Рубрика: Сиёсат

Ду нукта дар бораи “бозгашт ба асли хеш”

Беш аз як моҳ аст, ки “қишри фарҳехта”-и тоҷик ва ба хусус давлатмардонаш андармони ин шудаанд, ки чӣ кор бикунанд, то “сатри сиёҳ”-и бахше аз бонувони ин кишварро бо “либоси миллӣ” ҷойгузин бикунанд? Ва ин ҳамму ғамм албатта замоне барояшон падид омад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронӣ […]

Раҳбари Эрон ба Ардуғон чӣ гуфт?

Раҳбари Эрон дар дидор бо Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо ишора ба таҳаввулоти бархе кишварҳои минтақа ва фаъолиятҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои теруристӣ дар Ироқ ва Сурия гуфт: “Агар касе дасти пинҳони душманро дар ин қазия набинад, худро фиреб додааст.” Ардуғон низ бо баёни ин ки ҷиноятҳои гурӯҳи теруристии […]

“Агар натавонистӣ шикасташон бидиҳӣ, ба онҳо бипайванд”

Ёддоште аз Абдулборӣ Атвон дар нашрияи Раъюл-явм Ардуғон зарфи ду соли гузашта ва дар шароити хосси минтақа ба вижа авзоъи Ироқ, Сурия ва Яман, барои дуввумин бор ба Эрон сафар мекунад. Раисиҷумҳури Туркия дар шароите ба Эрон сафар мекунад, ки: Аввалан, баҳси имкони ташкили эътилофи саудӣ-қатарӣ-туркӣ барои муқобила […]

Рози душманиҳои Ятимов ва ниҳодаш бо чеҳраҳои исломӣ

Дар таҳлил ва арзёбии рафтори афрод, холӣ аз фоида нахоҳад буд агар ин рафторро гоҳе аз диди Қуръон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор бидиҳем. Дар ин навиштор бар онам, то рафтори бархе аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба хусус раиси ин ниҳод ҷаноби оқои Саймумин Ятимовро […]

Атовулллоев, опозисиюни тоҷик, нақди зотӣ ва роҳи ҳалл…

Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигори собиқ ва раҳбари ҷунбиши “Ватандор”, дар ин ду ҳафтаи ахир ду ёддоште дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошт, ки ҳар ду ба назарам қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд, ба хусус аз ин назар, ки ӯ сарони опозисиюни тоҷикро ба як нақди зотӣ хондааст. Ӯ, ки […]

То мо дигар нашавем, чизе дигар нахоҳад шуд

Ёддоште аз Додоҷон Атовулллоев Зиндагӣ (дар ин дунё) як бор меояд ба даст. Танҳо як бор. Танҳо як бор ту аз вазиши бод, хандаи офтоб, дидори азизонат лаззат мебарӣ. Нигоҳҳои хушбахтонаи тифлонаконат туро шод мекунад. Сарафроз мешавӣ, чун модарат сӯи ту барои амали неке лабханд менамояд. Ончуноне ки […]

“Тавофуқи хуб” чист?

Ёддоште аз Серж Борсқиён дар Irdiplomacy Дар филми “Махлуқоти зебо” (Beautiful Creatures) гуфтугӯе ҳаст, ки ба кори имрӯзи мо зиёд меояд. Шахсияти филм, ки писари ҷавоне ба номи Итон аст, ошиқи духтаре мешавад, ки дар гуфтугӯҳояш бо ӯ доим аз калимаи “хуб” истифода мекунад; духтари хуб, китоби хуб […]

Вокуниши аъроб ба тафоҳуми ҳастаии Лозан

Вокуниши ду тан аз таҳлилгарони араб ба тафоҳуми ҳастаии Лозан, ки ҳар дуяшон ба мухолифат бо Эрон ва сиёсатҳояш дар минтақа машҳур ҳастанд, қобили таваҷҷӯҳ аст. Яке Файсал Қосим, муҷрии маъруф ва ҷанҷолии шабакаи хабарии Алҷазира, ва дигарӣ, Ҷиҳод ал-Хозин, сутуннависи рӯзномаи Алҳаёт (рӯзномаи вобаста ба Арабистони Саудӣ). […]

Торих моро лаънат хоҳад кард

Як нависандаи қатарӣ дар ёддоште эътирозомез ба мушорикати кишвараш дар ҳамла ба Яман навишт, часадҳои кӯдакони яманӣ дар хиёбонҳо бар асари бомбборони ҷангандаҳои мо, лаънати торихро барои мо ба дунбол хоҳад дошт ва боиси нанг хоҳад буд. Аҳмад Абдулмалик Ҳамидуддин дар ёддошти худ, ки дар нашрияи Ашшаъб мунташир […]

Алъон замони ситоиши Зариф аст

Ёддоште дар Bloomber Gview (Ин ёддошт дақоиқе пеш аз эълони натиҷаи музокироти Эрон ва 5+1 нашр шудааст) Алъон замони ситоиши Муҳаммадҷаводи Зариф аст. Мумкин аст шумо ҳар фикре дар бораи вазири хориҷаи Эрон дошта бошед, аммо вай медонад, ки чӣ гуна муомила кунад. Дар ҳоле ки дар лаҳазоти […]

Зайд ҳамеша дар ёду хотирамон ҳаст

Касоне ки Зайдро зиндонӣ кардаанд, шояд бо ин пиндор ӯро роҳии сиёҳчол карда бошанд, ки ёду хотири ӯ аз зеҳнҳо пок бишавад. Аммо ҳаргиз чунин нахоҳад шуд. Касе қодир ба маҳви ёди ӯ аз ҷомеа нест, хусусан мардуми шаҳри Душанбе ва ба хусус касоне ки Зайд кӯмакашон мекард. […]