Рубрика: Сиёсат

ДОЪИШ, “Добиқ” ва парчамҳои сиёҳ

Имрӯзҳо дар робита бо гурӯҳи теруристии ДОЪИШ, мусалмонон ва ба хусус пайравони аҳли суннат, ба ду даста тақсим шудаанд: дастае, ба шиддат бо ин гурӯҳ мухолифанд ба гунае ки ҳатто онро “гурӯҳе беруншуда аз доираи Ислом” медонанд. Аммо гурӯҳе низ ҳастанд, ки аз ДОЪИШ ҳимоят ва пуштибонӣ мекунанд. […]

“Фитнаи бузурги минтақа” тавассути Омрико ва “Исроил” ҳидоят мешавад

Вазири дифоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: “Имрӯза муҳити мо фазое ошуфта аст ва дар пайи он дучори фитнаи бузурге дар сатҳи минтақа ҳастем, ки тавассути Омрико ва “Исроил” ҳидоят мешавад.” Ба гузориши Хабаргузории Тасним, сардор Ҳусайн Деҳқон, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҷамъи […]

Ардуғон: “Ҳимоят аз Фаластин ифтихор аст”

Раисиҷумҳури Туркия бо таъкид бар пуштибонӣ ва ҳимоят аз Фаластин, хотирнишон кард: “Сиёсатҳои хориҷии мо ҳаргиз тағйир намекунад ва мо ҳамвора ҳомӣ ва пуштибони мазлумони ҷаҳон хоҳем буд. Ёрии мазлумони ҷаҳон ба вижа дар Фаластин ва Ироқ, барои мо як ифтихори бузург аст.” Раҷаб Тайиб Ардуғон дар аввалин […]

Муфтии Сурия: “ДОЪИШ дасисаи Омрико барои зарба задан ба кишварҳои исломӣ аст”

Шайх Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии кулли Сурия гуфт: “Гурӯҳи теруристии ДОЪИШ тавтиъаи бузурги Ғарб ба саркардагии Омрико барои зарба задан ба кишварҳои исломӣ аст.” Шайх Ҳассун, ки барои ширкат дар ҳамоиши исломӣ ба Маскав омадааст, рӯзи панҷшанбе (11.06.2015) дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Омрико ва ҳампаймонони арабии ин […]

Назари Гурӯҳи байналмилалии мубориза бо бӯҳрон дар бораи далели пайвастани мардуми Осиёи Миёна ба ДОЪИШ

Муовини Гурӯҳи байналмилалии мубориза бо бӯҳрон, бо баёни ин ки “бисёре аз мардуми Осиёи Миёна таъми маҳрумият ва табъизро чашидаанд ва ба ҳамин хотир аст, ки ҷазби гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд”, гилоя кард, ки ин давлатҳо ҳеч барномае барои мумониат аз ифротгароӣ надоранд ва ба вижа аҳаммияте ба ҷазби […]

Оё сиёсати хориҷии Туркия тағйир мекунад?

Таҳлиле аз Эскот Петерсун (Scott Peterson) дар The Christian Science Monitor Ба назар мерасид, ҳеч чиз натавонад раванди дигаргунии сиёсати хориҷии Туркия дар соли 2011-ро тағйир диҳад, замоне ки Ардуғон ба унвони нахуствазир монанди як ситора — ки албатта ба мавъизаи демукросии исломӣ мепардохт — дар пойтахтҳои баҳори […]

“Курсии сабилмонда”

Дар ҳоле ки Радиои Озодӣ ба нақл аз Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ хабар дод, ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасмим гирифта, раҳбари ин ҳизб ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ муваққатан ба кишвар барнагардад, Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Озодагон, бо такзиби ин хабар, гуфт: “Ҳеч гуна ҷаласаи Шӯрои […]

Тасовире аз як доъишӣ, ки қабри худро канд ва сипас эъдом шуд (филм)

Шохаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар шибҳиҷазираи Синои Миср яке аз авомили худро ба сурати аҷибе эъдом кард. ДОЪИШ дар шибҳиҷазираи Синои Миср бо интишори филме аз эъдоми яке аз аносури худ, ҷурми ӯро ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо созмони иттилоотии Миср эълом кард. ДОЪИШ бо муаррифии ин фард бо […]

Рақобати Арабистон ва Қатар дар густариши равобит бо “Исроил”

Гузорише дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy Ин рӯзҳо хабарҳои бисёре дар бораи тамосҳои наздики Арабистон ва “Исроил” алайҳи Эрон дар расонаҳои ҷаҳон гузориш шудааст. “Исроил” ба ҳамкорӣ бо Арабистон барои муқобила бо Эрон ибрози тамоюл карда ва Арабистон низ гуфта, ки барои тазъифи Эрон ҳозир аст, ки дасти дӯстӣ […]

“Ҳукумати мардум бар мардум ва барои мардум, ҳаргиз маҳкум ба нобудӣ нахоҳад буд”

Сиёсат ва ҳукуматдорӣ дар каломи бузургон * * * “Ҳукумати кишваре, ки дар он гадоӣ ба сурати ҳирфа дарояд, бад ва фосид аст.” (Voltaire) * * * “Касоне ки дорои ахлоқи истибдод буда ва бар нафс ва кишвари худ мустабиддона ҳукумат мекунанд, баҳрае ҷуз бадбахтӣ ва некбат надоранд.” […]

“Ба ҷойи рафтан ба домони исроилиҳо, аз Фаластин ва масҷиди Ақсо ҳимоят кунед”

Ёддоште аз Абдулборӣ Атвон дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Раъюл-явм Тасовири даст додани Анвар Моҷид Ишқӣ, мақоми баландпояи саудӣ бо Дур Гулд (Dore Gold), мақоми исроилӣ дар ҷараёни ҳамоише, ки Шӯрои равобити хориҷӣ дар Вошингтун баргузор карда буд, унвони аслии бисёре аз рӯзномаҳои исроилӣ буд, ки онро “пешрафти муҳимме дар […]