврӯзро худ такрор намекунед? Пас, сухан аз Наврӯзро […]

Поскол ва масъалаи пойбандӣ ба шариат

Дар робита бо масъалаи имон ба Худо ва пойбандӣ ба шариати Ӯ, дидгоҳи бархе аз донишмандон ва фалосифаи барҷастаи дунё ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Даъби фалосифа ғолибан чунин будааст, ки дар ибтидои кор ба наққодии далелҳо ва бурҳонҳои исботкунандаи вуҷуди Худо ва охират ва нубувват мепардохтанд ва сипас худашон […]

Бетарафҳо

“Дар ҷаҳоне, ки бетарафҳо суқут мекунанд, дуруст нест, ки ҳеч шахсият ва раҳбаре, чӣ раҳбари динӣ бошад ё сиёсӣ, чӣ фарҳангӣ бошад ё иҷтимоӣ бе тараф ва бе тафовут бимонад… Зеро дунё, чӣ хуб бошад ё бад, дунёи мавзеъ ва мавқеъ аст. Аммо касоне ки дорои мавзеъ ва […]

Ислом ва Эрон

“Ман мӯътақидам, ки дар торихи Эрон ҳеч кас ва ҳеч гурӯҳе, зишттар ва занандатар аз донишмандон ва муҳаққиқони эрондӯсти мо — ки бо таҳқири Ислом ва таҳқири тамаддуни Ислом, пиндоштаанд, ки аз асолати қавми эронӣ дифоъ кардаанд — чунин зарбае муҳлик ба ҳайсият ва асолати ин миллат назада. […]

Саъдӣ

Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои мутаъадид аз “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ аз замони рунесонс ба баъд ба забонҳои мухталифи урупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст. Вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба […]

Чӣ касоне ҳодисаофаринанд?

“Онҳое, ки аз дар меоянд ва мераванд, чаҳорпоёни наҷиб ва сокити ториханд… Ҳодисаҳоро танҳо касоне дар зиндагии одамӣ офаридаанд, ки аз панҷараҳо берун ҷастаанд ва ё ба дарун паридаанд…” (Алии Шариатӣ)

Аз ниёишҳои дуктур Алии Шариатӣ

Худоё! Раҳмате кун, то имон нону ном бароям наёварад, қувватам бахш, то нонамро ва ҳатто номамро дар хатари имонам афканам, то аз онҳое бошам, ки пули дунёро мегиранд ва барои дин кор мекунанд, на аз онон, ки пули динро мегиранд ва барои дунё кор мекунанд! * * * […]

Чӣ касе аз диктотурӣ ранҷ мебарад?

“Онҳое, ки ҳарф барои гуфтан надоранд, истибдодро эҳсос намекунанд. Чӣ касе аз диктотурӣ ранҷ мебарад ва барои озодӣ озодона ҷон медиҳад? Он ки ҳарфе барои гуфтан дорад ва намегузоранд… Он ки дарде барои нолидан дорад ва намегузоранд… Он ки фарёде барои баркашидан дорад ва намегузоранд… Касе ки наменависад, […]

Рӯшанфикр кист?

“Рӯшанфикр иборат аст аз як инсони огоҳ нисбат ба ниёзи ин қарн ва ин насл ва масъул дар ироаи роҳи наҷот барои ҷомеа… ва бахшидани як ишқ ва имони муштараки ҷӯшон ба мардум дар матни сард ва мунҷамиди иҷтимои мунҳатти суннатияш… ва ҳаракат эҷод кунад ва огоҳӣ ва […]