Рубрика: Сиёсат

Яман доме аст, ки барои Арабистон густарда шуда?

Дар вуқӯи ҳар ҳодиса ва таҳаввуле дар ҷаҳон, барои донистани абъод ва паёмадҳои он, одатан суроғи назар ва дидгоҳи назарияпардозони арсаи сиёсати ҷаҳонӣ меравам, то бибинам онҳо чӣ назар медиҳанд. Афроде мисли Збигнев Бжезинский, Ҳенри Кисинҷер, Евгений Примаков, Содиқи Харррозӣ ва амсоли инҳо. Пайгирии нуқта назарот ва дидгоҳҳои […]

“ҲНИТ баста шавад!”

Меҳвари суханрониҳо ва хутбаҳои имом-хатибҳо дар намози ҷумъаи ҳафтаи пеш дар Тоҷикистон, матни таҳияшуда аз сӯи як ниҳоди вобаста ба ҳукумат буд, ки бар асоси он, имом-хатибҳои масоҷиди сар то сари кишвар маъмур ба иблоғ ва расондани паёми ин матн ба мардум буданд. Дар ин паём омадааст: “Мувофиқи […]

Фархунда, Яман, шиъаву суннӣ, басират…

Дар бораи иллати қатл ва сӯзонда шудани Фархунда аз сӯи шуморе аз мардум дар Афғонистон, он чӣ Вазорати дохилаи ин кишвар ба унвони “фарзияи асосӣ” эълом кардааст ва шавоҳиде низ бар он далолат мекунад ин будааст, ки Фархунда бо чанд “мулло” — ки корашон дар як мазор тӯморнависӣ […]

Бо ин ҷанг, Арабистон қабри худро бо дастони худаш хоҳанд канд

Бо ин ки Арабистони Саудӣ дар гузаштаи начандон дур 6 ҷанги тамомаёр бо Ансоруллоҳи Яманро таҷруба карда ва дар ҳамаи он ҷангҳо бо шикастҳои шармоваре мувоҷеҳ шудааст, ва он ҳам дар замонҳое, ки Ансоруллоҳ дар Яман аз шароити матлубе бархӯрдор набуд, вале боре дигар ва дар ин рӯзҳо, […]

“Гурӯҳи 24” пас аз Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов

Дар арсаи сиёсии Тоҷикистон, “Гурӯҳи 24” ба унвони як ҳаракат ва як ҷунбиши мардумӣ, бо ин ки ҳаракате навзуҳур ба шумор омада ва ба лиҳози кор ва фаъолият дар ҷомеа низ аз таҷрубаи лозим бархӯрд набуд, вале дар як муддати кӯтоҳ тавонист теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз ҷавонони тоҷикро […]

Тавсия ба ҳоким ва фармонраво

(Бахше аз тавсияҳои Имом Алӣ (а) ба яке аз фармонравоёни худ) “Маҳбубтарини корҳо дар назди ту, бояд миёнаравӣ дар ҳақ ва густариши адолат ва амал ба он чӣ ки беш аз ҳар чиз ризояти мардумро фароҳам меоварад бошад… Ҳеҷ як аз афроди миллат монанди табақаи сарватманд ва хавос […]

Оё хатари ДОЪИШ барои Тоҷикистон ҷиддист?

Авоили моҳи марти ҳамин сол буд, ки Вазорати дифои Русия аз таҳдиди гурӯҳи теруристии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия” (ва ё ҳамон ДОЪИШ) ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод. Бар асоси гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи […]

Бетарафҳо

“Дар ҷаҳоне, ки бетарафҳо суқут мекунанд, дуруст нест, ки ҳеч шахсият ва раҳбаре, чӣ раҳбари динӣ бошад ё сиёсӣ, чӣ фарҳангӣ бошад ё иҷтимоӣ бе тараф ва бе тафовут бимонад… Зеро дунё, чӣ хуб бошад ё бад, дунёи мавзеъ ва мавқеъ аст. Аммо касоне ки дорои мавзеъ ва […]

Вақте нухбаҳо таслими “воқеият” мешаванд

Ҳар ҷомеае иборат аст аз аксарияти тӯда ва ақаллияти нухбаҳо. Ғолибан чунин будааст, ки тӯдаҳо зуд таслими “воқеиятҳо” (ҳар воқеияте, чӣ бад бошад ва чӣ хуб) бишаванд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳукком — вақте бихоҳанд, як “воқеият”-ро бар мардум ва ҷомеа таҳмил бикунанд – ҳаргиз аз ноҳияи тӯдаҳо […]

Ҳалоку ва ҳукумати бе дарди сари вай

Дар “Ахлоқул-ашроф” ҳикояти аҷиберо дар бораи Ҳалокухони муғул ва ин ки чаро ҳукумати вай ва фарзандонаш наздик ба 100 сол бе ҳеч дарди саре идома дошт оварда, ки ҳол ин ҷо ба мазмун онро нақл мекунам. Мегӯяд, Ҳалокухон чун Бағдод, маркази хилофати исломиро тасхир кард дастур дод, то […]

Порлумони кафторҳо

Яке буд яке набуд ғайр аз Худо ҳеч кас набуд… Ҷангале буд бо ҳайвонҳояш аз гургу палангу оҳуву харгӯшу рӯбаҳу ғайраву золик. Ҷонварон дар ин ҷангал зери сояи ҳукумати шер ва адолате, ки густарда буд, зиндагии хушу хурраме доштанд. Ин ҷангал дорои як маҷлис ва порлумон ҳам буд […]